logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

АВБОШӢ
Боздошти 16 нафар дар пайи муноқишаи гурӯҳӣ
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти 16 нафар дар робита ба муноқишаи гурӯҳии ҷавонон дар шаҳри Душанбе хабар дод.
Дар робита ба ин ҳодиса, ки 28 март дар шаҳраки Ҳарбиён, маъруф ба Гипроземи пойтахт ба амал омад, аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Синои  шаҳри  Душанбе бо моддаҳои 237 қисми 2 банди “б” ва   237 қисми 3 банди “а” - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои авбошӣ  парвандаи  ҷиноятӣ оғоз  шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, саркардагони ин моҷаро ё амали авбошӣ Шоҳрух Розиқов ва Наҷибулло Баротов мебошанд. Онҳо баъд аз як муноқиша ва занозанӣ дар назди ошхонаи «Ҳаловат», воқеъ дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе, ба қасди ниқоргирӣ аз якдигар рафиқони худро даъват мекунанд. Манбаъ дар шарҳи ин баёния менависад, ки «нафарони ҷамънамудаи Н. Баротов баъзеашон, аз ҷумла Қосимов Саъдӣ Маҳмадаюбович, Ҳамидов Анас Шодиевич ва дигарон аз рӯи маслиҳати пешакӣ дар дастонашон чубдаст, пораи қубури пластикӣ, арматур ва дигар ашёҳоро гирифта, дар рӯяшон ниқобҳои тиббӣ пушида» ба маҳали ҳодиса ҳозир мешаванд, ки боиси изтироб ва муддате халалдор гардидани тартиботи ҷамъиятӣ мегардад.
          
ОДАМКУШӢ
Қатли ҳамсар бо зарби корд
Кормандони милитсия ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оперативӣ -ҷустуҷӯӣ марди 39 - солаи сокини деҳаи Зарафшони ноҳияи Кушониёнро бо гумони одамкушӣ дастгир намуданд.
Бино ба иттилои сомонаи ВКД, номбурда рӯзи 7 апрел дар хонаи истиқоматиаш ҳамсари худро бо зарби корд ба ҳалокат мерасонад. Ин ҳодиса дар пайи муноқишаи оилавӣ ба миён омада, нисбат ба гумонбар бо моддаи 104 қисми 1 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2018    №: 73    Мутолиа карданд: 279

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед