logo

сиёсат

ВМКБ ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАФТИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

Шодихон Ҷамшед, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияҳои Шуғнон ва Рӯшон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооте, ки соли равон дар арафаи ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегиранд, шинос шуд.

Раиси вилоят дар маркази ноҳияи Шуғнон - шаҳраки Ваҳдат ба рафти корҳо дар сохтмони Қасри фарҳанг таваҷҷуҳ намуд. Сохтмони ин иншоот соли дуюм боз идома дорад. Он бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзиши 5 миллион сомонӣ бо тарҳи муосири меъморӣ бунёд мегардад. Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи аввал толор барои 324 ҷои нишаст, хонаи ҳунармандон, утоқҳои муосири корӣ, ҳуҷраи сарулибос, дар ошёнаи дуюм пешайвон ва толор барои бештар аз 100 ҷои нишаст сохта мешавад. Айни замон дар ин ҷо корҳо мувофиқи реҷаи муайянгардида рафта истодаанд. Раиси вилоят аз роҳбарияти ширкати паймонкор тақозо намуд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти зарурӣ диҳанд ва иншоот дар муҳлати муқарраргашта мавриди истифода қарор гирад.
Дар шаҳраки Ваҳдат бо маблағгузории давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ, инчунин, сохтмони чанд иншооти маъмурӣ ва хизматрасонӣ идома дорад. Дар ҷараёни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар онҳо раиси вилоят диққати роҳбарияти ноҳияро ба ободу зебо гардондани гирду атрофи биноҳо, аз ҷумла шинондани дарахту буттаҳои ороишӣ, ҷалб намуд.
Дар маркази ноҳияи Рӯшон низ бо маблағгузории давлатӣ ва бахши хусусӣ 5 иншооти дорои аҳамияти иҷтимоию иқтисодӣ бунёд меёбад. Сохтмони бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар ноҳия аллакай ба анҷом расидааст. Ин бинои чор-ошёна бо тарҳи муосири меъморӣ сохта шуда, дорои ҳавлии васеъ мебошад. Дар утоқҳои корӣ ҷиҳати иҷрои самарабахши вазифаи хизматӣ барои кормандон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Раиси вилоят ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дод.
Афзоиши бомароми шумораи сайёҳони дохилию хориҷӣ ба вилоят зарурияти бунёди инфрасохтори соҳа, аз ҷумла меҳмонхонаҳои замонавии дорои тамоми шароити зисту истироҳатро ба миён овардааст. Раиси вилоят аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки дар робита ба ин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар такя ба соҳибкорон ба сохтмони меҳмонхонаю дигар муассисаҳои хизматрасонӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Айни замон дар маркази ноҳия бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Назархудо Дастамбӯев сохтмони бинои сеошёнаи меҳмонхона идома дорад. Дар дигар деҳаҳои сарироҳӣ низ бунёди меҳмонхонаву ошхонаҳо вусъат гирифтааст. Раиси вилоят бо рафти корҳои сохтмонӣ шинос шуда, ба сохтмончиён ҷиҳати босифат анҷом додани корҳо маслиҳатҳои муфид дод. Дар маркази ноҳия айни замон бо арзиши 18 миллион сомонӣ бинои замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 640 хонанда сохта мешавад. То имрӯз дар ин иншоот ба миқдори бештар аз 2 миллион сомонӣ корҳо ба иҷро расидаанд.
Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳияҳо ва дигар шахсони масъул супориш дод, ки барои боз ҳам ободу зебо гардондани ин минтақаи зебои кӯҳистон тадбирҳои судманд андешанд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2018    №: 73    Мутолиа карданд: 334

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед