logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ХАЛИЛ ИБРОҲИМ АКЧА, САЛОҲИДДИН РАББОНӢ ВА МУҲАММАД ҶАВОД ЗАРИФ

16 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи 23 - юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ Дабири кулли ин созмон Халил Иброҳим Акчаро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Халил Иброҳим Акчаро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бинобар анҷоми давраи фаъолияташ ба ҳайси Дабири кулл, барои саҳми комгорона ва пурмаҳсулаш дар пешрафти кори созмон, изҳори сипос намуданд.
Ҷонибҳо саҳми арзандаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва кишварҳои аъзоро дар таъмиқ ва тавсеаи ҳамкорӣ дар арсаи рушди иқтисодӣ ва рифоҳи иҷтимоӣ дар минтақа баланд арзёбӣ карданд. Дар ин росто таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт ва коммуникатсия аҳамияти махсус зоҳир менамояд.
Зимни мулоқот оид ба аҳамияти санади “Диди Созмони ҳамкории иқтисодӣ - 2025” ва ҳадафу вазифаҳои асосии “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то давраи соли 2030”, ки соҳаҳои асосии ҳамкорӣ - тиҷорат, нақлиёт, энергетика, туризм, рушди иқтисодӣ ва маҳсулнокӣ, рифоҳи иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зистро дар бар гирифта, бо ҳам тавъам мебошанд, гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои баҳрабардорӣ аз захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон ба хотири қонеъ намудани талаботи афзоишёбанда ба энергияи электрикӣ дар минтақа баррасӣ карда шуд. Истифодаи зарфиятҳои бузурги рушди туризм дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон бар нафъи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ, равобит ва саъю талоши муштарак баҳри рушди тиҷорати минтақавӣ, истиқрори сулҳу субот ва амният дар кишвари ҳамсояи мо, ҷалби бештари Афғонистон ба лоиҳаҳои минтақавӣ ва фароҳам овардани шароитҳои мусоиди рушди иқтисодиву иҷтимоии ин кишвар, зарур шумурда шуд.
***
16 апрел дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон, минҷумла дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳангиву башарӣ суҳбати пурмуҳтаво сурат гирифт.
Дар ин робита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти пайгирии минбаъдаи масъалаҳои вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ ва энергетикии минтақавиро, ки ба ҷалби васеи Афғонистон ба раванди ҳамкории минтақавӣ нигаронда шудаанд, махсус таъкид карданд.
Вазъи имрӯзаи амниятии Афғонистон ва минтақа, аз ҷумла дар сарҳади давлатии байни Тоҷикистон ва Афғонистон низ дар меҳвари мулоқот қарор дошт.
Роҷеъ ба ин мавзӯот ҷонибҳо зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшонро дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир — терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ зикр намуданд.
Ҷонибҳо атрофи дигар мавзӯъҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
***
16 апрел дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф мулоқот доир карданд.

Ҷонибҳо оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷониба суҳбати судманд анҷом доданд. Зимни суҳбат ба татбиқи тавофуқоти қаблан бадастомада, тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла тиҷорат, энергетика, нақлиёт, саноат, кишоварзӣ ва бахшҳои гуногуни робитаҳои фарҳангиву башарӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ҳамаҷониба баррасӣ гардиданд. Дар ин робита Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид карданд, ки сиёсати байналмилалии Тоҷикистон дар ин ҷода орӣ аз “меъёрҳои духӯра” буда, дар ҳамаи сатҳҳо ба таври созандаву шаффоф пеш бурда мешавад.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки масоили мубориза алайҳи таҳдидҳои амниятӣ, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва радикализми динӣ дар сархати чунин сиёсати давлати мо қарор доранд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2018    №: 76    Мутолиа карданд: 541

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед