logo

фарҳанг

АҲЛИ ФАРҲАНГИ БАДАХШОН БА ХАТЛОН МЕРАВАНД

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳангоми сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 – 13 майи соли равон дар  вилояти Хатлон Рӯзҳои фарҳанги Бадахшон баргузор хоҳанд шуд.
Шодихон Ҷамшед, раиси ВМКБ, дар машварати васеи назди раиси  вилоят таъкид намуд, ки ин тадбир на танҳо ба рушди ҳамкориҳои   фарҳангии вилоятҳо, балки барои таҳкими минбаъдаи ҳамгироиҳои онҳо  дар самти иқтисод, табодули таҷриба, эҳёи  ҳунарҳои мардумӣ ва рушди сайёҳӣ мусоидат мекунад.
Бинобар иттилои Гулдаста Орумбекова, муовини раиси вилоят,  тибқи нақша дар ин чорабинӣ бештар аз 1200 нафар намояндагони  Бадахшон ширкат меварзанд. Дар назар аст, ки сокинони вилояти Хатлон дар ин рӯзҳо аз тамошои намоишномаҳои театрҳои халқии Мурғоб, Рӯшон, барномаҳои консертии ансамблҳои “Эҳё” ва “Навои Бадахшон”, ҳунармандони шуъбаҳои фарҳанги ноҳияҳои Дарвоз, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим ва Ванҷ бархӯрдор мегарданд. Ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба  номи  Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ намоишномаи “Фурӯш” (асари  Мишел Фор дар таҳияи Умед Хусрав)-ро пешкаши ҳаводорони санъати вилояти Хатлон менамоянд. Ҳамчунин, аҳли ҳунари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои намоиш дар маркази вилоят – шаҳри Бохтар барномаи композитсиониро омода намудаанд.
Намоиши ҳунарҳои мардумӣ як бахши чорабиниҳои Рӯзҳои фарҳанги Бадахшон дар вилояти Хатлонро ташкил медиҳад. Дар назар аст, ки дар ҷараёни баргузории Рӯзҳои фарҳанги Бадахшон дар Хатлон  ҳунармандони бадахшонӣ аз фаъолияти ҳамкасбони худ аз наздик шинос шуда, дар самтҳои сӯзанидӯзӣ, қолинбофӣ, созтарошӣ, коркарди мева ва сангҳои  қиматбаҳо, истеҳсоли равғани рустаниҳои шифоӣ ва амсоли инҳо табодули таҷриба мекунанд.
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.04.2018    №: 77    Мутолиа карданд: 238

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед