logo

иқтисод

МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ МУНОСИБАТИ ҒАМХОРОНА БА ТАБИАТРО ТАШАККУЛ МЕДИҲАД

Экология яке аз соҳаҳои муҳими илми биология буда, муносибати мавҷудоти зиндаро байни ҳамдигар ва ба муҳити зист, ҳамчунин, таъсироти гуногунҷабҳаи муносибати инсонро бо биосферо меомӯзад. Дар баробари ин, экология масоили идора, пажӯҳиш ва оқилона истифода бурдани сарватҳои табиатро муайян карда, асоси таъминкунандаи бехатарии экологии  ҷомеа ва табиат мебошад. Дар баробари истифода аз захираҳои табиӣ инсон имрӯзҳо ба масъалаҳои ҳаётан муҳим рӯ ба рӯ шудааст.
Бинобар ин, экология ва ҳифзи табиат дар ҷаҳони муосир қисми ҷудонашавандаи сиёсат, иқтисодиёт ва афкори умумии мардум, гарави солимии ҷомеа ва рушди устувори давлатҳо гардидааст. Ҳалли масъалаҳои муҳимтарини экологӣ сол то сол инсонро водор месозад, ки муносибати худро нисбат ба табиат тағйир диҳад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ яке аз роҳҳои ҳалли ин масъалаҳо ба ҳисоб рафта, таълим додани он аз боғчаҳои бачагона то муассисаҳои таълимоти олии касбӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон, таълифу интишори воситаҳои таълимӣ ин фанни басо муҳим бар дӯши олимону мутахассисон  вогузор шудааст.
Бо тавсияи Шӯрои олимони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Истилоҳоти экология» ба табъ расид. Муаллиф Мирзомурод Саидов, номзади илми биология, сардори «Маркази илмӣ – тадқиқот ва маърифати экологӣ» - и назди факултети биологияи ДМТ дар он беш аз 580 истилоҳ ва мафҳумҳои истифодашавандаи соҳаи экологияро оварда, ҳар як истилоҳро бо мисолҳо ба таври мухтасар шарҳу эзоҳ додааст. Китоб барои тарбияи экологии толибилмон ҷиҳати омӯзиши робитаи мутақобилаи организимҳо ба муҳит мусоидат намуда, хонандаро ба ҳаллу фасли масъалаҳои экологӣ ҷалб менамояд ва дар ниҳоди ӯ  муносибати ғамхоронаю оқилонаро ба табиат ва сарватҳои он ташаккул медиҳад. Мавриди зикр аст, ки Мирзомурод Саидов муаллифи 6 асари илмӣ, 18 китоб ва дастурҳои таълимӣ, 230 мақолаи илмӣ, методӣ ва оммавӣ мебошад. Фаъолияти илмии М. Саидов ба омӯзиши хусусиятҳои экологӣ, биологӣ, таркиби химиявӣ, таснифот, роҳҳои ҳифз ва истифодаи самаранокӣ рустаниҳои ғизоӣ, мушоҳидаҳои экологии мавзеъҳои ҳифзшаванда, нигоҳдории гуногуни биологӣ, мушкилот ва истифодаи оқилонаи захираҳои экологӣ бахшида шудааст.
Мунаввари САФАР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2018    №: 76    Мутолиа карданд: 230

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед