logo

Хабарҳо

Дурахши дзюдогарони кишвар дар ҷомҳои Аврупову Осиё

Ёқубҷон Назиров дзюдогари ҷавони тоҷик дар зӯрозмоӣ ҷиҳати дарёфти Ҷоми Аврупо, ки дар шаҳри Санкт – Петербурги Русия баргузор гардид, мақоми аввал ва медали тиллоро ба даст овард.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, дар ин зӯрозмоӣ дар вазнҳои гуногун Тоҷикистонро паҳлавонон Ёқуб Назиров, Мулораҷаб Халифаев, Суруш Тавакалов, Сомон Маҳмадбеков, Хайёмиддин Ҷабборов, Хушвақт Идиев, Файзалӣ Маҳмудов ва Темур Маҳмадов намояндагӣ намуданд. Аз ин миён танҳо Ёқубҷон Назиров тавонист, ки дар вазни то 90 килограмм бар ҳарифонаш Деймон де Вос (Ҳолланд), Имеда Гоголадзе (Гурҷистон), Санширо Мурао (Ҷопон) ва Том Бонешанск (Ҳолланд) пирӯз омада, соҳиби медали тилло гардад.
Инчунин, ҳафтаи гузашта дзюдогарони навраси кишвар дар зӯрозмоии Ҷоми кушоди Осиё дар Тошканд низ маҳорати хуб нишон дода, се медал - тилло, нуқра ва биринҷиро сарфароз гаштанд.
Паҳлавони навраси Тоҷикистон Сулаймони Ҷамшед дар вазни то 61 кило медали тиллоро дарёфт намуд. Ғаниҷон Ғаниеву Фарорун Мирзошоев мутаносибан ҷойҳои дувуму сеюм ва медалҳои нуқраву биринҷиро ба даст оварданд.
Пас аз як рӯзи он варзишгарони ҷавони мо низ дар ин мусобиқа хуб дурахшиданд. Муҳаммадризо Қувватов дар вазни - 60 кг медали тиллоро дарёфт намуд. Шоҳида Қаландарова (57 кг) миёни бонувон, Шарифҷон Қурбонов (55 кг) Разиаллоҳ Лоиқов (66 кг) ва Давлаталӣ Назаралиев (55 кг), ба гирифтани медалҳои нуқраву биринҷӣ мушарраф гаштанд.
Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 419

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед