logo

фарҳанг

РӮШАНГАРИ ТАЪРИХ. БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШИНОХТИ ТОҶИКОН

Бобоҷон Ғафуров яке аз чеҳраҳои бонуфузи сиёсӣ, адабӣ ва фарҳангии халқи тоҷик буда, бо афкори солим ва дониши амиқ миёни аҳли сиёсату адаб маҳбубияти хосса дорад. Ӯ дар тамоми вазифаҳо бо масъулияти беандоза кор карда, дар ҳама ҷо бо навоварӣ ва поквиҷдонӣ шуҳратёр гардидааст. Хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, мисли фурӯтанӣ, ҳимматбаландӣ, ҷасорат, ростқавлӣ, дурандешӣ асоси комёбиҳои фаъолияти Қаҳрамони Тоҷикистон - Бобоҷон Ғафуров мебошад.
Халқи тоҷик имрӯз ҳам бо корнамоӣ ва ҷоннисории аллома Бобоҷон Ғафуров ифтихор намуда, номи ин марди фозилро бо некӣ ёд мекунад.
Дар партави сиёсати хирадмандонаву адабпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони Истиқлолияти давлатӣ шинохти шахсият ва корномаҳои устод Бобоҷон Ғафуров ба таври лозим рӯи кор омад. Дар заминаи шинохт ва қадршиносии фарзонагони миллат, арбобони сиёсат ва ходимону илму адаб 8 сентябри соли 1997 бо фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба академик Бобоҷон Ғафуров унвони олӣ - Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд, ки иқдоми арзишманду таърихист.
Таърих аз нигоҳи имрӯз собит месозад, ки эҷоди асари мондагори Бобоҷон Ғафуров - китоби «Тоҷикон» (соли 1972, матни русӣ) шоҳкории бемислу монанд аст. Зеро дар он замон муаррифӣ ва далели мавҷудияти як халқи том бо исми тоҷикон кори саҳл набуд. Навиштани китоби мазкур даъвоҳои беасоси душманони миллатро решакан намуда, тоҷиконро чун халқи соҳибтамаддун ба ҷомеаи ҷаҳон ошно  сохт.
Ҷилдҳои 1 ва 2 - юми тоҷикии «Тоҷикон» соли 1983 - 1985 чоп шуда, дар он марҳалаҳои асосии ташаккул ва рушди тамаддуни тоҷикон, аз ҷумла адабиёту санъат  ва илму фалсафаи Аҷам зикр шудааст.
Бобоҷон Ғафуров муаррихи варзида ва олими намоёни халқи тоҷик буда, дар ҳоли иҷрои масъулиятҳои сиёсии худ низ аз пажӯҳишоти илмӣ канор намерафт. Таърих шоҳид аст, ки аввалин бор бо ташаббуси академик Б. Ғафуров «Шашмақом» ба нота гирифта шуда, ба ихлосмандони  санъати касбӣ пешниҳод гардида буд. Хизматҳои мондагори ин Арбоби сиёсат ва олими забардаст дар саҳифаи сабзи таърихи халқи тоҷик то ҷовидон боқӣ хоҳанд монд.
Халифабобо ҶУМЪАЗОДА, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.04.2018    №: 75    Мутолиа карданд: 325

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед