logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БОҒИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТИИ “ДӮСТИИ ХАЛҚҲО”

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо рафти корҳои созандагию ободонӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии “Дӯстии халқҳо” шинос шуданд.
Боғи “Дӯстии халқҳо” соли 1972 таъсис ёфта, масоҳати он 30 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 5,9 гектарро наҳри равон ташкил медиҳад. Наздики 90 нафар коргари доимӣ ба нигоҳубини боғ ва ба корҳои ободонӣ машғул мебошад.
Дар даромадгоҳи қисми ҷанубии боғ муҷассамаи шоири классики тоҷику форс Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ қомат афрохтааст. Корҳои ободонию азнавсозӣ дар боғи “Дӯстии халқҳо” ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гузошта шуда, то имрӯз дар ин ҷо корҳои назаррасе анҷом ёфтаанд. Аз ҷумла, зимни азнавсозии боғ бо тарҳи нав дар масоҳати 41 ҳазор метри мураббаъ роҳравҳои марказӣ ва дохилӣ тахтасангҳои ороишӣ гузошта шуда, майдони 4, 2 гектар кабудизор гардид. Барои сабз нигоҳ доштани алафзор 3200 адад обпошак насб карда шуд.
Дар масоҳати 10 ҳазору 880 метри мураббаъ корҳои сангчинӣ дар канори наҳри дохили боғ, ҷойгир кардани 160 адад курсӣ, 500 адад таҷҳизоти равшандиҳӣ, бунёди 2 даромадгоҳ, 1 адад суҳбатҷой, шинондани 35 ҳазор дона гулҳои ороишию мавсимӣ иҷро гардидаанд.
Барои ободонии муҳити зист ва ба як мавзеи дилфиреб табдил додани боғи “Дӯстии халқҳо” бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 ҳазору 468 адад дарахти гуногун, аз ҷумла 276 санавбари қримӣ, 7 зерфун, 4 шоҳбулут, 298 сарв, 32 булут, 49 заранг, 5 пихта, 5 чормағз, 24 санавбар, 129 каталпа, 45 гулу буттаи ёс, 265 сафедор, 151 сарви аризонӣ, 60 бодом, 41 армуғон, 22 буттаи зирк, 47 гули ханҷарӣ дастрас ва шинонда шуданд.
Иқдоми азнавсозии боғ, ки дар як ҷойи хеле мувофиқ ҷойгир аст, аз дастуру ҳидоятҳои созандаи Сарвари давлат ба хотири ба як шаҳри дилоро табдил додани пойтахти Тоҷикистони азиз мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо коргарон онҳоро ба иҷрои корҳои босифат ҳидоят карданд.
Дар майдони 2,31 гектари боғ Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 варзишгоҳи хурди муосири футбол, теннис ва майдончаи бозии кӯдакон бунёд карда истодааст.
Лоиҳа аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Саноатсоз” таҳия гардида, корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сафо як” иҷро мекунад.
То имрӯз боғи “Дӯстии халқҳо” идораи маъмурии мувофиқ надошт. Акнун аз тарафи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо майдончаҳои варзишӣ бинои замонавии маъмурӣ барои кормандони боғ сохта мешавад, ки он аз 4 ҳуҷраи корӣ, ҷойи либосивазкунӣ ва ҳаммом иборат хоҳад буд. Дар ду тарафи даромадгоҳи боғ бо 500 ҷой таваққуфгоҳ барои мошинҳо бун-ёд мегардад.
Ба Сарвари давлат лоиҳаи бунёди толори роллердром муаррифӣ шуд. Фармоишгари бунёди бино Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нуроб” буда, лоиҳаи он аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «САНИИОСП» таҳия шудааст. Иншооти мазкур дар масоҳати наздики 1 гектар бунёд шуда, дар ду ошёнаи он майдончаҳои роликтозӣ, бозиҳои компютерӣ ва мағозаи фурӯши либосҳои варзишӣ бо қаҳвахонаҳо дар атрофи бино сохта мешаванд.
Толори роллердром бо маблағи 2 миллион сомонӣ аз тарафи соҳибкорони ватандӯст бунёд мегардад ва дар рафти сохтмон 50 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин мегардад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо корҳои анҷомёфта ва лоиҳаи тарҳи азнавсозии боғ ба хотири ба як боғи ҳақиқии дӯстӣ табдил додани он ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт ва дигар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ дастур доданд, ки корҳои ободонӣ, чароғонкунии боғ ва дигар тадбирҳои созандаро вусъат диҳанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки дар ҳудуди боғи “Дӯстии халқҳо” як амфитеатр бо 1 ҳазору 500 ҷойи нашаст бо сифати баланд сохта пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт намоянд. Супоришҳои дигар барои таъмини боғ бо техникаҳои зарурии обпошӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ дода шуданд.
Мавриди зикр аст, ки чунин корҳои азнавсозӣ, ободонӣ, кабудизоркунӣ, сохтмони иншооти гуногун, аз қабили майдончаҳои бозии кӯдакона, варзишгоҳҳои муосир ва тадбирҳои созанда аз тарафи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии шаҳри Душанбе ва сокинон дар дигар маҳалҳои шаҳр амалӣ гардид. Дар натиҷа барои сокинону меҳмонони пойтахт ҷиҳати сайру гашт ва истироҳату фароғат, инчунин, машқу тамрин шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.
Ҳадафи азнавсозии боғи “Дӯстии халқҳо” дар ноҳияи Фирдавсӣ низ идомаи ҳамин корҳои созандагӣ дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои давлатӣ дастур доданд, ки минбаъд масъалаи нигоҳубини боғҳои азнавсозишуда дар мадди назар қарор гирифта шавад, то ин ки марказҳои фарҳангию фароғатӣ солҳо барои мардум хизмат расонанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2018    №: 73    Мутолиа карданд: 436

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед