logo

иҷтимоиёт

ШОҲМОТ - ВАРЗИШИ ЗЕҲНӢ

Шоҳмот бозии машҳурест, ки дар сайқал додани зеҳни инсон нақши муҳим мебозад. Тӯли таърих номи он чандин бор тағйир ёфтааст, лекин дар бештари забонҳои дунё он бо вожаи тоҷикии “шоҳмот” маъруф мебошад.

Шоҳмот ба қатори панҷ бозии байналмилалии зеҳнӣ дохил карда шудааст. Имрӯзҳо Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФИДЕ) мусобиқаҳои гуногуни  ин намуди варзишро роҳандозӣ менамояд. Комбинатсияҳои шоҳмот басо гуногун ва мураккаб буда, барои ғолиб омадан бар ҳариф миқдори зиёди онҳоро аз худ кардан зарур аст. Муайян шудааст, ки мағзи сари шоҳмотбоз дар як воҳиди вақт миқдори зиёди амалҳоро таҳлил менамояд. Аз ин ҷост, ки шоҳмотбозӣ дар равоншиносӣ барои санҷишҳои гуногуни равонӣ ва дар кибернетика барои омӯхтани мошинҳои ҳисоббарор истифода бурда мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ иброз доштанд, ки «Мо бояд на танҳо аз марказҳои таҳсилоти иловагӣ самаранок истифода намоем, балки дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маҳфилҳои гуногуни эҷодиёти техникиву бадеӣ, санъати амаливу ороишӣ, варзишӣ, шоҳмотбозӣ, сайёҳиву кишваршиносӣ, биологиву экологӣ, гуманитарӣ ва монанди инҳоро ба роҳ монем».
Ҷиҳати иҷрои дастури Пешвои миллат дар муассисаи таълимии гимназияи «Кафолат» дар қатори дигар маҳфилҳо  маҳфили «Шоҳмотбозон» ташкил карда шуд, ки   ҳоло 30 кӯдаку наврасро фаро мегирад. Дар синфхонаҳои омӯзиши шоҳмот тамоми шароитҳо фароҳам оварда  шудааст.
Вақти он расидааст, ки дар муассисаҳои таълимии кишвар синфхонаҳои омӯзиши шоҳмот ва дар маҳаллаҳо ҷойҳои махсуси шоҳмотбозӣ ташкил карда шаванд. Барои амалӣ намудани ин мақсадҳо мардуми тоҷик таҷрибаи бой дорад, зеро дар асри гузашта дар мактабҳои миёна маҳфилҳои зиёди шоҳмотбозӣ фаъолият мекарданд.
Муҳибхон МУҲИБХОНОВ, омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонии  гимназияи «Кафолат»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2018    №: 74    Мутолиа карданд: 193

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед