logo

иҷтимоиёт

НОМУСИ ШОГИРДОНА

Мардони бо ору номус ва саховатманди ноҳияи Фархор бо дарки он, ки ободии Ватан аз ободии деҳа, кӯчаву маҳаллаашон оғоз мегардад, ҳамеша талош менамоянд камбудиҳоеро, ки садди пешравӣ  мегардад, дар якҷоягӣ бартараф созанд.  
Онҳо ин дафъа тасмим гирифтаанд муассисаҳои таълимиеро, ки ба таъмир ниёз доранд, навсозӣ намоянд. То имрӯз бо кумаки мардони боғайрат муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 16 бо маблағи беш аз 540 ҳазор сомонӣ, № 14, ки дар ҳолати садамавӣ қарор  дошт, бо маблағи беш аз 90 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Акнун хурсандии хонандагони ин муассисаҳои таълимиро ҳадду канор нест. Зеро дар баробари таъмир шудану намои зебо касб намудан, синфхонаҳои мактабашон бо навтарин таҷҳизоти замонавӣ ва дигар аёниятҳои таълимӣ таъмин гардиданд.
- Нафароне, ки дар ободонии ин мактабҳо саҳм гузоштанд, худ хатмкардагони ҳамин муассисаҳо ҳастанд, ки ҳоло қисме  дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва қисме ҳамчун соҳибкор фаъолият доранд. Ин охири кор нест. То охири сол нақша дорем намои бештари муассисаҳои таълимиро зебо ва онҳоро бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин созем, - мегӯяд Ғазалшо Сафарзода, мудири шуъбаи маорифи  ноҳия.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии дигаре, ки дар ин муддат бо дастгирии собиқ хатмкунандагон аз таъмир бароварда шуд, мактаби № 17 мебошад. Файзалӣ Қаландаров, директори мактаби мазкур, зимни суҳбат бо мо гуфт, ки «Барои анҷоми ин кор 53 нафар хатмкарда, аз ҷумла Акбаршо Аҳмадов, Элмурод Наҷмиддинов, Файзуло Бегов, Муҳаммадшо Гулов, Абдухалил Ғафуров беш аз 800  ҳазор сомонӣ масраф намуданд. Акнун мактаб намои зебо гирифт, атрофаш панҷарабандӣ шуд. Толори варзишии хонандагон дар баробари таъмир бо лавозимоти зарурӣ таъмин гардид. Ба ҷойи мизу курсиҳои шикаста наваш ворид шуд».
Мавриди зикр аст, ки қаблан бо ибтикори соҳибкори ватанӣ  Диловар Муҳиддинов, дар назди  муассисаи таълимии № 6 барои  340 нафар хонанда бинои 3 ошёнаи замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 38 - и  Ҷамоати деҳоти Ғайрат аз ҳамин ҳисоб 19 синфхона ва 1 китобхона мавриди истифода қарор гирифт. Бо ташаббуси соҳибкор Абдуғаффор Давлатов дар Ҷамоати деҳоти Ватан бинои  литсейи      № 2  ба фаъолият оғоз кард.
Умуман, давоми чанд соли охир дар назди 28 муассисаи таълимии ноҳия бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ синфхонаҳои иловагӣ сохта, барои беш аз 5 ҳазор хонанда ҷойи нишаст муҳаё гардид. Дар натиҷа, ба гуфтаи Ғазалшо Сафарзода мушкили норасоии ҷойи нишаст  қариб ҳалли пурраи худро ёфт.
Айни замон бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ  Хуршед  Нозимов сохтмони муассисаи таълимии № 2, ки барои 1640 хонанда пешбинӣ шудааст, дар арафаи анҷомёбист.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2018    №: 79    Мутолиа карданд: 269

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед