logo

иқтисод

ИЛМИ МУОСИР ВА ТАЛОШҲОИ ОЛИМОНИ ТОҶИК ДАР РУШДИ ОН

Боло рафтани сатҳи донишу фитрати аҳолии кишвар омили бунёдии рушди инкишофи ҷомеа ва дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии мамлакат пазируфта шудааст.
Аброр Мирсаидов, муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳо, доир ба саҳми илми тоҷик дар рушди ҷомеа андешаҳои худро ба хабарнигори «Ҷумҳурият» чунин баён дошт:
- Таҷрибаи мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ тасдиқ намудааст, ки дар замони муосир қариб 80 дарсади афзоиши даромади миллӣ аз ҳисоби рушди техника ба вуҷуд омадааст. Яъне, ба ин омилҳо, на танҳо муносибатҳои иқтисодӣ, балки муносибатҳои иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва сиёсӣ низ дохил шудааст. Сармояи инсонӣ дар ҷавҳари ин муносибатҳо қарор гирифта, ҳамчун муҳаррики тавоно дар рушди равандҳои инноватсионӣ ва технологияҳои нав хидмат намуда, имрӯз иқтисодиёти дониш ва иқтисоди рақамиро рӯи кор овардааст.
Ин раванд зиёиёнро водор менамояд, ки ба ҷаҳони муосир бо нигоҳи нав ворид гарданд ва барои боло бардоштани фарҳанги инноватсионии мардум саъю кӯшиш намоянд. Масъалаи шуғли мардум бо кор, бунёди ҷойҳои корӣ, таълими касбҳои нав тақозои замон аст. Бинобар ин, таҳрири барномаҳои таълимии амалкунанда бо тақозои ҷомеаву иқтисодиёти нав, ташкили бозомӯзии мутахассисон, муайян ва тайёр намудани ихтисосҳои нав вобаста бо тағйироти таркибии иқтисодиёт вазифаи имрӯзи зиёиёни мамлакат мебошад. Синфи пешбари ҷомеаи муосирро синфи креативӣ ном гузоштанд ва иқтисодиёти нави оянда иқтисодиёти креативӣ пазируфта шудааст. Тоҷикистон низ аз ин равандҳои позитивии ҷаҳонӣ дар канор набуда, падидаҳои ҷомеаи нав аллакай дар он зуҳур кардаанд.
- Дар маҷмӯъ имрӯз барои гузаштан ба ҷомеаи инноватсионӣ - иттилоотӣ заминаҳои ниҳодии созгор бунёд шуда, таъсиси силсилакорхонаҳои саноатӣ дар мамлакат тамоюли устувори гузариш аз тафаккури аграрӣ ба тафаккури индустриалӣ оғоз ёфтааст. Густариш ёфтани соҳаи маориф, иттилоот, баланд шудани донишу афкори аъзои ҷомеа ва дараҷаи тахассусии захираҳои меҳнатӣ ва аз ин лиҳоз, пайдо шудани падидаҳои иқтисодиёти дониш чун заминаи иқтисодиёти нави инноватсионӣ мавҷи тавоноро касб намуда истодааст.
Ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор тадбирҳоро баҳри беҳсозии молиявии илми ватанӣ андешидааст. Маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ барои иҷрои лоиҳаҳои илмӣ - тадқиқотӣ дар давраи солҳои 2000 – 2016 аз 1155,8 ҳазор сомонӣ то 50 572 ҳазор сомонӣ афзудааст. Вазни қиёсии он дар ҳаҷми умумии қисми хароҷоти буҷети давлатӣ 0,43 дарсад, дар ҳаҷми умумии ММД бошад 0,1 дарсадро ташкил додааст. Маблағгузории бисёршабака ва ё алтернативӣ низ рушд ёфта истодааст. Масалан, грантҳои Фонди президентӣ дар самти рушди тадқиқоти бунёдӣ таккони ҷиддӣ бахшидааст. Солҳои охир Ҳукумат доир ба баланд бардоштани музди меҳнати кормандони илмӣ тадбирҳо андешида, онҳоро дар тадқиқоти илмӣ ҳамаҷиҳата ҳавасманд мекунад.
- Натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат буд, ки ҳаҷми иҷрои корҳои илмӣ - тадқиқотӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Дар солҳои 2000 - 2016 ҳаҷми иҷрои корҳои илмӣ - тадқиқотӣ аз 1296,1 ҳазор сомонӣ то 58434,0 ҳазор сомонӣ афзудааст. Соҳаи илм, фаъолияти муассисаҳои илмии мамлакат дар мадори дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ - иқтисодӣ ворид шуда, дар ҳалли масъалаҳои гузариш ба иқтисодиёти типи индустриалӣ - инноватсионӣ саҳмгузор шуда истодаанд. Минбаъд вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷаи олимони кишвар маҳсуб меёбад.
Албатта, ҷои таассуф аст, ки алоқамандии илму истеҳсолот, тадбиқи илм дар истеҳсолот ҳанӯз ҳам дар сатҳи кофӣ ба назар намерасад. Натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ аслан дар шакли ҳисоботи илмӣ, китобу мақолаҳо интишор мешаванд ва пешниҳодҳое, ки ба сохторҳои марбутаи иқтисодиёт ирсол мегарданд, баъзан дар мавриди таҳияи қоидаву қонунҳо ва таҳияи нақша - чорабиниҳо истифода мешаванду халос. Аммо чун хизмати илмӣ татбиқи он дар иқтисодиёт ва саҳмгузорӣ барои афзудани ММД ноаён аст. Бинобар ин, бояд вобаста бо номгӯи самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар мамлакат иҷрои лоиҳаҳои илмӣ - тадқиқотиро бо тариқи созишномаҳои тиҷоратӣ роҳандозӣ намуд ва механизмҳои тиҷоратгардии илмро дарёфт.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.04.2018    №: 77    Мутолиа карданд: 193

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед