logo

Хабарҳо

Таблиғи фарҳанги шаҳрнишинӣ

Бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ, маърифати  ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини амнияту тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо раёсати  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мулоқоти  намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо фаъолони пойтахт доир гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони табақаҳои  гуногуни ҷомеаи шаҳрвандии пойтахт - занон, ҷавонон,  ходимони дин, мақомоти корҳои дохилӣ, амният, прокуратура, суд ва ниҳодҳои дигари марбута ширкат намуданд.
Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе, дар самти иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Инчунин, қарори раиси шаҳри Душанбе оид ба одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ, нашъамандӣ, терроризму ифротгароӣ ва муноқишаҳои гурӯҳӣ миёни наврасону ҷавонон, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллию умумибашарӣ ба камол расондани насли наврас ва тақвияти фаъолияти дастаҷамъонаю аҳлона ҷиҳати таъмини пешрафти босуботи пойтахт муфассал шарҳ дода шуд.
Ҳамзамон, баромадкунандагон оид ба дастоварду комёбиҳои гуногуни сокинони пойтахт сухан гуфта, ҷиҳати пешрафту шукуфоии пойтахт ҳозиринро ба  фаъолияти дастҷамъонаю аҳлона даъват намуданд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 311

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед