logo

иқтисод

ОБИ ТОЗА. НАҚШАИ СОДИРОТ БОЯД ТАҲИЯ ШАВАД

Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон дар ҷои ҳаштум қарор дошта, ҷиҳати бо оби нӯшиданӣ ва полизӣ таъмин намудани аҳолии минтақаи Осиёи Марказӣ саҳми бузург мегузорад. Ба замми ин, кишвари мо  барои  ҳалли масъалаҳои вобаста ба об пайваста талош меварзад.  Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” далели возеҳи ин аст.
Имрӯзҳо ин иқдом дар ҳоли афзоиши мушкилоти вобаста ба об аҳамияти тоза касб мекунад. Беш аз 2,5 миллиард сокини сайёра аллакай аз норасоии оби тоза мушкилӣ мекашад, аз ҷумла дар  Осиёи Марказӣ низ. Дар ин маврид барои осон кардани мушкили мардум моро  зарур аст, ки ба таҳияи нақшаи вижаи иқтисодии давлат дар самти содироти оби тозаи  нӯшоӣ тадбирҳо андешем. Зеро Тоҷикистон тавассути мавҷудияти захираҳои бузурги обӣ имкони бо оби арзону босифати нӯшоӣ таъмин намудани аҳолии кишварҳои дигарро дорад. 
Дар мамлакат 8,5 ҳазор километри мураббаъ пирях мавҷуд буда, аз он ҳамасола оби зиёд  ба рӯду дарёҳо мерезад, ки тозаю нӯшиданист. Аз ин рӯ, барои содироти оби тозаи арзон   аз кишвар  ба мамолики дигар  бояд чораҳои дахлдор андешида шаванд. Барои ин кор якҷо бо кишварҳои эҳтиёҷманд фароҳам овардани пойгоҳи ҳуқуқӣ ва моддию техникии содироти об зарур аст. Ҳамчунин, роҳҳои содирот ва идораи фурӯши босамари обро мукаммал сохтан ва барои ташкили савдои он бунёд намудани иншоот нақши калидӣ мебозанд. Ба роҳ мондани содироти оби арзону босифат барои ташкили ҷойҳои зиёди корӣ низ имконият фароҳам меорад. Роҳандозии содироти об тариқи омодасозии лоиҳаҳои дурусти сармоягузорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони ватанию хориҷӣ ба даст меояд, аз ин рӯ, ҳалли масъалаи номбурда аз масъулони соҳа тадбирандеширо тақозо менамояд.
Фаррух AБДУВОСИЕВ,
ходими пешбари илмии
Институти иқтисодиёт ва демография


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2018    №: 78    Мутолиа карданд: 436
27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед