logo

иқтисод

ЛАХШ МУШКИЛЕ НЕСТ, КИ ОСОН НАШАВАД!

Дар ноҳияи Лахш баҳри қонеъгардонии талаботи хоҷагиҳои деҳқонӣ,  ташкилоту корхонаҳои соҳаи кишоварзӣ, шахсони воқеӣ ва таъмини онҳо бо техникаю мошинолоти кишоварзӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, инчунин, ба роҳ мондани хизматрасонии техникӣ аз тарафи КВДҶ «Тоҷикагролизинг» маркази хизматрасонии техникӣ ба фаъолият оғоз намуд. 

Тибқи иттилои роҳбари марказ Салоҳиддин Маҳмадрасулов, дар ин ҷо 16 трактори МТЗ-80,  3 мотоблок барои коркарди байни қаторҳо ва 13 мошинолоту таҷҳизоти кишоварзӣ барои истифода ба тариқи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) ба корхонаю хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони алоҳида пешниҳод гардидаанд. Дар марказ барои таъмири саривақтии техникаи кишоварзӣ  сехҳои кафшергарӣ, таъмири чархҳо, оҳангарӣ, таъмири насосҳо ва харротӣ фаъолият доранд.  Акнун деҳқонон метавонанд бо роҳи бастани шартнома ва иҷораи молиявӣ  аз трактор, техника ва хизматрасонии техникии марказ истифода намоянд. Барои истироҳат ва фароғати кормандон ва муштариён низ шароит фароҳам аст. Дар назди коргоҳ  меҳмонхона, ошхона ва ҳаммом фаъолият мекунанд.
Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ то имрӯз дар шаҳру навоҳии мамлакат 30 маркази хизматрасонӣ таъсис додааст, ки алҳол дар хизмати кишоварзонанд.
Имрӯзҳо, ки кишту кори баҳорӣ дар  ноҳия оғоз гардидааст, иқдом муҳиму  саривақтӣ буда,  деҳқонон баҳри дар муҳлати мусоид кишт намудани заминҳои хеш аз ин марказ  истифода мебаранд. Фаъолияти чунин марказҳо ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории мамлакат, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон муҳим арзёбӣ мешавад. Марказҳои хизматрасонии техникӣ тамоми сол - аз оғози тайёрӣ ба мавсими кишту кор то анҷоми ҷамъоварии ҳосил фаъолият менамоянд.
Дилшод АМИРОВ, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2018    №: 76    Мутолиа карданд: 221

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед