Хабарҳо
Коршиносон то 100 доллар расидани нархи нафтро пешгӯӣ карданд
Lenta.ru. Дар манзари ташаннуҷи вазъият дар Шарқи Наздик ба наздикӣ нархи нафт то 100 доллар барои як баррел мерасад, мегӯянд таҳлилгарони соҳаи нафту газ.
«Ман бар онам, ки, агар дар Шарқи Наздик ягон ҳодисаи ҷиддӣ рӯй диҳад, сенарияе комилан воқеист, ки тибқи он нархи нафт серақамӣ мешавад», - изҳор дошт асосгузори ширкати Akap Energy Аниш Кападия.
Ба гуфтааш, вақте ним сол пеш то 60 – 70 доллар расидани нархи нафтро пешгӯӣ кард, иштирокдорони бозор ба ин суханҳояш хандида буданд. Тавре имрӯз бармеояд, нархи нафт алъон он таврест, ки гуфта буд. Таҳлилгари ширкати PVM Oil Associates низ ба 100 доллар расидани арзиши нафтро воқеӣ мешуморад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 404