logo

Хабарҳо

Баргузории ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд

Таҳти раёсати  Сарвазири Ҷумҳурии  Тоҷикистон, раиси Кумитаи тадорукот Қоҳир Расулзода ҷаласаи дуюми Кумитаи тадорукоти Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор  гардид.
Қоҳир Расулзода иброз намуд, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидааст, бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҷаҳони имрӯза масъалаи об аз масоили асосӣ ва рӯзмарра ба шумор меравад. Барои рушди устувор, саломатии инсон, таъмини амнияти экологӣ ва пешрафти иқтисодӣ дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ, санитария ва истифодаи оқилонаи захираҳои об  аҳамияти бузург доранд.
Зикр гашт, ки  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» барои муттаҳид ва ҳамоҳанг сохтани кӯшиши давлатҳо ва созмонҳо ҷиҳати ҳалли мусбати масоили зикршуда  тавассути  роҳандозии барномаҳо ва амалисозии лоиҳаҳо имконияти зиёд фароҳам меорад. Аз ҷумла, Конференсияи қарибулвуқӯи сатҳи баланд дар Душанбе ба таҳкими  ҳамкориҳо дар сатҳҳои гуногун ҷиҳати ба даст омадани Ҳадафҳои Рушди Устувор ва иҷрои дигар мақсаду вазифаҳои вобаста ба об мусоидат хоҳад кард.
Дар интиҳо Қоҳир Расулзода ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор  ҷиҳати сари вақт ва дар сатҳи баланд ба иҷро расондани супоришҳои ба зиммаашон вогузоршуда оид ба омодагӣ ва баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд, ки 20 – 22 июни соли 2018 дар Душанбе доир мегардад, супоришҳои мушаххас дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 421

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед