logo

фарҳанг

ГАРМИИ ДАСТИ ДӮСТ, АГАР БОШАД…

Мо - тоҷикони Самарқанд аз соли 1994 ранҷи дурӣ аз наздикон мекашидему заҳри ҷудоӣ мечашидем. Аммо имрӯз ҳама шоҳидем, ки  орзуву ормонҳои халқҳои тоҷику ӯзбек амалӣ шуда истодаанд. Бо саъю талош ва хайрхоҳии сарварони оқилу дурбини ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҳоло эътибор ва нуфузи маорифу фарҳанги тоҷик меафзояд.

Ба номи сафири сулҳи ҷаҳонӣ Мирзо Турсунзода номгузорӣ шудани яке аз истгоҳҳои метрои шаҳри Тошканд, таъсиси алманахи тарҷумаи осори адибони тоҷику ӯзбек ба муносибати 140 - солагии Садриддин Айнӣ бо мақсади тармими хона - музейи номбурда ҷудо карда шудани 300 миллион сӯм, бори нахуст гузаштани ҳамоиши фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Шеър - пайвандгари миллатҳо» таҳти шиори «Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо!», баргузории шаби дӯстӣ бахшида ба бузургдошти Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, гузошта шудани муҷассамаҳои Ҷомиву Навоӣ дар Самарқанд ва дигар ибтикору иқдомҳои башардӯстонаи Ҳукумати Ӯзбекистон дили мо – тоҷикони Самарқандро барои ояндаи рӯшани забону адабиёт ва оину фарҳанги тоҷикон неру мебахшад. Ба таъкиди ҳазрати Мавлоно:
Гармии дасти дӯст, агар бошад,
Аз зимистон баҳор хоҳам сохт!
Бар замми ин, содагардонии рафтуомади шаҳрвандони ду кишвар дар гузаргоҳҳои байнисарҳадӣ дар вилояти Фарғона, ноҳияҳои Ашт, Зафаробод, Спитамен, шаҳрҳои Истаравшан, Панҷакент дарҳои дӯстиро боз карданд. Хусусан тантанаҳои ба ин муносибат бахшидашудаи фарҳангиёни вилоятҳои Самарқанд ва Суғд хотирмон буд. Дар рӯзи аввали баҳор аз дили шаҳр сӯи Ҷартеппа равон шудани автобусҳои пуродам, партавафшонии садҳо парчамҳои ду кишвар, пазироии ҳазорон аҳолии атрофи сарҳаду донишомӯзон бо гулу парчаму дастафшонӣ, салом ва нидоҳои шодбошӣ дар дидаҳои меҳмонон нуру дар дилҳо сурур меоварданд.
Зери кафкӯбиҳои марғуладори дуру дароз лентаҳои рамзӣ бурида шуданд, ба якдигар туҳфаҳо, ҷомаҳои заррину гулдастаҳо тақдим гаштанд. Дар ҳадиси Расули акрам Муҳаммад (с.) низ омадааст: «Ба якдигар ҳадияҳо кунед, то меҳрҳо афзун шаванд». Нону намак чашида шуд. Кабӯтарони беҳисоб – қосидони сулҳ ба осмон париданд, аз Қуръон сураҳо тиловат карда шуд.
Намоиши молҳои саноатӣ ва ҳунарҳои дастии халқҳои ду кишвар ба маъраз гузошта шуда буданд. Самимият ва тапиши дили якдигар эҳсос мешуд, ки ин ҳамаро бо қалам тасвир кардан душвор аст. Аҷиб он, ки аз байни ҷамъомадагон кас наметавонист фарқ кунад, ки кадоме аз ин тарафу кадом аз он тараф. Пас чӣ тавр метавон инҳоро аз ҳам ҷудо кард? Солиёни дароз иҷборан аз ҳам ҷудо кардани мардуми ин кишварҳо дили ҳамаро моломол карда буд. Аз ин боис, баробари хушҳолӣ дар дидагони бисёриҳо ашк падидор гашт. Ин муждаест аз фарорасии баҳори гулрезу гулбези ду кишвар, ки бо ҳусну тароват ва рангу бӯи хосса омада!
Мо акнун вазифадорем, ки ташаббусҳои созандаи роҳбарияти ду кишварро қадр карда, дар роҳи амалӣ гаштани онҳо бо рӯҳияи баланду эҳсоси ватанпарварона камари ҳиммат бубандем.
Амина ШАРОФИДДИНОВА,  шаҳри Самарқанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2018    №: 76    Мутолиа карданд: 280

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед