logo

иҷтимоиёт

ҶАВОНОН. АВЛАВИЯТ БА ОМӮЗИШИ ИЛМ

Ҷавонон ҳамчун неруи созандаву пешбарандаи ҷомеа ва насли ояндасоз ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ ва дастгириҳои роҳбарияти олии кишвар қарор доранд. Тайи солҳои Истиқлолияти давлатӣ ба хотири камолоти ҷавонон садҳо иншооти фарҳангӣ-фароғатӣ, майдону толорҳои варзишӣ ва беш аз 2500 муассисаи таълимӣ бунёду азнавсозӣ шуда, бо таҷҳизоти муосир таъмин гаштанд, ки   ин далели ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат мебошад.
Басо хушоянд аст, ки дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо ҷавонони худшиносу худогоҳ дар боло бурдани сатҳи зиндагии мардум  ва ба мамлакати мутараққӣ табдил додани Тоҷикистони азизамон саҳми назаррас мегузоранд.  Вале, мутаассифона, ҷавононеро низ вомехӯрем, ки бо сабаби аз гузаштаи пурғановати миллати худ огаҳии комил надоштан рӯ ба фарҳанги ғайр меоваранд. Ва, ба гумони ғолиб, яке аз сабабҳои ин истифодаи ғайримақсадноки сомонаҳои интернетӣ мебошад. Зеро баъзеи онҳо ба ҷои омӯзиш ва сайқал додани донишҳои хеш  соатҳои дароз андармони суҳбату бозиҳои интернетӣ гашта, вақтро, ки басо қимату гарон аст, беҳуда сарф менамоянд. Ҳол он ки интернет, ки яке аз ихтирооти бузурги инсоният ба ҳисоб меравад, пеш аз ҳама, бояд барои васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва мукаммал гардондани дониш истифода шавад. Пас, моро зарур аст, ки чунин ҷавононро аз ин роҳи нодуруст баргардонда, дар замири онҳо муҳаббат ба донишандӯзиро бедор созем. Ва дар ин амри хайр на танҳо аҳли маориф, балки тамоми қишри ҷомеа бояд саҳм бигирад. Аз ин рӯ, дар мактабҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ  ба воситаи ҷавонони фаъолу ҳушманд, ки мавриди эътирофи ҷомеаанд, мунтазам баргузор намудани суҳбатҳо ё чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ ба манфиати кор хоҳад буд. Дар онҳо бояд, қабл аз ҳама, ҷавононро ба фахр кардан аз дастовардҳои тамаддунофари  миллати тоҷик даъват намуд. Зеро тӯли беш аз ҳазор сол фарзандони фарзонаи миллатамон дар пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ нақши бориз гузоштаанд. Асарҳои безаволи Борбади Марвазӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Камоллидини Беҳзод, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Муҳаммад ал-Хоразмӣ, Абурайҳон Берунӣ ва садҳои дигар, ки то ба ҳол роҳнамо ва раҳкушои инсониятанд, далели ин гуфтаҳоянд.
Ҷавонони мо бояд дарк созанд, ки омӯзиши мероси бойи ниёгонамон ва андухтани илмҳои муосир боиси рушду нумуи онҳо хоҳад гашт ва барои ин Ҳукумати мамлакат тамоми шароитҳоро муҳайё кардааст. Танҳо аз ҷониби онҳо саъю кӯшиш мебояд, чунонки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ (22 декабри соли 2017) иброз доштанд: «Дар ин раванд зарур аст, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву   эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватанамон саъю кӯшиш намоянд».
Диловаршо ҒИЁСОВ, 
омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 59,
деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.04.2018    №: 75    Мутолиа карданд: 92

24.04.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Хоҷa Муҳаммад Осиф

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Фаластин

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Исфара

Конференсия доир ба масоили об

"ХУҶАНДОБУКАНАЛ". Авлавият ба беҳбудии хизматрасонӣ

Варзиш

23.04.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Дмитрий Медведев

Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Руминия

Иштироки ҳайати Бонки миллӣ дар ҳамоиши сатҳи баланд

Ҷаласаи роҳбарони хадамоти ҳуқуқии ВКХ-и ИДМ

ДАНҒАРА. Кишти чигит ба анҷом расид

21.04.2018


Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ ва Ахмет Йилдиз

Ҳамкориҳои Бонки миллӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор вусъат меёбанд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ

Бунёди меҳмонхонаи “Шикорчиён”

Рӯзи заргарон дар Боғи Ирам

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Авлавият ба истеҳсоли пахта

19.04.2018


НОБОЛИҒОН. Аз боздошти оворагардон то ҷаримаи волидон

ТОҶИКОБОД. Вусъати корҳои баҳорӣ

Гиромидошти Ашӯр Сафар дар Кӯлоб

Гусели наваскарон дар Фархор

Варзиш

18.04.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Рашид Мередов

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд

Тақвияти мубориза алайҳи терроризм

Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ

Футболи соҳилӣ дар Тоҷикистон

МАЛАЙЗИЯ. Дастоварди навбатии хонандагони тоҷик дар олимпиада

Меркел зарурати вохӯрӣ бо Путинро таъкид намуд

Могерини: «24-25 апрел дар Брюссел қазияи Сурия баррасӣ мегардад»

Аз чор се ҳиссаи аҳолии Яман ниёзманди ёрии башарист

Туркманистон бандари $2 миллиардиро мекушояд

17.04.2018


Омодагӣ ба интихоботи миёнадаврӣ

«Роҳбалади беҳтарин» озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед