иқтисод
ЛОИҲАҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ТАТБИҚИ БОСИФАТ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ
Дар Тоҷикистон айни ҳол 68 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мешавад, ки маблағи умумии онҳо 28,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Дар бораи вазъи татбиқи лоиҳаҳо муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Абдулмаҷид Муъминзода чунин иттилоъ дод.
- Лоиҳаҳо барои рушди инфрасохтори энергетикӣ, нақлиёт ва иҷтимоӣ татбиқ шуда истодаанд ва давоми моҳҳои январ – феврал аз ҳисоби ин лоиҳаҳо 232,3 миллион сомонӣ маблағ азхуд карда шудааст, ки дар маҷмӯъ ба 68 дарсади нақшаи молиявии давраи ҳисоботии соли 2018 баробар аст. Дар раванди амалисозии лоиҳаҳо сифат ва шаффофият асоси натиҷабахш ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои олии кишвар маҳсуб меёбанд. Мутаассифона, сар задани ҳолатҳои манфии таъсиррасон ба ин раванд боиси нигаронист.
Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таъмини назорат дар истифодабарии самараноки маблағҳои сармоягузорӣ ва қарзҳо соли гузашта тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии 25 идора ва маркази лоиҳаҳои инвеститсиониро ба анҷом расонда, зарари молиявӣ, аз ҷумла камомаду тасарруфи воситаҳои пулию молӣ ва маблағи кам ҳисобгардида, ғайр аз ин, рӯйпӯш намудани андозҳо ба маблағи 24 миллиону 98 ҳазор сомониро ошкор намуд.
Татбиқи баъзе лоиҳаҳои сармоягузорӣ, хусусан сармояи хориҷӣ, бинобар мавқуф гузоштани онҳо тӯл мекашад ё умуман қатъ гардидааст. Масалан, аз ҷониби ширкати «Siemens» маблағгузорӣ нашудани ширкати «Сомон ойл» боиси фаъолият накардани ин ширкат дар самти омӯзиш, коркард ва истеҳсоли нафту газ шудааст. Ширкати “Эдго энержи СА” низ фаъолият намекунад.
Ба гуфтаи сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Заробиддин Файзуллозода, ин ширкатҳо мувофиқи нақша корҳои омӯзиши геологиро хуб ба роҳ намонда, дар фаъолияташон ба камбудӣ роҳ доданд. Паст шудани нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ ҳам ба фаъолияти ширкатҳо бетаъсир нест. Аз ин лиҳоз, ба дигар ширкатҳо низ ҷиҳати риоя кардани талаботи шартҳои иҷозатнома, тартиби гузарондани корҳои ҷустуҷӯӣ - геологӣ тавсияҳо дода шудааст.
Вобаста ба татбиқи босифату саривақтии лоиҳаҳо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2017 ба Маҷлиси Олӣ мониторинги амалишавии лоиҳаҳоро ба роҳ монда, аз натиҷааш мунтазам ба Ҳукумати мамлакат маълумот пешниҳод менамояд.
Барои ҳалли мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла зарари молиявии аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ошкоргардида, бо иштироки муовини аввали Сарвазири мамлакат ҳар семоҳа оид ба вазъи татбиқи лоиҳаҳо ҷаласа баргузор гардида, ба вазорату идораҳо ва агентиҳои дахлдор супоришҳо дода мешавад.
О. ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.04.2018 №: 73 Мутолиа карданд: 307