logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

КИШТИИ «САДРИДДИН АЙНӢ»  ДАР УҚЁНУСИ ОРОМ
Устод Садриддин Айнӣ шахсияти маъруфи ҷаҳонист. Дар кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон мактабу кӯча ва хиёбону гулгаштҳо ба номи ин бузургвор гузошта шудаанд.
Аз ҷумла, ҳанӯз соли 1979 ба ифтихори 100 - солагии Айнӣ  дар Русияи шӯравӣ киштии махсус ба номи   «Садриддин Айнӣ» сохта шуд, ки имрӯз ҳам дар уқёнуси Ором, аниқтараш дар баҳри Япония, наздикии вилояти Владивосток шино дорад.
Мувофиқи маълумот, киштии мазкур дар коргоҳи «Ока» сохта шуда, муаллифи тарҳи он Роман Гулевич аст. Рақами лоиҳавии он 15 88 ва навъашро навъи Василий Шукшин меноманд. Номгузории киштӣ, ҳавопаймо ва қатораҳо аҳамияти сиёсӣ дошта, танҳо ба номи шахсиятҳои барҷаста ва обрӯманд гузошта мешавад.
Устод Айнӣ соли 1978 дар қайди ҳаёт набуданд. Пас, аз соли сохтмони киштӣ (1979) пайдост, ки омодагӣ барои бунёди он чандин сол қабл бо супориши ниҳодҳои дахлдори СССР оғоз ёфта буд. Бо ин амал Иттиҳоди Шӯравӣ ба номи фарзонафарзанди тоҷик арҷ гузоштааст.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


ЯК ПАНД
Рӯзе писаре ҳамроҳи падараш вориди тарабхона шуд. Бар асари пириву оҷизӣ ҳангоми таом хӯрдан дастони падар меларзид ва хӯрок аз даҳон ба куртаву шалвораш рехт. Аз ин ҳолат дигарон нороҳат шуданд, вале ғайричашмдошт писар ниҳоят ором буд.
Баъди таом дасти падарро гирифту назди дастшӯйӣ бурд. Асари таомро аз сарулибосаш тоза карда, мӯяшро шона зад. Вақте онҳо аз тарабхона берун мешуданд, дигарон ҳайратзада буданд. Вале пирамарде аз миён бархоста, назди писар омад ва пурсид:
- Оё ягон чизатонро монда нарафтед?
Писар гуфт:
- Ташаккур! Гумон мекунам, не.
Пирамард пас аз андаке андеша боз афзуд:
- Ба шумо ташаккур писарам. Ҳарчанд худ ҳис накардӣ, вале аз худ чизи хубе монда рафтӣ. Яъне, дарсе барои писарон ва умеде барои падарон.
Таҳияи Қурбон АҲМАДЗОД


9 НАФАРЕ, КИ ТО 30 - СОЛАГӢ ҚАҲРАМОНИҲОИ ТАЪРИХӢ НИШОН ДОДААНД
5. АЛЕКСАНДР НЕВСКИЙ
Князи бузург ва лашкаркаши рус буд. Соли 1242 яке аз муҳорибаҳои машҳуртарини Александр бо номи «Муҳорибаи болои ях» ба амал омад, ки дар он артиши муттаҳидаи русҳо неруи бузурги ордени Ливон (ритсарҳои олмонӣ)-ро шикаст доданд. Қӯшунҳои олмонӣ ба маркази низоми ҷангии русҳо зарбаи шадид заданд, аммо баъдан сарбозони савораи князӣ аз ҷаноҳҳо (фланг) зарба зада, муҳорибаро хотима бахшиданд. Тибқи солноманависии Новгород русҳо олмониҳоро ба масофаи 7 чақрим дар болои яхи кӯли Чуд думболагирӣ намуданд.
Дар он лаҳзаҳо Александр 22-сола буд.
Таҳияи Умар АЛӢ


БАХТ БА РӮЙИ ҲАР КАС НАМЕХАНДАД
Чанд сол пеш дар иёлати Ҷорҷияи ИМА нафареро ба қатл маҳкум намуданд. Гунаҳкор, ки ба қарори баровардаи суд розӣ набуд, ду - се соат пеш аз ҳукм ба худкушӣ даст зад. Вале ӯро зуд ба беморхона интиқол дода, аз дами марг халос намуданд. Аҷиб ин аст, ки баъди як ҳафтаи табобат маҳкумшударо ба мизи барқӣ шинонда, ҳукмро татбиқ карданд...

Тақдирро бинед, ки соли 2013 нафари дигар Билли Слэйгли 44 - сола, сокини иёлати Огайо, ки низ ба қатл маҳкум шуда буд, худро овехт. Ҳимоятгараш бо таассуф мегӯяд, ки набояд Билли ин корро мекард, чунки ҳукмаш дар арафаи бекор шудан буд.
Таҳияи Ф. АЛИШЕР


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад

Муаммокалима
Дар шумораи навбатии «ИНТЕЛЛЕКТ» ба муштариёни рӯзнома муаммокалимаҳо манзур мегарданд.  Аз ду ва зиёда калимаҳои пешниҳодшаванда вожаи нав тартиб диҳед.
Тарс+Шоха+Анор=
Пари+Нав+Сар+Тира=
Модар+Исён+Соат=
Бақар+Тоза+Пир=
Ёр+Рашкин+Кат+Об=
Даво+Тор+Кал=
Нард+Ваҳшӣ=
Зеҳн+Вом+Амон=
Кушода+Паҳн+Рад+Ин=
Пар+Зин+Имо+Нок=
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238 - 53 - 40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


ЭЪЛОН: «ВОЛИДОНИ ФУРӮШӢ...»
Дар яке аз рӯзномаҳои бонуфузи Токио эълони аҷибе нашр шуд: «Волидони фурӯшӣ: падар 68 - сола, модар 66 - сола. Арзишашон 900 йен»
Воқеан ҳам, барои шаҳрвандон чунин  эълон тааҷҷубовар буд. Бисёриҳо мегуфтанд: «Замоне фаро расидааст, ки падару модарро низ мефурӯшанд».
Тасодуфан ин эълони ҳайратовар ба оилаи ҷавоне, ки чанде пеш волидони хешро дар садамаи автомобилӣ аз даст дода буд, афтод. Ҷавонони ташнаи муҳаббати волидон ба хулоса омаданд, ки марду зани солхӯрдаро «бихаранд».
Ҳангоме ки ба суроғаи даркорӣ расиданд, ҳайрати онҳо дучанд афзуд: рӯ ба рӯи онҳо қасри боҳашамате меистод. Ҷавонон гумон карданд, суроғаро хато кардаанд. Вале ин тавр набуд.
Марди нуроние дарро кушода, бо табассум онҳоро ба дохил хонду мутмаинашон сохт, ки хато накардаанд. Ҳангоми ворид шудан ба хона онҳоро бо ҳамсараш шинос карду гуфт: «Чуноне ки мебинед, мо норасоие надорем. Ягона чизе, ки  намерасад фарзанд аст. Аз ин рӯ, эълон додем. Бо ин роҳ шояд фарзандони хуб  ёбему мероси худро ба онҳо гузорем». 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


НАСА ХОҲИШМАНДОНРО БАРОИ САЁҲАТ БА ОФТОБ ДАЪВАТ МЕКУНАД
НАСА тамоми хоҳишмандонро ба саёҳати аз ҳама тафсонтарини тобистони имсол даъват менамояд. Ҳар сокини Замин барои ҳамроҳ кардани номи ӯ дар микрочипе, ки дар девори киштии кайҳонии Parker Solar Probe ҷойгир мекунанд, метавонад онлайн-дархост ирсол намояд.
31 июн зонд ба тарафи Офтоб ҷиҳати гузариш аз атмосфераи он дар шароити экстремалии ҳарорат ва радиация равон мешавад. 
«Киштӣ ба минтақае парвоз мекунад, ки он ҷоро инсоният қаблан ҳеҷ гоҳ наомӯхта буд. Ин миссия ба суолҳое посух медиҳад, ки  олимон  тайи  шаш даҳсола ҷустуҷӯ доштанд», - гуфтааст Томас Зурбухен, ёрдамчии маъмурияти миссияи илмии қароргоҳ -бошгоҳи НАСА.
Киштии кайҳониро саёҳат ба атмосфераи офтобӣ дар масоҳати тақрибан 6,4 миллион километр интизор аст.
Барои анҷом додани ин тадқиқоти бесобиқа киштии кайҳонӣ ва дастгоҳҳо бо шити карбондори 11 сантиметра, ки бояд ба ҳарорати қариб 1370 °C  тоб орад, сохта шудааст. Зонд чунон тез ҳаракат мекунад, ки дар вақти наздикшавӣ ба Офтоб суръати он ба 691 870 км/с мерасад.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


МУРООТИ СТАЛИН
Сталин, ки аз тамошои консерти ҳукуматӣ ниҳоят болидарӯҳ буд, пас аз анҷоми он сарояндаи машҳур Козловскийро наздаш даъват мекунад.
- Ҳунарнамоиятон  хеле хуб, балки олиҷаноб буд, шахсан ба ман ниҳоят писанд омад. Агар хоҳишу дархосте дошта бошед, арз кунед,-  ҳунармандро васф карда мегӯяд доҳӣ.
- Ташаккур рафиқ Сталин. Бисёр мехоҳам ба хориҷа рафта каме дам гирам, вале иҷозат намедиҳанд…
-Чаро?
- Намедонам, шояд гумон мекунанд, ки ман рафта, дигар барнамегардам.
- Оё шумо воқеан барнамегардед?
- Не, албатта, рафиқ Сталин, ман қишлоқаки худро аз сад хориҷа боло медонам.
- Офарин, ин тавр бошад, ба деҳа рафта дам гиред.
Аз русӣ тарҷумаи
М. ОДИНАЕВА,
донишҷӯи соли аввали Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон


15 корномаи ҶБВ
Германро шикор карданд
Александр Герман (1915-1943), қумондони бригадаи 3-юми партизании Ленинград.
Зодаи Петроград, Александр Герман, аз рӯи баъзе санадҳо, аслан аз Германия, аз соли 1933 дар артиш хизмат мекард. Вақте ки ҷанг сар шуд, ба қисми разведка рафт. Дар ақибгоҳи душман кор мебурд. Ба дастаи партизанҳо сарвар буд, фашистон аз партизанҳо қади аҷал метарсиданд. Воҳимаашон зӯр буд, зеро чанд ҳазор афсару аскари немисро ба ҷаҳаннам фиристодаву садҳо қатора ва мошинҳои ҳарбии гитлерчиёнро тарконда буданд. 
Фашистҳо барои доштани Герман шикори ҳақиқиро роҳандозӣ карданд. Дар соли 1943 дар вилояти Псков бригадааш ба муҳосира афтод. Дар задухӯрди хунин қумондони шуҷоъ  ҳадафи тири аду шуд.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ


+ 100 КИЛОГРАММ БЕ ЧЕМПИОН
Аввалин маротиба дар таърихи дзюдо дар вазни + 100 килограмм ҷои якум насиби ҳеҷ кас нашуд.
Дар финали мусобиқаи Кулоҳбузурги Дюсселдорф - 2018 оид ба дзюдо дар вазни + 100 килограмм, ки миёни ду гӯштигири ҷопонӣ сурат гирифт, бо сабаби ҳар ду баробар се шидои гирифтан сазовори медали нуқра шуданду ҷои аввал холӣ монд.
Таҳияи Маҳмуд ҶӮРАЕВ


10 ҲАЙВОНИ ҒАЙРИОДӢ
40 кило вазни як паранда
Фероракос яке аз қадимтарин парандаи ваҳшӣ маҳсуб ёфта, тақрибан 2 миллион сол пеш ба сар бурдааст. Устухонҳои ин парандаи ғайриодӣ, ки бадҳайбаттаринҳо эътироф гардидааст, ҳамаро ба ҳайрат оварданд. Қади он 3 метр буда, андозаи косахонаи сараш 75 сантиметр ва вазнаш 40 килограммро ташкил медод. Минқораш чунон калону тез буд, ки дар нигоҳи аввал ба дами табар шабоҳат дошт.  Гарчанде фероракос мисли парандаҳои одӣ парида наметавонист, аммо чунон тездав буд,  ки суръати даваш ҳатто аз паланг ҳам зудтар буда, дар як соат 50 – 70 километрро тай мекард.
Олимон бар он ақидаанд, ки айни замон ин намуди паранда ба пуррагӣ нест нашуда, мутаносибан дар шакли хурд мавҷуд аст. 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


621 ҲАЗОР ДОЛЛАР АРЗИШИ ЯК РОЯЛ
Ширкати «Стейнвей» бо асбобҳои нодири мусиқиаш машҳур аст. Ба наздикӣ  ин ширкат супориши аҷибе гирифт. Он бояд роялеро, ки аз сангҳои қиматбаҳои сваровӣ хотамкорӣ шудааст, истеҳсол намояд. Иқтисодчиҳо ҳисоб карда баромаданд, ки нархи он 621 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Фармоишгари рояли ғайриодӣ як сокини Қатар мебошад, ки номаш махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Роял таҳти роҳбарии рассоми машҳур Лорен Бейкер ба таври дастӣ ва дар муддати шаш моҳ хотамкорӣ хоҳад шуд.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ. ОНҲО ҲАМ  ТАЪРИХИ ХУДРО ДОРАНД
2000 сол муқаддам дар Рими Қадим аввалин кӯшишҳои ба тартиб даровардани ҳаракат дар кӯчаҳои шаҳрро амалӣ намуданд. Бо фармони махсуси Юлий Сезар дар аксари кӯчаҳо ҳаракати яктарафа муқаррар шуд. Аҷибаш ин, ки рӯзона ҳаракати аробаҳои хусусӣ ва дучарха манъ буд. Мусофирони аз гирду атрофи шаҳр ва деҳот омада уҳдадор буданд, ки «нақлиёт»-и худро берун монда, дар кӯчаҳои Рим пойи пиёда ҳаракат кунанд. Дар шаҳр хадамоти махсусе низ ташкил шуд, ки риояи тартиботи мазкурро назорат менамуд. Аъёну ашроф бошанд, дар шаҳр бе ҳеҷ монеа мегаштанд. Пешопеши онҳо бодпоҳое медавиданд, ки барои пеш рафтани хоҷаҳояшон роҳро «тоза» мекарданд.
Аввалин «фойтунҳои худрав» 200 сол қабл пайдо шуданд. Дар кӯчаҳои шаҳрҳои калони Англия низ пешопеши автомобилҳо як нафар бо ҳуштак ва чароғи сурх метохту аспу фойтунсаворони аз тарафи муқобил омадаро огоҳ мекард. Вале сол ба сол шумораи автомобилҳо меафзуду суръати ҳаракат дар роҳ баланд мешуд. Дар Лондон маҷбур шуданд, ки қоидаҳои ҳаракатро ба низом дароранд. Барои осон кардани кор дар майдони назди Парламент семофоре бо диски рангаш сурх гузошта шуд. Бо фаро расидани торикӣ чароғи газии даврзанандаро фурӯзон мекарданд, ки он рангҳои сурх ва сабзро ишора мекард.
Аввалин  қоидаҳои мукаммали ҳаракат дар роҳ барои ронандагони автомобилҳо дар Фаронса пайдо шуд. Ба зудӣ он аз ҷониби дигар кишварҳо қабул ва ба қоидаи ягона табдил ёфт.
Таҳияи Наврӯз ИСОЕВ, шаҳри Ҳисор


ФАКТҲОИ МАРОҚАНГЕЗИ ВАРЗИШӢ
Гарчанде бозии шоҳмот аз ҷумлаи намуди на он қадар тамошобоби варзиш бошад ҳам, вале дар он фактҳои ҷолибу хонданӣ дида мешаванд. Партияи тӯлонитарини бозии шоҳмот 20 соату 15 дақиқа идома ва мусовӣ анҷом ёфтааст.
Дар Ҳиндустони Қадим ангушти шоҳмотбозӣ бохтаро мебуриданд. Дар баъзе партияҳо ҳангоми бозӣ чашмони шоҳмотбозонро мебастанд ва онҳо кӯр-кӯрона муҳра меронданд.
Аз ҳама намуди дӯстдоштатарин ва маъруфи варзиш – футбол аст. Дастае дар Русия бо номи «Амкар» мавҷуд аст, ки он иборат аст аз ду маводи кимиёӣ – аммиак ва карбамид.
Футболбоз А. Эскобар (Колумбия) баъд аз он ки ба дарвозаи худ автогол зад ва дастаи мунтахаби кишварашро аз идомаи бозиҳо дар Чемпионати ҷаҳон маҳрум сохт, кушта шуд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


АНГУШТАРИНИ НОДИР
Ин ангуштарин дар намоишгоҳи «Sahara Centre» - и Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб ба тамошо гузошта шуд.
Он аз тиллои 21 карата ташкил ёфта, исми «Najmat Taiba» - ро ба худ гирифтааст. Ангуштарин қариб 64 килограмм вазн дорад.  5,1 килограмми онро сангҳои қиматбаҳо ва бриллиантҳо ташкил медиҳанд. Дар он, инчунин 615 кристалли «Swarovski» истифода шудааст.
Соҳибаш барои омода намудани ангуштарӣ 547 ҳазор доллар сарф кард.  Соли 2000 – ум як унсияи тилло 250 доллар арзиш дошт. Аз он вақт то имрӯз нархи тилло қариб 6 баробар баланд шуда, ҳозир он 1497,5 доллар фурӯхта мешавад.  Маълум мешавад, ки ангуштарини мазкур ҳоло тақрибан 3 миллион доллар нарх дорад.
Барои офаридани ангуштарини мазкур  55 мутахассиси  ширкати «Taiba» - и Дубай давоми 45 рӯз 10 соатӣ меҳнат кардаанд.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


8 РОҲИ ОҲАНИ ХАТАРНОК
Роҳи оҳан яке аз маъмултарин ва дар навбати худ дастрастарин намудҳои нақлиёт ба ҳисоб меравад. Дар баъзе кишварҳо роҳҳои оҳан дар мавзеъҳои хатарнок бунёд ёфтаанд, ки сафар кардан тариқи онҳо шахсро ба ҳаяҷон меоварад. Зери рубрикаи навбатӣ тасмим гирифтем, ба муштариён дар бораи ҳашт роҳи хавфноктарини олам маълумот диҳем.  

Дарҷилинг
Ин роҳи оҳан солҳои 1879-1881 аз ҷониби бритониҳо бунёд ёфта, қаторкӯҳҳои Ҳимолойро  убур  менамояд. Нуқтаи  пасттарини  он 100 ва баландтаринаш 2200 метрро аз сатҳи баҳр ташкил медиҳад. Роҳ на танҳо барои омадурафти мусофирон, балки ҳамчун хатсайри туристӣ низ истифода мешавад. Ҳангоми сафар дӯстдорони табиат метавонанд аз манзараҳои зебои Ҳиндустон баҳра баранд. Бо вуҷуди ин, роҳ хеле хатарнок буда, борҳо ҳаракати қатораҳо бо сабаби заминҷунбӣ, фаромадани ярч ва ё дигар офати табиӣ мавқуф гузошта шудааст.
Боиси тазаккур аст, ки роҳи оҳани Дардҷилинг соли 1999 аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси ҷаҳонӣ  эътироф гардид.
Таҳияи Комрон САФАР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2018    №: 79    Мутолиа карданд: 312

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед