logo

фарҳанг

ЧЕҲРАИ МОНДАГОР БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ЭЪТИБОРИ МИЛЛАТ

Академик Бобоҷон Ғафуров умри худро ба таҳқиқ ва эҷоди таърихи миллаташ бахшид ва, хушбахтона, ба мурод расид.
Эмомалӣ РАҲМОН

Моҳи сентябри соли 1970 маро барои идомаи таҳсил ба аспирантураи Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС ба шаҳри Маскав равон карданд. Директори        институт академик Бобоҷон Ғафуров буд ва чунин одат дошт, ки ҳар аспирант, коромӯз ё унвонҷӯеро, ки аз Тоҷикистон мерафт, ба ҳузур пазируфта, бо ӯ ҳамсуҳбат мешуд. Муҳтавои суҳбатҳояш ин буд, ки мегуфт: шумо фаромӯш накунед, ки тоҷик ҳастед, обрӯву эътибори халқатонро дар муомилаву муошират нишон дода, вақтро беҳуда нагузаронед, танҳо ба меҳнат ва омӯзиши илму дониш машғул шавед.
Аллома Бобоҷон Ғафуров шахси нарму меҳрубон буд, вақте ки ба қабулаш мерафтед, новобаста ба шахсият аз ҷой мехесту ба истиқболатон меомад ва ҳангоми гусел низ то дами дар мебаромад. Ман то ҳол аниқ намедонам, ки дар муносибати кормандон бо Ғафуров кадом ҳиссиёт тасаллут дошт: тарс, эҳтиром ва ё ҳар ду. Вобаста ба ин, ёдовар шудани се лаҳза барои фаҳмидани эътибору мақоми Бобоҷон Ғафуров дар муҳити илмии Институти шарқшиносӣ ва умуман Академияи илмҳои ИҶШС шояд аз аҳамият холӣ набошад.
Лаҳзаи аввал 15-ноябри соли 1973 воқеъ шуда буд. Дар он рӯз ман ва Валентина Дворянковаи афғоншинос - духтари шарқшиноси маъруф Николай Александрович Дворянков дар Институти шарқшиносӣ рисолаҳои номзадӣ дифоъ кардем. Бо маслиҳат ҳамон бегоҳ дар манзили Дворянков барои чанд нафар зиёфат оростем. Дар нишаст суҳбат ба мавзӯи Ғафуров ва китоби ӯ «Тоҷикон» печид, ки он замон атрофи китоб дар доираҳои сиёсиву илмӣ гуфтугузори гуногун дар авҷ буд. Зимни суҳбат Л.С. Переломов, ки корманди Институти Шарқи Дур буд, чунин гуфт: медонед, ман корманди Институти Ғафуров (дар доираҳои илмӣ Институти шарқшиносиро он вақтҳо «Институти Ғафуров» мегуфтанд) нестам, лекин борҳо дар суҳбатҳояш будам, то андозае ӯро шинохтам ва дар тасаввури ман ӯ як шахсияти давлатсоз мебошад. Доираи институт барои андешаю мафкураи вай хеле маҳдуд аст, барояш миқёси фарохтар лозим. Сипас, шӯхиомезона суханашро ҷамъбаст кард: шояд барои ҳамин баъзан дилаш танг шуда, шумоёнро азоб медодагист…
Лаҳзаи дуюм ба дифои рисолаи доктории Баҳром Сирус дар соли 1971 алоқаманд аст. Олими 86 - сола дар мавзӯи арӯз ва қофия дар шеъри тоҷикӣ рисолаи докторӣ дифоъ мекард. Бобоҷон Ғафуров дар баробари директори институт, ҳамзамон раиси шӯрои дифоъ буд, вале дар ҷаласаҳои шӯро кам ширкат меварзид, бештар муовинонаш раисӣ мекарданд. Аммо, он рӯз худи Ғафуров омада, ҷаласаро оғоз кард ва Сирусро ба ҳозирин муаррифӣ намуда гуфт, ки унвонҷӯи имрӯза шахсияти маъмулӣ нест, балки як инқилобгии машҳури эронист. Бо Ленин мулоқот ва суҳбат кардааст, шахсияти таърихист. Аминам, ки аъзои шӯро на танҳо рисолаи пешниҳодшуда, балки хизматҳои дигари унвонҷӯро низ ба инобат гирифта, ба ҷонибдории ӯ овоз медиҳанд… Ғафуров суханрониашро тамом карду аз толор баромада рафт. Баъд аз рафтани Ғафуров эроншиносони маъруф, муҳаққиқи «Шоҳнома» Муҳаммаднурӣ Усмонов ба Михаил Занд, ки дар ҷаласа ҳузур доштанд, гуфт: гумон мекунӣ, ки ӯ рафту тамом? На, ҳоло мераваду дар утоқи кораш рафти ҷаласаро пайгирӣ мекунад…
Лаҳзаи сеюм вобаста ба муҳоҷирати корманди Институти шарқшиносӣ - эроншиноси маъруф, муаллифи китоби «Шаш қарни пуршараф» оид ба адабиёти асрҳои 9-15 - и тоҷику форс Михаил Занд ба Исроил (соли 1971) аст. Он солҳо Иттиҳоди Шӯравиро тарк кардани нафаре як навъ фоҷиа ба шумор мерафт. Зиёиёни тоҷик инро дар мисоли аз шӯравӣ рафтани Азиз Улуғзода (1969) ва ба чи балоҳо гирифтор шудани падари ӯ - устод Сотим Улуғзода хуб эҳсос кардаанд. Он вақт Занд рафту дар институт як вазъияти ногувор ба вуҷуд омад. Ҷаласа доир карда рафтори Занди «хоин» - ро муҳокима карданд. Аввал котиби ташкилоти ҳизбии институт, ҳизбиёни фаъол, сипас, баъзе кормандони дигар дар суханронияшон Зандро маломат карданд. Ҷаласаро Бобоҷон Ғафуров ҷамъбаст кард: «Албатта, рафтори Михаил Занд ба шаъни институти мо иснод овард, ман ҳамчун роҳбари муассиса худро гунаҳкор ва хиҷолатзада ҳис мекунам. Ӯ рафиқи мо, корманди институти мо буд, аммо касе аз мо нияту нақшаи ӯро пай набурд, ки пеши роҳашро бигирад. Ин ҷо суханони дуруст ва маъқул гуфта шуданд, лекин афсӯс, ки пас аз вуқӯи воқеа. Занд рафт, ин рафтор, новобаста ба он ки мо чи мегӯем, интихоби ӯ буд, муносибати мову шумо барои дигарон бояд сабақ шавад…». Дар оҳангу муҳтавои суханони Ғафуров на ҳадафи маҳкум кардани Занд, балки бештар таассуф аз он эҳсос мешуд, ки як нафар олими чирадасти тоҷикшинос дигар бо мо нест.
Аз ин се лаҳзае, ки ёдовар шудам, то андозае метавон хулоса кард, ки дар муносибати кормандони институт нисбат ба Бобоҷон Ғафуров омезиши ҳиссиёти эҳтирому эҳтиёт тасаллут дошт. Байни ӯ ва олимони воқеан ком-ёб муносибат бар эҳтироми мутақобила асос ёфта буд.
Моҳи апрели соли 1951 Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис ёфт. Бобоҷон Ғафуров устод Айниро ба ҳузур пазируфта, пешниҳод мекунад, ки роҳбарии академияро ба уҳда гиранд. Баъд аз табодули назар устод ин пешниҳодро мепазирад, вале ҳангоми гусели ӯ Ғафуров ногоҳ, гӯё чизи фаромӯшкардаеро ба ёд оварда бошад, мегӯяд, ки устод, Академияи илмҳо як муассисаи муътабари ҷумҳуриявист, президентии академия вазифаи пурифтихор ва масъулиятнок аст, чӣ мешуд, ки як ариза барои шомил шудан ба Ҳизби коммунист менавиштед? Устод Айнӣ як лаҳза ба андеша мераваду сипас, бо лаҳни нарм мегӯяд, ки Бобоҷон Ғафурович, худатон гуфтед, ки президентии Академияи илмҳо вазифаи бисёр пурмасъулият аст, синни ман ба ҷое расидааст ва ман шояд аз уҳдаи ин кор набароям, биёед ягон олими ҷавонтарро ба ин вазифа таъйин кунед, ман, ҳар чи аз дастам ояд, ёрӣ мерасонам. Б. Ғафурови закӣ фавран дарк кард, ки устод Айнӣ аз рӯи фаросат нахост пешниҳоди ӯро оид ба шомил шудан ба ҳизб рӯирост рад намояд ва баҳонаи синну солро пеш овард. Ғафуров табассуми маънидоре карду устодро гусел намуда, андешид, ки сухан гуфта шуд, новобаста ба баҳонаи пешовардаи устод, пайе дар пардаи дилу хотири ӯ мегузорад. Бинобар ин, масъаларо бо зинаҳои болоӣ мувофиқа карду устоди солхурдаи ғайриҳизбиро ба вазифаи аввалин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб намуд, ки ин иқдом дар он замон кори осон набуд.
Лаҳзаи дуюм вобаста ба даргузашти устод Айнӣ ва аз дурбиниву оқибатандешии аллома Бобоҷон Ғафуров гувоҳӣ медиҳад. Устод Айнӣ, ки аз соли 1917 дар Самарқанд мезист, ба он шаҳр хеле дилбаста буд. Баъди президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб шуданаш ҳам бештари вақт дар Самарқанд иқомат дошт. Тибқи ҳидояти Бобоҷон Ғафуров мусофирати устод байни Самарқанду Душанбе тавассути вагони ҳукуматии қатора сурат мегирифт.
Моҳи апрели соли 1954 устод Айнӣ барои гузарондани маҷлиси солонаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба Душанбе омада, баъди чанд рӯзи маҷлис бемор мешавад. Агарчи дар Душанбе хонаи ободу барҳаво дошт (ҳоло ин бино Осорхонаи устод Садриддин Айнист), бо маслиҳату салоҳдиди Бобоҷон Ғафуров ӯ дар бӯстонсарои ҳукуматӣ ва зери назорати муттасили духтурон қарор мегирад. Бемории устод рӯз то рӯз авҷ мегирифт ва ӯ ҳар замон майли ба Самарқанд рафтан мекарду аз духтурон барои баромадан ба роҳ иҷозат мепурсид. Бобоҷон Ғафуров аз тамоми ҷузъиёти бемории устод воқиф буд ва медонист, ки ӯро рӯзҳои башумор мондааст. Бинобар ин, ба табибон супориши қатъӣ дода буд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба устод иҷозати сафар надиҳанд. Зеро аввалан, кӯфти раҳ фавти ӯро метезонид ва сониян мехост, ки устодро худаш ҳамроҳи сокинони пойтахти Тоҷикистон ва намояндагони тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба хок супоранд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Устод Айниро аввал дар Боғи фарҳангу фароғати пойтахт (ҳоло Боғи устод Рӯдакӣ) ба хок супурданд, сипас ҷасади ӯ ба Боғи хоссаи устод Айнӣ кӯчонда шуд, ки соли гузашта бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иқдоми роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба яке аз зеботарину ободтарин гӯшаҳои пойтахти ҷумҳуриамон табдил дода шуд.
Абдураҳмони АБДУМАННОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2018    №: 73    Мутолиа карданд: 222

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед