logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. ТАТБИҚИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

Дар давоми  се моҳи соли ҷорӣ аз тарафи шуъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 16 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сабт шудааст.

Дар ин бора Бахтовари Ислом, мутахассиси шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе, ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” иттиллоъ дод. Номбурда гуфт, ки вобаста ба ҳолатҳои қонуншиканӣ протокол тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба суд ирсол шудааст. Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид кард, ки ин шумора дар муқоиса ба ҳамин давраи солҳои пеш ба маротиб кам аст. Ин худ далели он аст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар пойтахти мамлакат самаровар буда, сокинон моҳият ва аҳамияти ин санади зиндагисозро дарк кардаанд. Гузашта аз ин, ба манзури пешгирии қонуншиканӣ ва назорати иҷрои талаботи қонун ҳоло дар шаҳри Душанбе 1086 комиссияи ҷамъиятӣ дар ҳамоҳангӣ бо 5 комиссияи доимии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт амал мекунанд, ки фаъолияташон дар ин авохир хеле назаррас аст.
Бо вуҷуди ин, санҷишҳо нишон доданд, ки дар аксари тарабхонаю ошхонаҳои пойтахт то ҳанӯз, дар самти иҷрои талаботи  шартномаҳои тарафайн камбудиҳо ба назар мерасанд. Бинобар ин, дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ 569 санҷиши муштарак доир ба ошкор ва пешгирии қонуншиканӣ гузаронда шуд. Маълум гардид, ки маҷмӯан дар пойтахт 1320 ҷашну маросим бо хароҷоти умумии  5044000 сомонӣ баргузор шудааст. 
Ҳарчанд вобаста ба татбиқи қонун пешравиҳои амиқ ба назар расида, таъсири он ба беҳбудии рӯзгори мардум мушоҳида мешавад, мутаассифона, ҳастанд нафароне, ки аз иҷрои талаботи он сарпечӣ мекунанд ва ҳангоми баргузор намудани ҷашну маросими худ ба зиёдаравӣ роҳ медиҳанд.
Сафаргул АЛИМОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.04.2018    №: 77    Мутолиа карданд: 208

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед