logo

фарҳанг

ДАР МАНЗАРИ ДИДГОҲИ БУЗУРГОН

«Осорхонаи ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакиро мебояд ба яке аз марказҳои фарҳангии миллати тоҷик табдил дод. Ба аҳли кормандони осорхона суботкорӣ, иродаи қавӣ, қадамҳои устувор ва зафарҳои беназирро баҳри ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани таъриху фарҳанги тоҷик орзу менамоям».
Эмомалӣ РАҲМОН
Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихиву кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент тӯли 60 сол аст, ки дари худро ба истиқболи фарҳехтагони таъриху фарҳанги шукӯҳманди ниёгон боз карда, ҳамчун даргоҳи поку муқаддас зиёратгоҳи ҳазорон тамошогарони ватаниву хориҷӣ гаштааст.

Дар ин муддат теъдоди зиёди донишомӯзону донишҷӯён, кишоварзону коргарон, зиёиёну сиёсатмадорон, шоирону нависандагон, ҳунармандону овозхонон, олимону муҳаққиқони бумиву бурунмарзӣ аз осорхона боздид карда, дар «Дафтари мулоҳизоти тамошогарон» афкор ва таассуроти самимии худро перомуни он ашёи таърихие, ки дар ҳашт толори осорхона ба маъраз гузошта шудаанд, сабт намудаанд. Вақте мо мулоҳизоти боздидкунандагонро мутолиа мекунем, дармеёбем, ки эшон аз тамошои осори таърихиву мадании халқи тоҷик ба ваҷд омада, онро ба бузургиву беҳамтоӣ, азамату гаронбаҳоӣ сутудаанд. Ҳар саҳифаи дафтар саршор аз шавқу завқ, ваҷду илҳом, эҳсоси ифтихор ва хотираҳои тозаву мубаррое аст, ки аз онҳо ба наслҳои пасин ба ёдгор мондааст.
Аз миёни боздидкунандагони олиқадри осорхона аз аввалин рӯзи ифтитоҳ то ба ҳоли ҳозир метавон аз шахсиятҳои барӯманди ҷаҳонӣ ва ватанӣ, ба мисли Вера Инбер, Константин Симонов, Расул Ҳамзатов, Саид Нафисӣ, Чингиз Айтматов, Парвиз Нотили Хонларӣ, Абдулҳусайни Зарринкӯб, Пондтиё Кашмирии Ҳиндӣ, Тадеуш Ясинский, Тодор Костадинов, Алӣ Акбари Вилоятӣ, Роберт Лонге, Мирзо Турсунзода, Сергей Бородин, Ҳамид Ғулом, Ричард Фрай, Маҷиди Яктоӣ, Силсилабону Лоҳутӣ, С. Шулс, Хилучи, Р. Ҳолтҳоер, Ғуломсарвари Ношир, Казис Умбранунас, Л. Сигал, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Расул Ҳодизода, Аълохон Афсаҳзод, Муҳаммад Осимӣ, Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ, Убайд Раҷаб, Гулназар Келдӣ, Аскар Ҳаким, Камол Насрулло, Низом Қосим, Гулрухсор, Зулфия Атоӣ, Ибод Файзуллоҳ, Фарзонаи Хуҷандӣ, Ҷӯрабек Муродов, Раҳмат Назрӣ, чандин сафирони давлатҳои хориҷӣ ва дигарон ёдовар шуд, ки аз хомаи мубораки онон дар «Дафтари мулоҳизоти тамошогарон» суханони неку таҳсинҳои бепоён таровиш ёфтаанд:

Мо рӯзҳоеро, ки дар Тоҷикистон ба истиқболи Ҷашни 1100 - солагии шоир ва мутафаккири халқи тоҷик (Рӯдакӣ) гузарондем, ҳеч гоҳ фаромӯш нахоҳем кард. Ба ин ҷашнвораи байналмилалӣ маросими ифтитоҳи Осорхонаи таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳусни анҷом бахшид.
Вера Инбер, узви вобастаи Академияи илмҳои ИҶШС, профессор, 18.10.1958
* * *
Мо бо эҳсоси баланди хушнудӣ ва сарфарозии бузург рӯзҳоеро, ки дар Ватани бузургтарин фарзанди Тоҷикистон ва қофиласолори назми форсу тоҷик гузарондем, ёд хоҳем кард.
Бигзор, аз решаҳои куҳансоли забони Рӯдакӣ навдаҳои тару тоза сероб гарданд…
Расул Ҳамзатов, нависанда,
Ҳамзатова, адабиётшинос,
18.10.1958

* * *
Ман ба бисёр мамлакатҳои дунё сафар карда, осорхонаҳои зиёдеро тамошо кардам. Вале кам дидаам, ки халқи дигаре монанди тоҷикон чунин санъати нафис дошта бошад. Ҳар як ашёи осорхона аз замонҳои қадим то ба имрӯз аз тамаддуни шукӯҳманди тоҷикон шаҳодат медиҳад. Боздид аз осорхонаи Рӯдакӣ ба мо дар бораи таҳаввули иҷтимоии инсон аз оғози асрҳои санг ва биринҷӣ маълумоти возеҳу рӯшан дод.
Роберт Лонге- абераи Карл Маркс,
Кристина Лонге - ҳамсараш, 1966
* * *
Аз Литва ба зиёрати ин осорхонаи дилкаш омадам ва мафтуни тамаддуни бузурги ниёгони шумо гаштам. Офарин бар мардуме, ки Рӯдакиро зодааст, чун шеър ва ҳунари ӯ дар Литва низ машҳур аст.
Казис Умбранунас,
рӯзноманигор аз шаҳри Вилнюс
* * *
Ба ҷиҳати намоиши ҳамаҷонибаи осори кишваршиносӣ аз шумо сипосгузорем. Маводи намоиши осорхонавӣ бебаҳо аст, зеро он метавонад ҳамчун бозёфти нодир осорхонаи марказии ҳар пойтахтеро зиннат диҳад.
Иштирокдорони конфронси байналмилалии ЮНЕСКО оид ба таърих, бостоншиносӣ ва маданияти давраи Кӯшониён, академики фаронсавӣ - Гришман ва олими маҷорӣ, осорхонашинос - Т. Тот, соли 1969
* * *
Дар ин фасли тирамоҳи заррин аввалин боздид аз шаҳри зебои Панҷакент дар дили ман асари фаромӯшнашуданӣ гузошт. Офарин ба халқе, ки истеъдод ва қувваи фикрии худро фидокорона ба кор бурда, ин ҳама осори қадимаро аз хоби ҳазорсолаи зери хокӣ бедор намуданд ва онҳоро ба ганҷинаи санъат ва илми халқҳои мо дароварданд.
Бо умеди нав, Бону Лоҳутӣ, 02.11.1970
* * *
Боздиди имрӯзаам аз осорхона шумо тавассути тавзеҳоти бисёр равшан дониши маро дар бораи Рӯдакӣ хеле васеъ кард. Ҳамчунин, банда дар бораи маданияти чандинсолаи тоҷик огоҳии бештаре ёфтам.
Тадеуш Ясинский,
нависандаи лаҳистонӣ, 1987

Саиди ЮНУСИЁН,
корманди илмии осорхона


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2018    №: 79    Мутолиа карданд: 203

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед