logo

Хабарҳо

ТОҶИКОБОД. Вусъати корҳои баҳорӣ

Зимистони имсола дар қаламрави ҷумҳурӣ, ки хусусан дар ноҳияи Тоҷикобод, нисбатан гарм ва камбориш омада, деҳқононро ба мушкилӣ мувоҷеҳ намуд. Аммо боришоти боронҳои баҳорӣ намнокиро дар заминҳо таъмин намуда, деҳқонони ноҳияро барои вусъат бахшидани кишту кор дилгарм сохт. Тибқи иттилои Фазлиддин Қурбонов, сардори бахши кишоварзии ноҳия, айни ҳол маъракаҳои кишти баҳорӣ, кабудизоркунӣ ва корҳои  ободонӣ  дар авҷанд.

Кишту кори зироатҳои кишоварзӣ  хуб ҷараён дорад. То имрӯз дар майдони 12 гектар картошка ва 10 гектар сабзавот кишт шудааст.  Захираи тухмии картошка ба  2096 тонна мерасад, ки барои кишти имсола басанда аст. Аз ҳисоби кам кардани майдонҳои замини ғалла ва алафҳои бисёрсола имсол бояд кишти картошка 76 гектар ва сабзавот 110 гектар зиёд карда шавад. Кишоварзон талош доранд, ки аз боду ҳавои мусоид босамар истифода намуда, кишти картошка, ғалла, сабзавот, зағир ва зироатҳои дигарро сари вақт ба анҷом расонанд. Тибқи маълумоти оморӣ, алҳол дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 142 трактор  дар ҳолати омодаи кор қарор дорад.
Зиёд шудани майдони кишти картошка барои таъмини амнияти озуқавории кишвар мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, кишоварзон уҳдадор шуданд, ки дар 40 дарсади заминашон картошка бикоранд.
Дар ноҳия 4168 гектар замини корами обӣ  мавҷуд аст, ки ба воситаи каналҳои Дараи Нӯшор, Сафедоб,  Дашти Боқӣ, Сари Пул, Капалӣ, Фатҳобод, Сабзазор, Кӯли Мирзангӣ ва Кӯли Калон обёрӣ мешаванд. Каналҳои Кӯли Калон, Сафедоб ва Дараи Нӯшор аз тарафи шабакаи обтаъминкунии ноҳия таъмири капиталӣ шудаанд. Ин имкон медиҳад, ки ғунҷоиши об дар каналҳо зиёд ва таъминоти заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ беҳтар гардад.
Тибқи нақша, деҳқонони ноҳия  имсол бояд дар талу теппаҳои бо намӣ таъмин, 20 ҳазор бех ниҳоли гуногун шинонанд. То имрӯз 16 ҳазор бех ниҳол - 10 ҳазор ороишию сояафкан ва 6 ҳазор мевадиҳанда шинонда шудааст. Маърака аз ҷониби аҳли ҷамоатчигии  деҳот роҳандозӣ гардидааст. Ҳамчунин, тибқи дурнамо, дар талу теппаҳои ноҳия 21 гектар боғи нав бунёд ёфта, 10 гектар боғи куҳна аз нав барқарор мешавад. Айни замон дар майдони 11 гектар боғи нав бунёд гардида, 8 гектар боғи куҳна барқарор шудааст.
Дар маҷмӯъ назар ба ҳамин давраи соли гузашта вусъати корҳои баҳорӣ, аз ҷумла ниҳолшинонию кишт, инчунин, таъминот бо тухмӣ ва техника  хубтар аст.
Дилшод АМИРОВ,  «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 227

16.08.2018


Рӯзноманигорони ӯзбек меҳмони Тоҷикистон

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед