logo

иҷтимоиёт

РАШТ БУНЁДИ ДУ БУНГОҲИ ТИББӢ

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар соҳаи тандурустӣ рушд ёфта, ҳамасола таваҷҷуҳ баҳри маблағгузории ин соҳа бештар мегардад.  Ин омил боиси бунёди муассисаҳои тиббӣ дар дурдасттарин деҳаҳо ва фароҳам овардани шароити хуби хизматрасонӣ ба аҳолӣ мегардад. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат  як идда соҳибкорони ватанӣ вобаста ба шароиту имконоти хеш ба соҳаҳои гуногун аҳамияти махсус зоҳир намуда, аз ҳисоби хеш ба кашондани хатҳои об, таъмири каналҳо ва ё ба сохтани синфхонаҳои иловагӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ камари ҳиммат мебанданд.
Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Қалъаи сурхи ноҳияи Рашт ду бунгоҳи тиббӣ, яке дар деҳаи Кулоба ва дигаре дар деҳаи Сияҳлояк аз ҳисоби маблағҳое, ки мардуми ин деҳҳаҳо аз ҷашну маросимҳои хеш сарфа намудаанд, инчунин, бо  ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва тариқи ҳашари дастаҷамъона  бунёд гардиданд. Аз ҷумла, дар деҳаи Кулоба аз ҳисоби танзими маъракаҳои  аҳолии 1000 нафараи он беш аз 65 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шуда, мардуми деҳа дар муддати хеле кӯтоҳ иншооти мазкурро тариқи ҳашар ба итмом расонданд.
Дар деҳаи Сияҳлояк, ки аҳолиаш 800 нафарро ташкил медиҳад бинобар дур буданаш аз маркази ноҳия сокинон тасмим гирифтанд дар ободии диёри хеш саҳм гузоранд. Дар ин ҷо низ ин иқдоми хайрхоҳона асосан аз ҳисоби камхарҷ  гузарондани маърака ва дигар чорабиниҳо амалӣ  гардида истодааст. Дар деҳа бо ҷамъоварии 52 ҳазор сомонӣ сохтмони бунгоҳи тиббиро бо роҳи ҳашар ба анҷом расонданд.
Дар маросими кушодашавии бунгоҳҳои мазкур раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшои Холиқ баромад намуда, таъкид дошт, ки саломатии аҳолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи давлат ва шахсан Президенти мамлакат қарор дошта, дар давоми солҳои охир дар ҳудуди ноҳия Рашт аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ  22 бунгоҳи тиббӣ бо шароити зарурӣ сохта, мавриди истифода қарор доранд.
Соли гузашта бар асари баланд шудани маҷрои дарёи кӯҳӣ офати табии бештари заминҳои кишту боғоти деҳаи Шулонакро  хароб намуда, канали деҳаро пур аз сангу шағал намуд. Аҳолии Ҷамоати деҳоти Қалъаи сурх баҳри бартарафсозии зарари офати табиии  соли гузашта  иқдоми дигари  хайрхоҳонаеро пеш гирифта, аз ҳисоби танзими маъракаҳо маблағи зарурӣ ҷамъоварӣ ва канали деҳаро дар масофаи 1 километр аз сангу шағал тоза ва дубора барқарор  намуданд.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2018    №: 76    Мутолиа карданд: 302

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед