logo

фарҳанг

МУЪМИНОБОД. ГАНҶИНА БА РӮИ ҲАМА БОЗ АСТ

Имрӯз ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров, адабиётшиноси маъруфи тоҷик ва мазори ӯ дар шаҳраки Муъминобод дар қатори ёдгорӣ ва иншооти таърихию фарҳангӣ ба зиёратгоҳи хосу ом табдил ёфтааст.

Зимни сафари хидматӣ ба ноҳияи Муъминобод  маро ба ин манзил Маҳсиддин Талабов, муаррихи шинохта  ҳамроҳӣ намуд. Дар паси бино дар боғи хеле зебо ва муназзаму ороста оромгоҳи устод Соҳиб Табаров ва ҳамсараш Ванда Яблонская воқеъ гардидаанд. Дар санги мазораш чунин навиштаҷот ҳаккокӣ шудааст:
Табаров Соҳиб  23. 11. 1924 – 12. 04. 2015
Бар сари турбатам оеду зи ман ёд кунед,
Дар дили хок равонам, ба дуо шод кунед.
Гарчи обод нашуд хонаи дунёии ман,
Хонаи қабри маро аз карам обод кунед.
Меҳроб Табаров, мудири ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров , зимни суҳбат иброз дошт, ки он соли 2006 аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сохта ба истифода дода шуд. Воқеан, ин муассиса барои мардуми ноҳия як ганҷинаи бебаҳост, ки аз он омӯзгорон, хонандагони муассисаҳои таҳсилотӣ, нафақахӯрон истифода мебаранд. Дар баробари ин, олимону нависандагон, бахусус аспирантон ҳафтаҳо дар ин ҷо истода, аз мероси бебаҳои устод Соҳиб Табаров баҳраманд мегарданд. Меҳмонон аз дуру наздик, бахусус сайёҳони дохиливу хориҷӣ баробари ба ноҳия ворид шудан аз ин ганҷина дидан мекунанд.
Дар ин ҷо китобу дастхатҳои устод аз соли 1941, ҳамчунин, маҷаллаҳои «Садои Шарқ» ва он китобҳоеро, ки дар тӯли ҳаёт ҷамъоварӣ  ва мавриди истифода қарор додаанд, ҷой доранд. 
Бояд тазаккур дод, ки  Соҳиб Табаров соли 1924 дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ба дунё омада, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктор ва профессори фахрии Донишгоҳи миллӣ ва муаллифи беш аз 850 асару мақолаҳои илмӣ мебошад.
Осори олим “Ҳаёт, адабиёт, реализм” (дар панҷ ҷилд, солҳои 1966-1989), “С. Айнӣ – қофиласолори адабиёти советии тоҷик” (1977), “Мунзим. Беҳбудӣ” (2002) аз китобҳои маъруфи ӯянд. Соли 2013 китоби нави ӯ бо номи “Пайрав Сулаймонӣ” дар Душанбе нашр ва дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон муаррифӣ шуда буд. Ин китоб давоми асарест, ки дар солҳои шастуми қарни гузашта аз сӯи С. Табаров дар бораи шоири тоҷик Пайрав Сулаймонӣ навишта шудааст.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2018    №: 78    Мутолиа карданд: 209

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед