logo

иҷтимоиёт

АНДОЗА НИГАҲ ДОР!

Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар мушоҳида ва нишондоди оморӣ нисбат ба солҳои қаблӣ ниҳоят хуб ба роҳ монда шуда, он дар рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар таъсири мусбат гузошта истодааст. Бояд ёдовар шуд, ки бо иқдоми саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри беҳбудии ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар нахустин санади миллӣ - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.
Зарурати қабули қонун ва ҳадафҳои пиёдасозии он амри воқеӣ буд. Тайи ин муддат мо ба дастовардҳои зиёде дар самти сарфаю сариштакорӣ ноил гардидем, ки ягон давраи таърихӣ чунин ҳодисаи иҷтимоӣ ва таҳаввулоти фарҳангиро дар ёд надорад.
Қабули ин қонун аз ҷониби мардуми кишвар хуш пазируфта шуд. Ҳамчунон, он дар замири ҳар як фарди ҷомеа эҳсоси худшиносию худогоҳиро баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ, роҳ надодан ба омезишашон бо хурофот, тарғиби анъанаҳои мардумӣ ва эмин будан аз зиёдаравиҳо дар тӯю маъракаҳои навхонадорон афзуд.
Дар шароити буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, ки давлатҳои абарқудрати ҷаҳон роҳҳои ҳалли муамморо меҷустанд, Пешвои муаззами миллат ба қабули ин қонун қадами устувори худро дар ҷодаи паст намудани сатҳи камбизоатии мардуми меҳнатқарини кишвар гузошта буданд. Сарвари давлат иброз намудаанд: «Инкишофи ҷамъият ва робита бо халқҳои дигар ба суннатҳои волои мардумӣ таъсири амиқ бахшида, ба он мазмуну мундариҷаи нав бахшидааст ва имрӯз мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намудани беҳтарин расму оинҳои мардумӣ аз ҳар гуна камбудиву норасоиҳо ва ба танзиму эътидол овардани онҳо яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа аст».
 Масъалаи дигаре, ки солҳо боиси нигаронии мардум гардида буд, маросими азодорӣ мебошад. Ин намуди маъракаҳо пурдабдаба ва бо харҷи зиёд гузаронда мешуданд ва хурофотпарастӣ миёни мардум реша давонда буд. Ҳангоми даргузашти инсон азодор худро уҳдадор меҳисобид, ки дар рӯзи маросими дафн забҳи чорвои калон кунад, инчунин, баъдҳо дигар маъракаҳоро доир намояд. Ҳамин гуна, маъракаи хурсандӣ, ки давоми як ҳафта идома меёфт ва маъракаи тӯй аз маросими азодорӣ фарқ надошт.
Хушбахтона, аксарияти хурофотҳо аз байн рафтанд, қисми дигари расму оинҳои миллӣ ба низом дароварда шуданд.
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо 499 комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо амал менамоянд. Аз ҷумла, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе, 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва 427 ҷамоатҳои шаҳраку деҳот комиссияҳои доимӣ ва 7757 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият доранд.
Дар вазорату идора, корхона, ташкилот ва муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар онҳо на камтар аз 30 нафар корманд фаъолият мекунад, комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода мешаванд.
Албатта, зоҳирпарастию исрофкорӣ ва риояи накардани талаботи пешбинишуда ва меъёрҳои танзим дар самти анъана ва ҷашну маросимҳо дар навбати худ садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мешаванд. Бо вуҷуди ин, ба назар мерасад, ки як гурӯҳ сокинони кишвар талаботи қонунро дидаву дониста поймол мекунанд. Масалан, тибқи иттилои омории мақомоти судӣ, агар дар соли 2007 ҳамагӣ 60 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби судяҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта бошад, ин рақам дар соли 2017 ба 784 адад расидааст, ки 724 парванда ва ё мутаносибан 13 маротиба зиёд мебошад. Дар натиҷаи таҳлили дақиқи омории масъалаи мазкур метавон афзоиши аҳолиро низ мутаносибан дар даҳ соли охир ба инобат гирифт. Аммо, бо вуҷуди ин, ба назар мерасад, ки бояд мардуми фарҳангӣ ва куҳантабори мо нисбат ба риояи ҷиддитари меъёрҳои қонуни мазкур саҳм гиранд ва ба ин васила дар рушди оилаҳо ҳамчун заминаи рушди ҷомеа нақши намоён гузоранд.
Харҷ беш асту даромад кам агар,
Бар низоми зиндагӣ орад хатар.
С. ҚОДИРЗОДА,
сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.04.2018    №: 75    Мутолиа карданд: 570
29.09.2020


ТОҶИКОН ВА ӮЗБЕКОН: ДӮСТӢ БИМОНАД ҶОВИДОН

РАШТ. ҲАМКОРИҲОИ МАҚОМОТ БО СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТ САМАР МЕДИҲАНД

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ТАРАБХОНАИ «ФОРЕЛ»

ТОҶИКИСТОН. 87,4 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед