logo

Хабарҳо

Гиромидошти Ашӯр Сафар дар Кӯлоб

Дар шаҳри Кӯлоб аз Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар ёд оварданд. Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, шоирону нависандагон, омӯзгорону донишҷӯён, пайвандони шоир ва дигар ихлосмандони шеъри воло иштирок намуданд.
Ҳақназар Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон, аз давраҳои ҷавонии шоир ва ҳаёти пурмаҳсули эҷодии ӯ ёдрас шуда, изҳор дошт, ки Ашӯр Сафар бо шеърҳои баландмазмунаш дар ҳар як маҳфил гули сари сабад буданд.
Гуфта шуд, ки шоир дили дардошно дошт. Шеъри ӯ аз барору нобарориҳои мардум сарчашма мегирифт ва ба ҳарорату накҳати хосаш ба дили хонандагон роҳ меёфт. Тӯли 26 соли фаъолияти эҷодӣ 12 маҷмӯаи ашъори шоир пайдарҳам чоп шудааст. Соли 1990 бо маҷмӯаи «Гулбоғ» ба дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ сарфароз мегардад.
Солҳои 80 ва ибтидои 90 давраи камолоти эҷодии Ашӯр Сафар шинохта шудааст. Ин аст, ки барои хизматҳои шоён дар рушди адабиёти шӯравии тоҷик соли 1991 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ашӯр Сафар унвони Шоири халқии Тоҷикистон дода мешавад.
Ба гуфтаи Файзи Ашӯр, писари Ашӯр Сафар, айёми осудагии шоир дер давом накарда, дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Ин фоҷиа барои ӯ барин шахсиятҳо бетаъсир намонд. Махсусан марги нобаҳангоми Ҳофизи халқии Тоҷикистон Одина Ҳошим ва Сомеъ Одиназода, ки ҳамсуҳбат ва қадрдонҳои адиб буданд, ба ӯ гарон афтод ва рӯҳан афгораш намуд. Ҳолати Ашӯр Сафарро устод Лоиқ Шералӣ басо амиқ ба қалам додааст: «Ашӯр Сафар таронасарои халқи тоҷик буд. Аммо дар ин чор соли баъд марсияхони миллати мо шуд. Ягон шоир дар байни аҳли адаб дар ин чор соли охир ин қадар марсия насурудааст, ки Ашӯр Сафар сурудааст».
Лашкар ШАРИФ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 276

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед