logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН УЗВИ КОНВЕНСИЯИ СММ ОИД БА ҲУҚУҚИ МАЪЮБОН

22 марти соли 2018 дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню - Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ин ҳуҷҷат имзо гузоштанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб гардид. Конвенсия оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб ягона ҳуҷҷати тақдирсоз барои шахсони имконияташон маҳдуд мебошад. Ин ҳуҷҷат метавонад дар арсаи олам ё сатҳи байналмилалӣ аз ҳуқуқу манфиатҳои маъюбон дифоъ карда, барои фароҳам сохтани шароиту имконоти муносиб ва беҳбудиву пешравиҳо дар ҳаёту рӯзгор, шуғлу фаъолияти онҳо мусоидат намояд.
Ба имзо расидани он боз як бори дигар нишон медиҳад, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ бо азму иродаи қавӣ беҳ намудани вазъи маъюбонро дар сатҳи байналмилалӣ ба дӯши худ гирифтааст.
Албатта, то ба имзо расонидани Конвенсия фаъолияту ҳаракатҳо баҳри беҳ намудани ҳаёти маъюбон баръало эҳсос мешуд. Ҳамасола бо супориши Сарвари давлат нафақаи маъюбон баланд мегардад. Дар қонунҳо меъёрҳое ворид карда шудаанд, ки масъалаи ташкил кардани муҳити дастрас, таҳсилоти фарогир, табобати санаторию курортӣ, ҷалби маъюбон ба марказҳои тавонбахшӣ ва ҳамкории зич бо ташкилотҳои маъюбонро дар бар мегиранд. Соли 2016  Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020 қабул гардид.
Умуман, Роҳбари давлат дар ҳар як баромади хеш таваҷҷуҳи хоссае нисбат ба мо, маъюбон, менамояд, ки инро мо баръало эҳсос мекунем.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, аз номи тамоми маъюбони ҷумҳурӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён менамоям.
Асадулло ЗИКРИХУДОЕВ,
раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.04.2018    №: 75    Мутолиа карданд: 161

24.04.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Хоҷa Муҳаммад Осиф

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Фаластин

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Исфара

Конференсия доир ба масоили об

"ХУҶАНДОБУКАНАЛ". Авлавият ба беҳбудии хизматрасонӣ

Варзиш

23.04.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Дмитрий Медведев

Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Руминия

Иштироки ҳайати Бонки миллӣ дар ҳамоиши сатҳи баланд

Ҷаласаи роҳбарони хадамоти ҳуқуқии ВКХ-и ИДМ

ДАНҒАРА. Кишти чигит ба анҷом расид

21.04.2018


Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ ва Ахмет Йилдиз

Ҳамкориҳои Бонки миллӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор вусъат меёбанд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ

Бунёди меҳмонхонаи “Шикорчиён”

Рӯзи заргарон дар Боғи Ирам

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Авлавият ба истеҳсоли пахта

19.04.2018


НОБОЛИҒОН. Аз боздошти оворагардон то ҷаримаи волидон

ТОҶИКОБОД. Вусъати корҳои баҳорӣ

Гиромидошти Ашӯр Сафар дар Кӯлоб

Гусели наваскарон дар Фархор

Варзиш

18.04.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Рашид Мередов

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд

Тақвияти мубориза алайҳи терроризм

Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ

Футболи соҳилӣ дар Тоҷикистон

МАЛАЙЗИЯ. Дастоварди навбатии хонандагони тоҷик дар олимпиада

Меркел зарурати вохӯрӣ бо Путинро таъкид намуд

Могерини: «24-25 апрел дар Брюссел қазияи Сурия баррасӣ мегардад»

Аз чор се ҳиссаи аҳолии Яман ниёзманди ёрии башарист

Туркманистон бандари $2 миллиардиро мекушояд

17.04.2018


Омодагӣ ба интихоботи миёнадаврӣ

«Роҳбалади беҳтарин» озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед