logo

иқтисод

ОЗМОИШГОҲ. ТАТБИҚИ ИЛМ ДАР АМАЛ

Кормандони озмоишгоҳи биологӣ ва биотехнологияи маводи дорувории Маркази инноватсионии биологӣ ва тиббии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ аз гиёҳҳои шифобахш моддаҳои фаъоли биологиро ҷудо карда, хосиятҳои кимиёӣ ва биологии онҳоро таҳқиқ мекунанд.

Мансур Қурбонов, мудири озмоишгоҳи биологӣ ва биотехнологияи маводи дорувории Маркази инноватсионии биологӣ ва тиббии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, номзади илми кимиё, дар ин бора чунин гуфт:  
Имрӯз дар ҷумҳурӣ 4,5 – 5 ҳазор намуди гиёҳ вуҷуд дорад. Аз онҳо тақрибан 1600 намудашро дар соҳаи тиб истифода мебаранд.
Дар озмоишгоҳ хосияти кимиёи биологии гиёҳҳо барои табобати бемориҳои ҷигар, ғадуди зери меъда ва норасоии оксиген дар ҷисми инсон мавриди таҳқиқ қарор доранд.
Солҳои 70 – 80 –уми асри гузашта дар Булғория гули садбарги димишқиро парвариш намуда, аз равғани ҳосилшудаи он доруи розанол истеҳсол мекардаанд. Солҳои пеш ин дору дар дорухонаҳо дар фурӯш буд. Таъсири онро ба беморон дар Пажӯҳишгоҳи гастоэнтрологияи ҷумҳурӣ, ки бо олимони булғорӣ ҳамкорӣ дошт, месанҷиданд.
Ба монанди ҳамин, дору аз равғани гиёҳи анҷибарро, ки дар ноҳияи Ҷайҳун ва мавзеи Пахтаобод мерӯяд, ба Гурҷистону дигар давлатҳо содирот мекарданд. Дар ҷумҳурӣ онро дар саноати атриёт истифода мебурданд. Мо аз он доруи геранол тайёр кардем. Ин дору барои бемориҳои ҷигар, об кардани санги талхадон истифода мешавад. Ҳоло дар қитъаи озмоишии назди марказ 300 ниҳоли садбарги димишқиро парвариш мекунем. Аз барги он гулоб тайёр кардем ва номашро «Гулоби Ирам» мондем. Гулоб аз равғани эфирии садбарг омода мешавад. Маънояш он аст, ки дар 100 миллилитри гулоб 0,01 гр равған мавҷуд мебошад. Гулоб хосияти табобатӣ дошта, барои бемориҳои ҷигар, чашм ва ором кардани асаб хеле манфиатбахш аст. Бо ҶДММ «Анатис» ба мувофиқа расидем, ки то охири моҳи апрел барои истеҳсоли «Гулоби Ирам» хати алоҳида мекушоянд.
Ғайр аз ин аз таслит - ширеши занбӯри асал як намуди дору барои табобати ҷигар омода кардем, ки барои табобати беморони гирифтори вируси гепатити С, Б, касалиҳои меъдаю рӯда бисёр муфид аст.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Украина бо патенти аз кишвари Швейтсария харида оби йоднокшуда истеҳсол мекунанд. Мо дар озмоишгоҳ аз йоди муқаррарӣ маводи биойод тайёр кардем, ки таркиби он аз аминокислотаҳо иборат мебошад. Агар маҳсулот йоднок бошад, ҳам ғизо асту ҳам хусусияти табобатӣ пайдо мекунад. Масалан, дар фабрикаҳои мурғпарварӣ ба ғизои мурғон биойод ҳамроҳ кунӣ, тухм йоднок мешавад. Тухми муқаррарӣ дар таркиби худ 10 - 15 мкг йод дорад. Тухми йоднокшуда бошад, то 80 мкг, яъне йоднокиаш 5 - 6 маротиба бештар мебошад. Дар  соҳаи чорводорӣ ҳам. Агар ғизо йоднок бошад, шири говҳо йоднок мешавад.
У. МУРОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.04.2018    №: 75    Мутолиа карданд: 657
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед