Хабарҳо
Варзиш
Ҳамкорӣ миёни ФФТ ва АФӮ оғоз мегардад
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо президенти Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон, ҳамзамон ноиби аввали президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Умед Аҳмадҷонов, ки бо сафари корӣ ба Душанбе омадааст, мулоқот намуд.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, ҷонибҳо масъалаҳои муҳимро арзёбӣ намуда, роҷеъ ба ҳамкории доимӣ миёни федератсияҳои миллии футболи ду кишвар ба тавофуқ расиданд. Роҳбарияти ФФТ ва АФӮ нақшаи баргузории бозиҳои дӯстонаи ду кишварро баррасӣ карда, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи футболи бонувон, наврасон, оммавияти футбол, маркетинг, тибби варзишӣ, таъмини илмӣ – техникӣ ва дигар масъалаҳо ба мувофиқа расиданд.
«Истиқлол» - «Олой» - 1:0
Дастаи «Истиқлол» - и Душанбе, қаҳрамони кунунии лигаи олии футболи кишвар дар доираи бозиҳои даври сеюми Ҷоми КФО – 2018 дар гурӯҳи «Д» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо чемпиони футболи Қирғизистон тими «Олой» зӯр озмуд ва бо натиҷаи 1:0 пирӯз гардид. Ягона голи бозиро дар дақиқаи 48 – уми дидор аз тариқи зарбаи 11 – метра Фатҳулло Фатҳуллоев ба дарвозаи ҳариф зад. Ин пирӯзӣ ба «Истиқлол» имкон дод, ки пас аз се дидор бо 7 имтиёз дар садри гурӯҳ қарор бигирад.
Бозии ду дастаи Туркманистон: «Алтин Асир» ва «Аҳал» мусовӣ 0:0 анҷом ёфт.
Дидори навбатии «Истиқлол» дар меҳмонӣ бо «Олой» 25 апрел сурат мегирад.
Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 150