logo

сиёсат

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ПОЙДОРИИ ОН

Таърих гувоҳ аст, ки дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон беш аз сад ҳазор шаҳрвандони мо ҷони худро аз даст дода, қариб як миллион нафар иҷборан хонаву дари худро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор карданд. Ба иқтисодиёти мамлакат, дар маҷмӯъ, беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ расид. Садҳо хонаҳо сӯзонда, даҳҳо иншоот харобу валангор гардиданд.

Зарари маънавии ҷанг ҳадду   ҳисоб надорад, зеро бар асари он ҳазорҳо занон аз шавҳаронашон маҳрум гардида, зиёда аз 50 ҳазор кӯдакон ятим монданд. Тоҷикистон аз марҳилаи рушди   ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба қафо партофта шуд.
Дар чунин вазъият, ки ба кишвар парокандашавӣ таҳдид менамуд, ниёз ба роҳбаре буд, ки иродаи қавӣ дошта бошаду сарсупурдаи миллату Ватан ва ба хотири ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва барқарор намудани сулҳу субот дар кишвар қудрати барқарорсозии ҳокимияти устувори давлатиро соҳиб бошад.
Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ (16 ноябри соли 1992), ки наҷоти миллат масъалаи асосии он буд, бояд роҳбареро интихоб менамуд, ки миллати парокандаро муттаҳид карда тавонад. Мушкил дар дарёфти шахс набуд, балки дар гирифтани масъулият буд, зеро замоне ки яроқ кишварро идора мекарду иқтисодиёт фалаҷу хазина холӣ буд, зимоми идораи кишварро на ҳар кас бар дӯш мегирифт.  Шукр, ки чунин шахс он замон пайдо шуд. Он Эмомалӣ Раҳмон буд. Ӯ ба хотири миллат, давлат ва халқи Тоҷикистон масъулияти сангин ва вазнинро ба дӯш гирифт ва таърих собит сохт, ки ин интихоб дуруст ва саривақтӣ буд.
Оре, мо ба ваҳдати миллӣ расидем, аммо боре фикр мекунем, ки ваҳдати миллӣ, сулҳу амонӣ чӣ гуна ба даст омаданд?
Роҳбари давлат борҳо зикр намуданд, ки барои амалӣ кардани   ҳадафҳои созанда 21 маротиба бо иттиҳоди мухолифин музокира анҷом дода, 40   ҳуҷҷати барои миллат муҳимро ба имзо расонданд.
  21 сол пеш дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ  ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Бо имзои созишнома Тоҷикистони азизи мо ба марҳилаи нави таърихӣ ворид  гашт  ва ҷиддан  ба корҳои  ободонию  созандагӣ оғоз намуд.
Тавассути заҳматҳои Пешвои миллат барномаи мукаммали зина ба зина ба ободиву шукуфоӣ ва тараққиёти босуръат расидани Тоҷикистон амалӣ гардид. Рушди соҳибкории хурду миёна, сиёсати дарҳои кушода, амалӣ намудани таҷдиди роҳҳо, рушди соҳаи энергетика, саноат дар муддати кӯтоҳ боиси инкишофи босуръати кишвар гардиданд, ки ин ҳама аз самараи ваҳдати миллиамон ба даст омадаанд.
Маҳз ваҳдати миллӣ тавонист Тоҷикистонро ба ҷаҳониён шиносонад. Самараи ваҳдати миллӣ буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди ҳалли бисёр масъалаҳои ҷаҳонӣ, ба монанди терроризм, экстремизм, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, масъалаҳои глобалии экологӣ пешниҳодҳои  Ҳукумати Тоҷикистонро пазируфта, мавриди амал   қарор дод.
Ваҳдат    ҳамеша ифодагари сурату сирати халқи тоҷик ва марому    ҳадафи он, ҳимояву посдории ҳастии хеш, арзишҳои фарҳангӣ ва таъмини ояндаи  дурахшони миллат аст.
Имрӯз мо маҳз ба шарофати ваҳдати миллӣ ва дар ин замина муттаҳид сохтани неруҳои сиёсӣ, таъмин кардани ризоияти ҷомеа тавонистем, ки Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии кишварамонро ҳифз кунем ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистонро таъмин намоем.
Фазои имрӯзаи сиёсии минтақа ва ҷаҳон моро водор месозад, ки тамоми неруҳои созандаи ҷомеаро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди    ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат   равона  созем.
Ваҳдат пойдевор ва сутуни мустаҳкаму бегазанди ҳар давлату ҷомеа мебошад. Бунёдкору нигаҳдорандаи ин пойдевор ва сутуни муҳташами миллат, аз ҷумла ҳар яки мову шумо ба ҳисоб меравем. Бигузор ин сутуни армону орзуҳо ҳамеша побарҷову мустаҳкам бошад.
Робияи АБДУСАМАД,
ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии ДДК


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2018    №: 76    Мутолиа карданд: 260

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед