logo

фарҳанг

ПАЙВАНДИ ЯК ИМОНЕМ

Вақте мо дар бораи дӯстии мардумони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сухан меронем, таърихи муносибатҳои ин ду халқи бародар – тоҷику ӯзбек пеши назар меояд. Таърихе, ки реша ба замонҳои мозӣ дорад ва вақте ин таърихро ба чашми ибрат менигарем, мебинем, ки беҳтарин ва хушбахттарин даврон дар ин муносибатҳо ҳамон давроне будаанд, ки халқҳо дар сулҳу дӯстӣ ва меҳрубониву хайрхоҳӣ дар канори ҳамдигар зистаанд.

На танҳо таърихи халқҳо, балки таърихи илму фарҳанг, таърихи муносибатҳои дӯстонаи бузургони гузаштаи ин ду халқ низ намунаи ибрат ва пандомӯзи имрӯзиён аст. Дар бисёр соҳаҳои илмҳои дақиқ аз риёзиву ситорашиносӣ то ба фалсафаву равоншиносӣ олимони ин минтақа новобаста аз мансубияти милливу нажодӣ барои илми замони худ хизмат намудаву пояҳои қавии онро гузоштаанд.  Муносибати  бародарӣ, шогирдиву устодӣ, эҳтироми баланди ҳамдигарӣ дар байни Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ намунаи барҷастаест, ки чи гуна дар асоси дӯстии ду абармард ду миллати ҳамсоя метавонанд дӯсту бародар бошанд ва аз ин дӯстӣ ҳар ду ҷониб баҳраҳо бардоранд ва ин дӯстӣ заминаҳои мустаҳкаме барои бунёди дӯстии халқҳо, рушди илму адабу фарҳанг гузорад.
Имрӯз бо гузашти солҳо замон бори дигар водошт, ки дар асоси он таҳкурсии мустаҳкаме, ки абармардон гузошта буданд, кохи нави боэътимоду муҳташами дӯстӣ бунёди қавии худро оғоз ниҳад. 
9-уми марти соли 2018 сафари расмии давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вохӯриву мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таърихи нави муносибатҳои бародарона ба зуҳуроти нишотбахш ва сурурангез ва фаромӯшнашудании таърихи ду кишвар табдил ёфт. Дар суханони Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон  уфуқҳои тоза ва умедҳои дилгармкунандаи муносибатҳои ду кишвар дурахшон гардиданд: “Мардуми моро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибайн муттаҳид месозанд. Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тасмимоти имрӯзаи мо бар заминаи музокироти суратгиранда аз бисёр ҷиҳат хислати таърихӣ дошта,таконбахш мебошанд. Онҳо барои марҳила ба марҳила боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав асосу заминаи боэътимодро фароҳам меоранд.”
Он рӯзҳо аз ҳар сухан, аз ҳар ҳарфи гуфтори  президентҳои ду кишвари бародар чи қадар эҳтиром, эътимод, бовар ва нишоти истиқбол мерехт: “Мо иқдомоти Шуморо дар мавриди эҷоди фазои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар фазои умумии мо самимона истиқбол гирифтем, зеро онҳо бо ҳадафҳои мо комилан созгору ҳамоҳанг мебошанд”, - гуфтанд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Он рӯзи таърихӣ ва фаромӯшношудание, ки нуҳ гузаргоҳи сарҳадӣ дар байни кишварҳои мо кушода шуд, ба иди ҳақиқии дӯстии халқҳои ҳамсарҳади ду кишвар  табдил ёфт. Мисли ин ки падидае чунин хурсандибахшу созгор ба армонҳои миллии халқи ҳар ду ҷониб дар зарфи бисту шаш сол ба амал наомада буд. Бубинед, бо чи ташнагие одамон аз ин иқдоми президентҳо истиқбол карданд. Модар ба дидори фарзанд, додар ба дидори хоҳар расид, хешутабор ба ҳам омаданд. Хушбахтие беш аз ин чӣ буда метавонад? Баробари кушода шудани сарҳадҳо алоқа ва равуо барқарор шуд. Ҳанӯз муҳлати зиёде нагузаштааст, аммо аллакай баракати ин алоқаҳову равуо ба ноҳияҳои ҳамсарҳад расидааст. Доду гирифтҳои ҳамсоягӣ нархҳоро дар бозорҳо поён карданд ва ин ҳам ба манфиати мардуми ҳар ду ҷониб аст.
Бо камоли шодмонӣ, умедворӣ ва орзуву ормон мегӯем: роҳат сафед бод корвони дӯстиву муҳаббат, некиву хайрхоҳӣ, зеро бо ту зиндагӣ хуштару зеботар, дилпазиртар аст! Бигзор дар паноҳи ин дӯстӣ ду халқи бародар, зиндагии осоиштаву рангин дошта бошанд. Зеро дар он ҷойе, ки дӯстӣ ҳаст, ҳавои покизаи некиву хайрхоҳӣ раҳнамои одамон ба пирӯзиҳо хоҳад буд.

ТОҶИКУ ӮЗБЕК
Пайванди як имонем, фарзанди мусалмонем,
Не ӯзбеку не тоҷик, парвардаи як нонем.
Ду дидаи як рӯем, ду соҳили як ҷӯем,
Ду устуни як хона, ду сӯи як айвонем.
Ҳамсояву ҳамқисмат, ҳамхонаву ҳамисмат,
Омехта чун ҳастӣ дар як тану як ҷонем.
Шаҳри ману ту як шаҳр, наҳри ману ту як наҳр,
Ҳатто ба мазоре як кулфатзада сар монем.
Ҳамсояву ҳамхонем, ҳамсурату ҳамсонем,
Ду боли як умеди шаҳбози парафшонем.
Обе, ки ба ҳам омехт, натвон-ш ҷудо бинмуд,
Омехта  мо бо ҳам ду рӯди хурӯшонем.
Эй кош миёни мо шӯри туву ман  н-афтад,
З-ин оташи миллаткуш не ман, на ту монем.
Аз кина магар рӯзе ғарқобаи хун гардем,
Ё з-ишқу вафо сарсабз чун боғ гул афшонем.
Бигзор ба ҳам бошем ду дасти ба ҳам пайванд,
Ду мисраи як байти ҳамдарду ҳаминонем.
Бигзор шавад шодоб имрӯз дарахти меҳр,
Эй ишқ, ту дарё шав, мо нахли ниёгонем!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2018    №: 78    Мутолиа карданд: 224

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед