logo

фарҳанг

САДРИДДИН АЙНӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ КИШВАРШИНОСӢ

Масъалаи рушди сайёҳӣ таваҷҷуҳи моро ба дониши кишваршиносии наврасону ҷавонон ва умуман кулли мардум равона месозад. Ин масъала ҳамчун салоҳияти инсони замони нав ҳанӯз соли 1927, дар шумораи якуми маҷаллаи “Дониш – биниш” дар мақолаи “Кишваршиносӣ” аз ҷониби устод мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Масъаларо аз як чизи хусусияти хеле амалидошта ва одӣ оғоз мекунад:

 “Касе бошад, ки дар куҷо будани ҳавлии худро надонад, аз чанд хона доштани он бехабар бошад, афроди оилаи худро нашумурда бошад ва дар хонаи худ чӣ чизҳо доштанашро низ надонад, оё чӣ гуна зиндагӣ кардан метавонад?”. Дар худи ҳамин як ҷумла моҳияти фан ва илми кишваршиносӣ ба таври хеле сода ва фаҳмо баён гардидааст ва ҳар як шахси дорои фаҳмиши миёна ҳам метавонад хулоса кунад, ки кишваршиносӣ илме будааст, масоҳатҳо, махсусиятҳои милливу маҳаллии одамони дар ин масоҳатҳо зиндагикунандаро меомӯхтааст. Аз як ҷумлаи устод Садриддин Айнӣ хонанда хулосаҳои аввалини худро мебарорад. Муҳимтар аз ҳама дар ҳамин ҷумла таъкид мешавад, ки “дар куҷо будани хонаи худро надонад”. Ин таъкид ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми омӯхтани ин илм аввал бояд худро, кишвари худро бишносем. Шахси бохабар ва огоҳ кишваршиносиро аз омӯзиши кишвари худ, аз сайру саёҳат ба атрофу акнофи он оғоз мекунад.
Ҳар нафаре, ки аз осори бадеию публитсистӣ ва илмии устод Садриддин Айнӣ огоҳ бошад, бахубӣ дарк мекунад, ки худи аллома ҳамин сифатро доро аст. Мисоли одии он тасвирҳои манзараҳои зодгоҳ, кӯчаву хиёбон, мадрасаҳои Бухоро дар “Ёддоштҳо”, тасвири машҳури “Дараи Ниҳон” дар романи “Дохунда” ва даҳҳо масъалаҳои дигар ҳаст, ки дар ин ҷо метавон ёдрас кард.
Ба ин тариқ, устод Садриддин Айнӣ таъкид мекунад, ки: «Афроди як кишвар ҳам, агар он кишвари худро бахубӣ ва аз ҳар ваҷҳ (таъкид аз мост – Ш.У.) надонад, байниҳи ҳамон одамест, ки хонаи худро аз ҳеҷ роҳ надонистааст». Ин ҷо зарурати донистани ин илм ва ба истилоҳи имрӯза, салоҳияти доштани ин малакаву маҳорат таъкид мегардад.
Пас аз шарҳи содаи масъалаҳои мафҳум дар бораи илми “кишваршиносӣ” аллома ба масъалаи чӣ будани илми кишваршиносӣ наздиктар мешавад: “Акнун биёем ба сари ин, ки кишваршиносӣ аз чӣ чизҳо баҳс мекунад ва ба кадом роҳ хидмат менамояд”.
Устод изҳор медорад, ки тамоми ҷумҳуриҳои Иттифоқ, ҳатто қафомондатаринашон ба масъалаи омӯзиши ин илм чораҳо андешидаанд, аммо мо - тоҷикон ҳанӯз ҳам дар бораи ба роҳ мондани масъалаҳои кишваршиносӣ бепарвоӣ зоҳир менамоем. Нависанда дар идомаи сухан таъкид мекунад, ки ба замми ба роҳ мондани таълими илми кишваршиносӣ, пажӯҳишгоҳҳои тадқиқотӣ, марказҳои илмии кишваршиносӣ таъсис додан зарур аст.
Пешниҳодҳои устод Садриддин Айнӣ дар мавриди ба роҳ мондани фаъолияти чунин як пажӯҳишгоҳи бузург дархӯри замони имрӯза, махсусан дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аст. Тавассути гузоштани ин савол, ки: “Ташкили кишваршиносӣ чӣ гуна бояд бошад?”, пешниҳод менамояд, ки марказ дар назди Комиссариати маориф ташкил шуда, ду – се нафар шахсони кордон тарҳи кори онро таҳия, бо мақомоти минтақавӣ робита барпо, шахсони донандаи маҳалро ба кор ҷалб намоянд. “Барои пурра кардан ва васеъ намудани боби “Кишваршиносӣ” (дар маҷаллаи “Дониш – биниш” рубрикае бо номи “Кишваршиносӣ” ташкил карда шуда буд– Ш.У.) ба ҳамаи мухбирон, нависандагон ва хусусан, муаллимони тоҷик лозим аст, ки ҳамроҳӣ намоянд”. Дар интиҳои мақола таъкидан баён мекунад, ки ҳар як шахси соҳибватан бояд “аҳволи атрофи худ, урфу одат, забон ва лаҳҷа, суруд ва бозиҳоро нависад, аҳволи таърихӣ ва осори атиқаро бо санадҳои илмӣ навишта, ба идораи маҷалла фиристодан гирад”.
Ин таъкидҳо далолат бар он мекунанд, ки аллома хеле сари вақт дарк карда будааст, ки ин илм чун ҷузъи муҳими худшиносӣ, худшиносии миллӣ барои ҳар як шахс ниҳоят муҳим аст.
Шервони УМРИДДИН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2018    №: 76    Мутолиа карданд: 227

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед