Хабарҳо
Нигаронии президенти Олмон аз дуршавии бештари Русия ва Ғарб
«Билд ам зонтаг». «Давлатҳо ва сиёсатмадорони ҷаҳониро бегонашавии босуръат байни русиягиҳо ва сокинони кишварҳои Ғарб, ки дар манзари тезутундшавии вазъияти байналмилалӣ ба амал меояд, бояд нигарон созад», - изҳор дошт президенти Олмон Франк – Валтер Штайнмайер.
«Мо набояд Русия ва халқи онро душман эълом дошта бошем», - гуфт сарвари давлати Олмон. Тавре вай зикр кард, ҳодисаи Солсбери нигаронкунанда аст, аммо имрӯз, пеш аз ҳама, аз якдигар дуршавии Русия ва Ғарб бояд боиси нигаронии бештар гардад. «Муқовимат ба ин бегонашавии хавфнок вазифаи сиёсатмадорони масъулиятшинос аст», - таъкид кард Штайнмайер.
Ба ақидаи ӯ, сиёсатмадорони аврупоӣ набояд аз интиқоди амалҳои Русия даст кашанд, аммо инро тавассути муколамаи бевоситаи байни кишварҳо анҷом додан зарур аст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 365