logo

иқтисод

ГАМБУСКИ КОЛОРАДӢ -ХАВФНОКТАРИН ҲАШАРОТ БАРОИ КАРТОШКА

Картошка дар бозори истеъмолӣ нони дуюм ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд кишоварзон барои ба даст овардани ҳосили баланди он пайваста роҳҳои босамари парваришро ҷустуҷӯ менамоянд, мутаассифона, ҳосилнокӣ дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб, солҳои охир ба дараҷаи ниҳоӣ паст фаромад. Саломуддин Каримов, сардори раёсати кишоварзии шаҳр дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома омилҳои асосии ин зуҳуроти хатарзоро шарҳ дод:
- Киштгардон накардан, интихоби тухмии номувофиқ ва саҳлангорӣ дар мубориза бо ҳашароти зараррасон. Пеш аз ҳама, заминро киштгардон накарда, дар он  зиёда аз се сол пайиҳам картошка кишт намудан  ба ҳосилнокӣ таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин ҳолат  ҳашароти зараровар низ дар майдони зироат афзоиш меёбад. Бинобар ин, киштгардон шарти асосии баланд бардоштани ҳосили картошка мебошад. Агар замини парвариши картошка киштгардон карда нашавад, истифодаи нуриҳои минералӣ ҳам  фоидае надорад. Баробари киштгардон интихоби тухмии солиму хушсифат низ дар  баланд бардоштани ҳосили картошка нақши муҳим дорад. Барои ба даст овардан ва зиёд кардани тухмии хушсифату солим  малакаи баланд, техникаю анборхонаҳо ва хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ заруранд. Тавассути зиёд намудани шумораи  хоҷагиҳои тухмипарвар ва ба ин васила сари вақт таъмин намудани кишоварзон бо навъҳои солиму баландҳосили тухмӣ  картошкапарвариро вусъат бахшидан мумкин аст.
Воқеан, гамбуски колорадӣ, ки ватани он Амрикои Шимолист, ҳашароти хавфноктарини зараррасон барои картошка маҳсуб меёбад.  Мутаассифона, ин зараррасон ҳамроҳи тухмӣ аз давлатҳои дигар ба кишвар ворид шуда, ба соҳаи картошкапарварии мамлакат зарари бисёр расонд. Дар ин маврид назорати қатъии воридоти тухмии хориҷӣ ва  истифодаи  заҳрхимикатҳо муҳиманд.  Агар ҳангоми  пайдоиши ин ҳашарот дар замини картошказор  сари вақт аз заҳрхимикатҳо истифода нашавад, на танҳо ҳосил паст мегардад, балки  баргу пояи зироат аз нашъунамо бозмонда, ҳосил пурра барбод меравад. Гамбуск  аз зери хок пайдо гашта, дар барги навдаи картошка тухм мегузорад. Давоми  ду ҳафта аз тухмаш  кирм тавлид  шуда, ба хӯрдани барг шурӯъ  мекунад. Ин ҳашарот на танҳо ба картошка, балки ба помидор, пиёз, қаламфур, боимҷон,  карам ва зироатҳои дигар низ зарар мерасонад.
Бар зидди ҳашароти номбурда истифода бурдани заҳрхимикатҳои сахттаъсир, аз ҷумла БИ – 58, муҳим аст. Онро бо об омехта карда, бо дастгоҳҳои махсуси дастӣ субҳ  ё бегоҳ дар вақти хушк будани замин бояд бипошем. Мувофиқи  қоидаҳои агротехникӣ баъди гул кардани зироати картошка  пошидани чунин заҳрхимикатҳои сахтаъсир мумкин нест. Барои истифодаи дурусти заҳрхимикатҳо маслиҳати  олимони соҳаро гирифтан зарур мебошад. Ҳамчунин, бо ин ҳашароти зараррасон бояд дар  ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ баробар ва дастаҷамъона мубориза барем. Дар акси ҳол, ҳашарот боз аз як минтақа ба минтақаи дигар мегузарад ва насли худро зиёд мекунад.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2018    №: 76    Мутолиа карданд: 406

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед