logo

фарҳанг

БОҒИ АЙНӢ. ТААССУРОТИ ЯК ТАМОШО

Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ бо зебоӣ ва намои хоссаи худ  яке аз мавзеъҳои барои сайёҳон ҷолиби шаҳри Душанбе маҳсуб меёбад.

Боғи Айнӣ дар қисмати шимолии шаҳр воқеъ буда, масоҳати он 16,24 гектарро ташкил медиҳад. Он соли 1954 таъсис ёфта, солҳои охир ба тармиму таҷдид ниёз дошт. Ва басо рамзист, ки дар арафаи 140 - солагии устод Айнӣ бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд он азнавсозӣ шуда, 6 ноябри соли 2017 бо иштироки Сарвари мамлакат ва фаъолону зиёиёни кишвар дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ ёфт. Сардори давлат зимни суханронӣ қайд намуданд, ки  ин иқдоми ватандӯстона, яъне таҷдиду азнавсозии боғи ба номи устоди бузурги сухан, нишонаи эҳтиром ва самимияти мардуми тоҷик ба шахсиятҳои барҷастаи миллат мебошад.
Боғ аз ду даромадгоҳ: шарқӣ (асосӣ) ва ҷанубӣ иборат аст, ки бо шаҳомати хоссашон таваҷҷуҳи ҳар бинандаро  ба худ ҷалб месозанд. Дарвозаҳо бо санъати баланди меъморӣ сохта шуда, устоҳои чирадаст дар сутунпояҳои бошукӯҳи он нақшу нигори миллиро дар гил моҳирона ҳаккокӣ кардаанд. Дар маркази боғ оромгоҳи устод Айнӣ дар масоҳати 160 метр доман густурда, ба зиёратгоҳи пиру барно табдил ёфтааст. Дар қисмати ҷанубӣ бошад, муҷассамаи устод қомат меафрозад.
Ҳамчунин, дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Пешвои миллат иншооти фароғатии “Дунёи афсона” ба истифода дода шуд, ки дорои тарҳи хос мебошад. Он дар масоҳати 2,5 га бунёд ёфта, аз 11 майдонча ва таҷҳизоти дилхушӣ иборат аст ва бо фазои афсонавиаш олами кӯдаконро рангин мегардонад. Дар маҷмааи мазкур барои ҷавонону наврасон майдончаҳои варзишии волейбол, баскетбол, футболи хурд ва теннис мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки баъд аз таҷдиду азнавсозӣ ин боғи фарҳангу фароғатӣ ҳамчун хатсайри нави сайёҳӣ ба харитаи сайёҳии ширкатҳои туристӣ ворид гардид. Зеро он пеш аз ҳама ҳамчун объекти таърихӣ ва макони истироҳату фароғат эътироф гаштааст.
Тавре директори боғ Амрулло Боқиев иброз дошт, барои ҷалби бештари сайёҳон дар бинои амфитеатри он  барномаҳои фарҳангӣ - фароғатӣ ва маҳфилҳои ҳунарию эҷодӣ ба роҳ монда шудаанд, ки то Рӯзи Парчами давлатӣ идома хоҳанд ёфт. Барои кӯдакону наврасон ташкили барномаҳои махсус дар назар аст.
Дар боғ зиёда аз 6 ҳазор дарахти  сояафкану мевадиҳанда ва буттаи ороишӣ, аз қабили санавбар, сарвҳои хиромон ва аризонӣ, чинор, гули товус, фарк, қарағот, булут, шоҳбулут, корнус, гули товуси испанӣ ва ғайра мавҷуданд, ки бо композитсияи махсус шинонда шудаанд. Онҳо шакли давра, тулӯи офтоб ва амсоли инро  доранд.
Воқеан, бо вуҷуди ба наздикӣ мавриди истифода қарор гирифтан, боғи Айнӣ, аллакай, ба макони дӯстдоштаи сокинон ва меҳмонони пойтахт ва ба яке аз марказҳои калони фарҳангу фароғат табдил ёфтааст. Боғ бо манзараҳои зебову дилорояш чаманистонеро мемонад, ки фазои орому осудааш ба кас илҳом мебахшад.
Бесабаб нест, ки Душанберо ҳамчун шаҳри сарсабз мешиносанд. Бунёду азнавсозии боғҳои ботаникӣ ва фарҳангу фароғатии “Ирам”, “Устод Рӯдакӣ”, “Пойтахт”, Садриддин Айнӣ, “Дӯстии халқҳо”, “Ғалаба” ва дигар гулгашту хиёбонҳо ба ҳусни шаҳр зебоии хос зам намудаанд. Бунёди чунин боғҳо, бешубҳа, метавонад барои ҷалби сайёҳон мусоидат намояд. Зеро таваҷҷуҳ ба чунин мавзеъҳо беш аз пеш меафзояд. Масалан, дар Испания 15 боғи миллӣ мавҷуд аст, ки диққати дӯстдорони табиатро ба худ ҷалб кардааст. Ё миллионҳо сайёҳ ҳамасола барои тамошои боғҳои миллии Шветсарияи Саксонӣ ва Ясмунд ба Олмон  мераванд.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.04.2018    №: 75    Мутолиа карданд: 331

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед