logo

Хабарҳо

Ҳамкориҳои Бонки миллӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор вусъат меёбанд

Дар пойтахти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – шаҳри Вашингтон муовини якуми раиси Бонки миллӣ  Ҷамолиддин Нуралиев бо муовини директори Департаменти бозорҳои пулӣ ва сармояи Хазинаи байналмилалии асъор  Ҷиҳад Алвазир мулоқот намуд.
Ҷамолиддин Нуралиев оид ба пешбурди сиёсати иқтисодии давлат, идоракунии захираҳои байналмилалӣ, татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ, сиёсати фискалӣ, рушди бахши воқеии иқтисодиёт, таъмини суботи молиявӣ, вазъи низоми бонкии кишвар, татбиқи ислоҳот дар ин самт ва тадбирҳои пешбинишуда ибрози андеша намуда, зикр кард, ки дар натиҷаи андешидани як қатор тадбирҳо бо истифода аз фишангҳои муосири иқтисодӣ нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, аз ҷумла сатҳи таваррум, дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда нигоҳ дошта шуд.
Ҳамзамон, Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи Ҷиҳад Алвазирро барои татбиқи барномаҳои муштараки Бонки миллии Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор, инчунин, мусоидат ба кумакҳои техникӣ дар самти татбиқи ислоҳот дар сиёсати монетарӣ, аз ҷумла бо истифода аз фишангҳои муосир бо роҳи гузаштан ба ҳадафгирии таваррумӣ, ҷалб намуд.
Ҷиҳад Алвазир аз сатҳи муносибатҳо бо Бонки миллии Тоҷикистон қаноатмандӣ намуда, барои дар оянда тавсеа бахшидани ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногуни низоми бонкӣ изҳори омодагӣ кард.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 328

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед