logo

сиёсат

ҲАМГИРОӢ ДАР БОБИ ДӮСТИИ ТОҶИКОНУ ӮЗБЕКОН

Бо гузашти солҳо моҳи марти соли 2018 ҳамчун оғози марҳилаи сифатан нави ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ёд хоҳад шуд. Зеро дигаргуниҳое, ки дар таҳкими муносиботи дӯстонаи ду кишвар иттифоқ афтод, арзишҳои дӯстиву ҳамсоядории накуи мардумони тоҷику ӯзбекро ба асли хеш баргардонд.
Ифтитоҳи гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва таъмини рафтуомади бемонеаи шаҳрвандони ду кишвар ба қаламрави якдигар суруру шодмониҳои зиёдеро ба бор овард, ки аз баракати сиёсати некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев рақам зада мешавад.
Тавре маълум аст, зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Изҳороти муштараки сарони давлатҳо ва 27 созишномаи ҳамкории байниҳукумативу байниидоравӣ ба  имзо расид, ки дурнамо ва густариши равобити ҳасанаро таъмин хоҳанд кард. Ба бовари таҳлилгарон, санадҳои тасвибшуда дар рушди ҳамкориҳои ин ду кишвари ҳамҷавор нақши беандоза муҳиму созанда хоҳанд бозид. Сарони давлатҳо бо қаноатмандӣ аз мулоқоту музокироти дар сатҳи олӣ доиршуда, зимни изҳороти мутбуотӣ ба хабарнигорон аз мувофиқати тарафҳо оид ба ҳалли пурраи мушкилоти мавҷуда дар муносиботи ду кишвар хабар доданд. Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: «Мо масъалаҳои ҳифзи мероси маънавӣ ва фарҳангии ду халқи бародар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ба роҳ мондани робитаҳои миёни ходимони фарҳангӣ, илмӣ ва маорифро баррасӣ намудем». Дар ин замина оид ба тарҷумаи адабиёти классикӣ ва муосири тоҷику ӯзбек ба забонҳои ду давлат, инчунин, дар бораи мутаносибан ба роҳ мондани омӯзиш ва таълими забонҳои ӯзбекӣ ва тоҷикӣ дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мувофиқа ҳосил шуд, ки дурнамои ҳамкориҳои илмию фарҳангиро ба маҷрои нав равона хоҳанд кард.
Оре, бояд ҳамин тавр ҳам мешуд. Зеро чуноне ки медонем, ба сабаби номаълум будани тақдири ояндаи фарзандон бо гирифтани маълумоти миёнаву олӣ ба забони ӯзбекӣ як идда падару модарони ӯзбекзабон дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ихтиёран ариза навишта, фарзандони худро ба синфҳои тоҷикӣ интиқол медоданд, то ки пас аз хатми мактаб таҳсили касбу ҳунаромӯзиро дар коллеҷу мактабҳои олӣ ба забони тоҷикӣ идома дода тавонанд. Албатта, ин амал, бахусус барои фарзандони онҳо басо заҳматовар маҳсуб меёфт. Акнун чунин ташвишу нобасомониҳо, ки шояд ба таври сунъӣ падид меомаданд, аз миён бардошта шуд. Гузашта аз ин, мо медонем, ки дипломҳои маълумоти олии як зумра донишҷӯёни тоҷикзабону ӯзбекзабон, ки тибқи таҳсилашон дар муассисаҳои олии Тоҷикистон дода шудааст, тайи ду даҳсолаи охир аз тарафи мақомоти Ӯзбекистон эътироф намешуд. Акнун бовар меравад, ки ин масъала низ дар Ӯзбекистон ҳаллу фасли мусбати худро хоҳад ёфт.
Дар як муддати кӯтоҳ дар Самарқанд аз нав таъмиру тармим шудани осорхонаи асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ва муҷассамаи Ҷомиву Навоӣ, ки ифодагари рамзи дӯстии қадимаи тоҷикону ӯзбекон маҳсуб меёбад, бунёди Боғи дӯстӣ бо гузоштани муҷассамаҳои Ҷомӣ ва Навоӣ дар шаҳри Душанбе, аз иқдомоти камназирест, ки нишонаҳои дӯстии безаволи тоҷикону ӯзбеконро рӯи кор овард.
Саидбой ШЕРБОЕВ,
узви вобастаи АТТ, доктори илмҳои педагогӣ,
профессори ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2018    №: 78    Мутолиа карданд: 268

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед