logo

фарҳанг

"ТОҶИКОН" АЗ НАЗАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Бидуни сарпарастӣ ва кӯшишу талошҳои пайвастаи фарзандони фарзонаи халқ умри миллат ва арзишҳои фарҳангии он дер давом намекунад. Ҷавонмардони ҷасур, кӯшо, донишманд ва дурандеши ҳар давру замон метавонанд падидаҳои нодиру нотакрори ниёгонро ҳифз карда, барои рӯшании фардо чароғҳои дигарро фурӯзон кунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ то имрӯз ба гиромидошти бузургон ва осори гаронмояи эшон кӯшидаанд. Бавижа, барои қадрдонии аллома Бобоҷон Ғафуров, ки «Тоҷикон» - аш Тоҷикистонро сипари ҷовидон гашт, ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ибтикори ҷиддие даст заданд.
Соли 1998, ки кишвари мо тоза аз вартаи нобудӣ ва кашмакашиҳои сиёсӣ раҳо ёфта буд ба нашри дубораи «Тоҷикон» ҳиммат гумоштанд. Он сол чопи ин шоҳасар армуғони нодире ба ифтихори 90-умин солгарди аллома Ғафуров гардид, ки дар Теҳрон бо сифати баланд ва ба теъдоди 10 000 нусха нашр шуда буд.  Ин китоби мондагор нахустин бор дар нашриёти «Ирфон» соли 1983 нашр шуда, то он рӯз таҷдиди чоп нашуд.
Тазаккур бояд дод, ки баъди чопи соли 1998 «Тоҷикон» - ро дар кишвари мо борҳо нашр карданд, аммо дар коғази камсифат, бо шумораи гуногун ва бидуни харитаҳои вижа, ки дар байни китобанд. Харитаҳои ёдшуда аз осорхонаҳои Русия, Ӯзбекистон, Британияи Кабир ва Фаронса барои истифода ба ихтиёри муаллиф вогузошта шуда буданд.
Дар баробари қабули Конститутсия, Суруди миллӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ ба чопи дубораи «Тоҷикон» иқдом намудани Пешвои миллат ва ба чопи нави китоб сарсухани мухтасару муъҷазе бо номи «Сарчашмаи худшиносии миллӣ» навиштани эшон бесабаб набуд. Зеро он кас дурандешона пай бурданд, ки ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ дар байни халқ аз худношиносӣ ва дурӣ аз асолати миллии хеш сар задааст. Бад - ин мазмун менависанд: «Ҳар фард бе омӯзиши таърихи кишвари худ аслу насаб ва маърифати зотиву бумиашро бегазанд нигоҳ дошта наметавонад, аз решаи худ дур ё канда шуда, ба вартаи гумномӣ ё фано қадам мениҳад ва ба таъбири имрӯзиён, манқурт мешавад».
Дар ин навиштаи Сарвари кишвар, ки дар саҳифаи аввали чопи нави «Тоҷикон» сабт аст, ишораи нозукеро дар мавриди ҷангу мухолифатҳои дохилӣ пай бурдан мумкин аст. Ва, воқеан ҳам, солҳои 90 - уми асри гузашта баъзе неруҳои дохиливу хориҷӣ моро аз реша кандан, ба вартаи фано кашондан ва манқурт карданро асли ҳадафҳои ғаразноки хеш қарор дода буданд.
Пешвои миллат ҳамчун давоми мантиқии гуфтаҳои мазкур воқеъбинона инъикос карданд, ки оқибати гумроҳӣ ва гаправиҳо алангаи ҷангро дар мамлакат баланд кард: «Агар мо аз роҳи тайкардаи пур аз шебу фарози миллати худ огоҳии нисбатан пурра медоштем ва аз хатоҳои содирнамудаи ниёгонамон сабақ мегирифтем, шояд тӯфони офатбори ҷанги гражданӣ, ки мо ба он дучор омадем, чунин ранги фоҷиавӣ намегирифт».
Дарвоқеъ, мағзи як гурӯҳ мутаассибону ғофилонро шуста, водор мекарданд, ки ҳофизаи бузурги таърихӣ ва тамаддуни чандинасраи миллатро бо зуҳуроти террору хурофоту таассуби рӯякию тақлидӣ иваз намоянд. Барои роҳандозии чунин мақсадҳои нопок холигоҳи бузурги фарҳангию сиёсиро ба вуҷуд оварда буданд. Боз ҳам Пешвои миллат ҳушдор дода навишта буданд: «Таърих гувоҳ аст, ки аз рӯи чунин беэҳтиётӣ ва воқиф набудан аз гузаштаи хеш қисме аз давлату миллатҳои абарқудрат пора - пора шуда, аз забон ва расму оини хеш маҳрум гардидаанд. Дар аҳди бостон чунин мисолҳо фаровонанд».
Президенти мамлакат дар сарсухани ёдшуда сабабҳои харобии кишвар ва ба ин зудӣ ба доми ҷанг кашида шудани халқро ҷуста, менигоранд: «Аммо пӯшида нест, ки солҳои тӯлонӣ мо аз омӯзиши мероси таърихии халқи худ як андоза дур мондем. Дар мактабу донишгоҳҳо ба фарзандони мо ба ҷои таърихи халқи тоҷик бештар таърихи халқҳои дигарро меомӯзонданд. Шояд як сабаби аз асли хеш каме дур мондан ва паст рафтани маънавиёт, коҳидани ахлоқи ҷомеаи мо аз ҳамин иборат буд».
Дар сарсухан, ҳамчунин, зикр меёбад, ки фарзандони нобиғаи миллат Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров чунин норасоии ҳофизаи таърихиро дуруст пай бурданд ва дар замони худ ба корномаҳои миллатсозу фардофарин даст заданд ва имрӯз вақти он расидааст, ки мо низ насли навро ҳар чи бештар аз барору нокомиҳои ниёгон дар набарди зиндагӣ огоҳ намоем.
Баъдтар ба аввалин чопи асари фундаменталии аллома Бобоҷон Ғафуров – «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» мурур намуда, таҷрибаи аввалини таърихнависии тоҷик будани асари мазкурро махсус қайд мекунанд. Дар соли таҷдиди чопи «Тоҷикон» аз нашри «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» панҷоҳу як сол сипарӣ мешуд. Зеро онро аллома Ғафуров соли 1947 аз чоп бароварда буд.
Дар ин росто, Пешвои миллат бо таассуф изҳор медоранд, ки чунин асари бунёдӣ ва аввалин таърихномаи миллат дар давоми ним аср ҳамагӣ як маротиба рӯи чопро дидааст: «Пӯшида нест, ки баъди инқилоб мардуми мо ба таври сунъӣ аз омӯхтани таърихи чандинҳазорсолаи худ бенасиб гашт ва маънавиёту ахлоқаш аз нарасидани ин ғизо коҳид. Асари Бобоҷон Ғафуров («Таърихи мухтасари халқи тоҷик» - Б. С.), ки чун обу ҳаво барои худогоҳӣ ва рушди тафаккури таърихии мардум зарур буд, дар тӯли панҷоҳ сол як маротиба нашр шуд. Албатта, ин боиси таассуф аст. Аз рӯи инсоф мебоист ин асар борҳо аз чоп мебаромад ва дастраси ҳар як фарди тоҷик мегардид».
Дар тақвияти навиштаҳои Сарвари давлат, ки инак 20 сол сипарӣ мешавад, афзуданием, ки имрӯз ҳам чопи асарҳои дигари Аллома Ғафуров, бавижа куллиёти ӯ аз тарафи ниҳодҳои дахлдор роҳандозӣ нашудааст.
Дар давоми сарсухан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алорағми нотавонбинони каҷдил бархостани Бобоҷон Ғафуров барин шахсияти донишманду дурандешро чунин шарҳ медиҳанд: «Омӯхтани таърих барои донистани гузашта нест, балки ин барои шукуфоии фардои ҳар як миллату давлат зарур аст. Яъне, миллат аз гузаштаи худ, - хоҳ дурахшон бошад, хоҳ тира, - сабақ бигирад ва дурнамои ояндаашро муайян созад. Академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳамин хотир умри худро ба таҳқиқ ва эҷоди таърихи миллаташ бахшид ва хушбахтона ба мурод расид».
Минбаъд ба баррасии сатҳи баланди илмии китоби «Тоҷикон» пардохта, онро на балки қомуси таърихи тоҷикон, балки таърихномаи халқу миллатҳои гуногуни Осиёи Миёна маънидод мекунанд: «Қимати илмии «Тоҷикон», алҳақ, бениҳоят бузург аст. Бобоҷон Ғафуров бо ин иқдоми нек ва заҳмати пурбаҳояш на танҳо саҳифаҳои таърихи рангини миллати тоҷик ва ҳамзабони мо, балки таърих ва роҳи тайкардаи халқҳои ӯзбеку қирғиз ва қазоқу туркманро то андозае ба хонанда ошно сохт. Ин хидмати рустамонаи Бобоҷон Ғафуров шоистаи таҳсин ва офарин аст».
Дар ҳақиқат, баъди нашри русии «Тоҷикон» ба он тақризу мақолаҳои зиёд навишта шуд. Шарқшиносону муаррихони шӯравию хориҷӣ аз ин асари бузурги илмӣ истиқбол намуданд. Аз ҷумла, дар Афғонистон ба хати форсӣ, дар Ҳиндустон ба забони ҳиндӣ, ӯзбекӣ, арабӣ ва чандин забонҳои дигар тарҷума шуданд.
Аз ин ҳама муҳокима ва баррасиҳои оқилона ва дар замони ноором ба чопи дубораи ин шоҳасар камар бастани Пешвои миллат пайдост, ки нашри такрор ба такрори осори Бобоҷон Ғафуров барои расидан ба ваҳдати миллӣ, эҳёи хотираи таърихӣ ва барафрӯхтани эҳсоси ватандӯстӣ мадад хоҳад расонд.
Бузургмеҳр САЛИМОВ,
аспиранти Институти забон  ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2018    №: 78    Мутолиа карданд: 348

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед