logo

фарҳанг

БАҲОРИ ДӮСТӢ

Дар омад - омади баҳори хуррам қариб дар даҳ минтақаи сарҳадии ду кишвар: Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷамъомадҳои боҳашамат бахшида ба кушодани сарҳадҳо баъди таваққуфи бисёрсола баргузор гардиданд. Мардумони ба ҳам дӯсту бародари тоҷику ӯзбек ин рӯйдоди муҳимро бо ташаббус ва ғамхорию дӯстии ду сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дарёфтанд. Сокинони ин ду кишвар, ки бо ҳам хешӣ доштанд, солҳои дароз ба дидори ҳамдигар муштоқ буданд, акнун ба мулоқот расиданду бо шодии беҳад бо ҳам вохӯрданд. Тоҷикону ӯзбекон аз қадим расму анъанаҳои ба ҳам монанд доштанд, байни ҳам дӯсту бародар буданд ва ин дӯстию бародарӣ абадӣ хоҳад монд. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дарҳои баста кушода шуданд.
Ин ҳамоиш ва дӯстии халқҳои ду давлат ба кишварҳои ҷангзада, ки мухолифини зиёд доранд, хусусан ба Афғонистон таъсири мусбат хоҳад расонд. Дар Тоҷикистон намояндагони бисёр миллату халқиятҳо, аз ҷумла ӯзбекон ба сар мебаранд ва онҳо аз ҳуқуқи конститутсионии худ пурра баҳраваранд ва дар мансабҳои олии давлатӣ ва ҷамъиятӣ фаъолияти босамар доранд, сазовори ҳурмату эҳтироми умум гаштаанд.
Банда донишҷӯи Дорулмуаллими шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз соли 1955 то соли 1957 будам. Дар донишкада тоҷику ӯзбек бо ҳам дӯсту бародар будем ва имрӯз бо якдигар робитаро барқарор намудем. Шаҳри Самарқанд маркази илму маърифат буд ва ҳоло ҳам чунин аст. Аз ин боргоҳи маърифат ҳазорҳо омӯзгорон, шоирон, нависандагон, олимон баромадаанд, ки дар вазифаҳои баланди давлатию ҷамъиятӣ кор карда истодаанд. Бигузор дӯстию ҳамкории байни ин ду давлат ҷовидон бимонад!
Ман 57 соли умри худро ба таълиму тарбияи насли наврас ва тарбияи ахлоқии ҷавонон, ки ояндасози ҷамъиятанд, бахшидаам ва бовар ба он дорам, ки риштаи дӯстии ҷавонони тоҷику ӯзбек боз ҳам мустаҳкамтар мегардад.
Алифшо ШОАЛИФЗОДА,
раиси ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати деҳаи Яхшиволи ноҳияи Ишкошим


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.04.2018    №: 75    Мутолиа карданд: 106

24.04.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Хоҷa Муҳаммад Осиф

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Фаластин

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Исфара

Конференсия доир ба масоили об

"ХУҶАНДОБУКАНАЛ". Авлавият ба беҳбудии хизматрасонӣ

Варзиш

23.04.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Дмитрий Медведев

Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Руминия

Иштироки ҳайати Бонки миллӣ дар ҳамоиши сатҳи баланд

Ҷаласаи роҳбарони хадамоти ҳуқуқии ВКХ-и ИДМ

ДАНҒАРА. Кишти чигит ба анҷом расид

21.04.2018


Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ ва Ахмет Йилдиз

Ҳамкориҳои Бонки миллӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор вусъат меёбанд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ

Бунёди меҳмонхонаи “Шикорчиён”

Рӯзи заргарон дар Боғи Ирам

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Авлавият ба истеҳсоли пахта

19.04.2018


НОБОЛИҒОН. Аз боздошти оворагардон то ҷаримаи волидон

ТОҶИКОБОД. Вусъати корҳои баҳорӣ

Гиромидошти Ашӯр Сафар дар Кӯлоб

Гусели наваскарон дар Фархор

Варзиш

18.04.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Рашид Мередов

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд

Тақвияти мубориза алайҳи терроризм

Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ

Футболи соҳилӣ дар Тоҷикистон

МАЛАЙЗИЯ. Дастоварди навбатии хонандагони тоҷик дар олимпиада

Меркел зарурати вохӯрӣ бо Путинро таъкид намуд

Могерини: «24-25 апрел дар Брюссел қазияи Сурия баррасӣ мегардад»

Аз чор се ҳиссаи аҳолии Яман ниёзманди ёрии башарист

Туркманистон бандари $2 миллиардиро мекушояд

17.04.2018


Омодагӣ ба интихоботи миёнадаврӣ

«Роҳбалади беҳтарин» озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед