logo

сиёсат

ТАҲКИМИ МУНОСИБОТИ ДӮСТОНА Ё ТАҲАВВУЛОТЕ, КИ БО ҲАРФҲОИ ЗАРРИН САБТ ХОҲАНД ШУД

Баъд аз мулоқоту музокироти сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар остонаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид, масири ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвари дӯст вусъат гирифта, дар таърихи навини халқҳои тоҷику ӯзбек саҳифаи нав кушода шуд.

Дар фурсати кӯтоҳ аз байн бардоштани мушкилоту монеаҳои мавҷуда, ифтитоҳи гузаргоҳҳои сарҳадӣ баёнгари иродаи        сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар амри барқарор намудани ҳамгироиву ҳамзистии ду халқи бародар буда, дар рушди муносибатҳо такони нав бахшиданд. Ин амр собит намуд, ки тоҷикону ӯзбеконро бо он қаробату наз-дикие, ки бо ҳам доранд намешавад аз ҳам бурид. Чунки робитаҳои гуногунсоҳаи байни тоҷикону ӯзбекҳо ба муносибатҳои тӯлоние, ки дар раванди таърихӣ ба миён омадаанд, асос ёфтаанд.
Ба имзо расидани 27 санади ҳамкорӣ, ки дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, барои ҳар ду миллат ба манзалаи раҳнамои саҳеҳест, ки натоиҷи ҳасанаи он чун машъали фурӯзон ба ояндаи боз ҳам накутар равшанӣ хоҳад дод.
“Мо бояд барои халқҳоямон фазои дӯстиву самимият ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамкориро тавре ки дар замонҳои Мавлоно Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ буд, фароҳам орем”. Ин ҳарфҳои пурҳикмати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни мулоқоту музокироти сатҳи баланд бо ҷониби Ӯзбекистон садо доданд, мавриди истиқболи гарми тамоми тоҷикону ӯзбекон гардид. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ дар навбати худ бо қаноатмандӣ аз пазироии  гарми  тоҷикон   ва   натиҷаҳои     бадастомада, итминон намуд, ки дарвозаҳои дӯстии ду халқи бародар дигар ҳеҷ гоҳ ба рӯи якдигар баста нахоҳанд шуд.
Дар робита ба изҳороти сарони давлатҳо ва имзои силсилаи санадҳои муҳими таърихию тақдирсоз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бовар дорем, ки таҳкиму густариши муносибатҳои неки ду давлати дӯсту бародар, ҳамфарҳангу ҳамсоя ба болоравии сатҳи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии кишварҳо комилан мусоидат хоҳанд кард. Зеро ин ҳама навгониву дигаргуниҳо дар заминаи холӣ ба вуҷуд наомада, балки дар заминаи решаҳои таърихӣ, ташаббусҳои созанда ва тадбирҳои мақсадноку сиёсати ҳадафмандона ба даст омадааст.
Тавре маълум аст, беш аз ҳар   дасто-варди дигар ифтитоҳи гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ба муҳлати то 30 шабонарӯз бе раводид сафар кардани шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба кишварҳои ҳамдигар бузургтарин иқдом шинохта шуд. Зеро аз нав ба ҳам овардани дилҳо, пайвастани риштаи дӯстию муҳаббат, бародарию шафқат тавсеаи муносибатҳои хешутаборӣ аз ҷумлаи корномаҳоест, ки бо гузашти солҳо дар таърихи муносиботи ду кишвари ба ҳам дӯст бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд. Дар ин маврид Иқболи Лоҳурӣ басо хуб фармудааст:
Гарчи ҷаннат аз таҷаллиҳои Ӯст,
Ҷон наосояд ба ҷуз дидори дӯст.
Одилхон АЛИЕВ, шаҳри Исфара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2018    №: 74    Мутолиа карданд: 268

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед