logo

иқтисод

МАҚОМИ ОБ ДАР РӮЗГОРИ ТОҶИКОН

Дар ҷаҳони муосир сол то сол масъалаи таъминоти об мушкилтар ва печидатар мегардад. Шаҳришавӣ, афзоиши аҳолӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйири иқлим, инчунин, набудани имконот барои таъмини истифодаи мақсадноки об омилҳоеанд, ки мушкилоти марбут ба обро шадидтар месозанд.

Ба навиштаи коршинос Мари Масиа, қариб якуним миллиард нафар дар мамлакатҳои Осиёву Африқо ва Амрикои Лотинӣ аз норасоии оби ошомиданӣ мушкилӣ мекашанд.
Маҳз мушкилоти марбут ба оби мардуми ҷаҳонро ба эътибор гирифта, Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо ташаббусҳои хосса баромад намуданд. То имрӯз чор пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба об аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтааст: дар бораи Соли оби тоза эълон намудани соли 2003, Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон намудани солҳои 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон намудани соли 2013. Дар раванди амалисозии ин иқдомҳо борҳо шаҳри Душанбе макони баргузории форум, конфронс ва ҳамоишҳои байналмилалии сатҳи баланд қарор гирифт.
21 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии  Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории аксари кулли сарони давлатҳои аъзо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хуш истиқбол гирифта, дар бораи қабули Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» қатънома қабул намуд. Эълон  гардидани даҳсолаи нави байналмилалӣ - ташаббуси чоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об бори дигар собит намуд, ки  Тоҷикистон ҳамчун  кишвари соҳибистиқлол  ва ҷонибдори сиёсати «дарҳои боз» ҳамеша  ба ҳалли мушкилоти  глобалӣ, хусусан таъмини сайёра бо оби тозаи ошомиданӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, ҷомеаи ҷаҳонро барои ҳамкорӣ дар ин самт даъват месозад.
Дар маҷмӯъ давоми 15 соли охир дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон конфронсу  симпозиумҳои зиёди сатҳи баланди байналмилалӣ марбут  ба об гузаронда шуданд, ки ҳамаи онҳо фарогири масоили экологии вобаста ба об буданд.
16 сол боз дар ҷаҳон масъалаи ташкили «иқтисоди сабз» дар маркази таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа мебошад. Тоҷикистон бо бунёди неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда- 1», «Сангтӯда-2», оғози бунёди неругоҳи бузурги «Роғун», корҳои муқаддамотӣ дар иншооти минтақавии «CASA-1000»,  таъмиру тармими неругоҳҳои барқи обӣ ва  бо тасмимҳову оянданигариҳо дар ин ҷода дар арсаи байналмилалӣ эътибори хосса пайдо намудааст. Ҷумҳурии мо аз рӯи  истеҳсоли «энергияи сабз» (98 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли неруи барқ), яъне тавлидоти неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари  пешсафи  сайёра  шомил  гардидааст.
Солҳои охир дар ҷаҳон дар пайомади хоҷагидории бесамар, таҳияи барномаҳои худхоҳона, афзоиши номуайяниҳо ва таҳдидҳое, ки бар асари тағйирёбии иқлим ва омилҳои дигар ба амал меоянд, бисёре аз низомҳои экологӣ (экосистемаҳо) зери хатар қарор гирифтаанд.
Тибқи маълумот, дар сурати наандешидани тадбирҳои фаврӣ қариб 5 миллиард одам - тахминан 67 фоизи аҳолии сайёра аллакай то соли 2030 аз оби тоза танқисӣ мекашанд. Чунин вазъ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо мекунад, ки дар масъалаи таъмини об ва безараргардонии он аз ифлосшавӣ  тасмимҳои ҷиддӣ  гирифта  шаванд.
22 марти соли равон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 72 – юми Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид ширкат варзида, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» - ро расман ҳусни оғоз бахшиданд.
Дар доираи ин ташаббуси наҷиб чорабиниҳои муҳими сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ баргузор хоҳанд гардид. Аз ҷумла моҳи июни соли равон дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ доир ба об баргузор мегардад, ки дар он сарону намояндагони кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ масъалаҳои таъминоти об дар қисматҳои гуногуни сайёра ва дастрасӣ ба обро баррасӣ менамоянд. Кишвари мо барои  татбиқи  чорабиниҳои даҳсолаи нав масъулияти зиёдеро ба зимма гирифтааст.
Итминони комил дорем, ки кӯшишҳои Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар раванди ҳамгироӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ  барои ҳалли проблемаи глобалии сокинони сайёра -  таъминот бо оби ҳаётбахш самараи  дилхоҳ  хоҳад дод ва мушкилоти мардуми олам осон мегардад. 
Манучеҳр Расулов,
коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.04.2018    №: 75    Мутолиа карданд: 265

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед