logo

иқтисод

ТОҶИКИСТОН. ТАШАББУСИ БЕНАЗИРИ ҲАЗОРСОЛАИ НАВ

Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар оғози ҳазорсолаи нав дар натиҷаи афзоиши аҳолӣ ва раванди дигаргуншавии иқтисодию иҷтимоӣ бо проблемаҳои зиёди глобалӣ рӯ ба рӯ омад, ки муҳимтарини онҳо мушкили дастрасӣ ба оби тоза ва санитария мебошад. Бартарафсозии онҳо талошу иқдомҳои якҷояи давлатҳоро тақозо менамояд. Созмони Милали Муттаҳид барои ҳалли ин мушкилот барномаҳои фарохдомани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва Ҳадафҳои Рушди Устуворро қабул намуд. Маҳз торафт печидатар шудани мушкилоти умдаи умумибашарӣ  – норасоии об ва истифодаи босамари захираҳои обиро ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қабули Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» пайгирона талош варзиданд  ва ҷомеаи ҷаҳонӣ  ин иқдомро истиқбол ва дастгирӣ намуд.
Тоҷикистон дар ҷаҳон пешоҳанги ҳалли масъалаҳои марбут ба об шинохта шудааст. Амалисозии иқдомҳои Сарвари давлати тоҷикон, хусусан ташаббусҳо дар бораи  эълон намудани Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005 – 2015) ва Соли ҳамкориҳо дар соҳаи об (2013), барои аҳли башар  манфиати бузург бор оварданд. Аммо мушкилоти об бар асари омилҳои зиёд, аз ҷумла афзоиши аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ, кам шудани масоҳати ҷангалзор, партофти газҳои гулхонаӣ  ва (хусусан) гармшавии иқлим сол ба сол шадидтар мешавад. Ҳаминро ба назар гирифта, Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ибтикори нави Президенти Тоҷикистонро дастгирӣ кард. Антониу Гутерреш, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид низ, дар иҷлосияи 72 – юми МУ СММ татбиқи ҳадафҳои даҳсолаи нави эълонгардидаро ба Ҳадафҳои Рушди Устувори марбут ба захираҳои об мувофиқ ва дар роҳи ҳалли мушкилоти мардуми ҷаҳон қадами ҷиддӣ арзёбӣ намуд. Ҳадафҳои асосии даҳсола ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти об, пайомадҳои манфии нарасидани оби тозаи нӯшокӣ, дарёфти роҳҳои ҳалли ин мушкилот, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳамкории кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ барои ҳалли ин проблемаи афзоянда мебошад. Амалисозии барнома давлатҳои минтақаро ҷиҳати ҳалли масоили марбут ба об гирди ҳам меоварад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба ин масъала, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон минбаъд низ ҳамкориҳои мутақобилаи судмандро бо ҳамаи кишварҳо идома хоҳад дод.
Ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли масоили вобаста ба об дар дохили мамлакат низ пайваста чорабиниҳо ба роҳ монда мешаванд. Давоми даҳ соли охир аз ҷониби давлат барои ҳалли проблемаи мазкур 1 миллиарду 700 миллион доллари ИМА ҷудо гардидааст. Дар ин муддат ҳолати таъминоти зиёда аз яку ним миллион нафар бо оби нӯшоӣ беҳтар гардонда шуд. Дар ин замина вазъи таъминоти оби полизӣ низ беҳбудӣ меёбад.
Мо, тоҷикистониён, бояд аз иқдомҳои башардӯстонаи Пешвои миллат ифтихор намоем ва дар баробари ин, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои даҳсола, хусусан ҳифзу тоза нигоҳ доштани захираҳои беназири обии мамлакат, кӯшиш ба харҷ диҳем.

Фаромаз МАРДОНӢ,
коргузори шуъбаи таъминоти ҳуқуқи мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.04.2018    №: 77    Мутолиа карданд: 346

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед