logo

Хабарҳо

Рӯзи илм таҷлил гардид

Олимони тоҷик рӯзи илмро, ки ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи апрел баргузор мегардад, бо гузоштани гулчанбар дар пояи пайкараҳои олимони барҷастаи тоҷик Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров ва Муҳаммад Осимӣ оғоз намуданд. 

Дар Институти  геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои кишвар, лавҳаи хотиравӣ ба хотири гиромидошти геологи шинохта, яке аз бунёдгузорони илми металоген, нахустин президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Каниш Сатпаев гузошта шуд. Дар маросими пардабардорӣ олимони кишвар ва намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ намуда, таъкид сохтанд, ки саҳми ин донишманди  бузург дар рушди илми геологияи тоҷик хеле назаррас аст.
Ҳамчунин, дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳо ҷаласаи тантанавӣ  баргузор шуд. Ба кори ҷаласа Абдусаттор Саидов, ноиби президенти академия, ҳусни оғоз бахшид. Зимни суханронии худ ӯ, аз ҷумла таъкид намуд, ки олимони тоҷик дар роҳи баланд бардоштани илми ватанӣ пайваста сайъю талош варзида,  барои ҳамгироии илм бо истеҳсолот корҳои назаррас  анҷом дода истодаанд.
Зикр шуд, ки дар ин росто беш аз 300 санади ҳуқуқӣ, ки замони соҳибистиқлолии кишвар  барои пешрафти илм қабул гардид, ба рушди ин соҳаи муҳим такони ҷиддӣ бахшиданд. Ин буд, ки олимони кишвар тайи чанд соли охир тавонистанд аз рӯи 55  мавзӯи бунёдӣ ва 40 мавзӯи амалӣ корҳои таҳқиқотӣ анҷом дода, дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла математика, физика, астрофизика, зилзилашиносӣ, геология, экология, биология, таъриху фалсафа, шарқшиносӣ натиҷаҳои хуби илмӣ ба даст оварданд. Кашфи астероиди динамикӣ аз ҷониби олимони соҳаи астрофизика, пайдо гардидани майдонҳои нави маъдандор аз ҷониби олимони Институти  геология, бо истифода аз нитрогени моеъ аз ҷониби олимони Институти физика сохта ба истифода додани дастгоҳи нав, ки барои ҷарроҳӣ  истифода мешавад аз ҷумлаи онҳост. Дар ин муддат даҳҳо натиҷаи корҳои илмӣ ва тавсияҳои олимон барои тадбиқ дар истеҳсолот пешниҳод гардида, бештари онҳо дар соҳаҳои иқтисодиёт, кимиё, геология, тиб, сохтмон ва кишоварзӣ амалӣ гардиданд.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, олимон Абдулҳақ Файзиев доир ба фаъолияти академик К.Сатпаев ва Муҳаммадалии Музаффарӣ оид ба тафсири классикии илму меъёрҳои дониши илмӣ маърӯза намуданд. 
Ба олимоне, ки дар соли 2018 ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гаштанд, диплом ва  ифтихорномаҳо супурда шуд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 337

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед