logo

сиёсат

МУАММО ДАР ХУДИ ҲНИТ АСТ, НА ДИГАРОН!

Фаъолияти ҳар як ташкилоту ҳизби сиёсӣ, новобаста аз самти фаъолият, бояд ба нафъи давлату миллат равона гашта бошад. Намояндагони аҳзоби сиёсӣ шахсоне бояд бошанд, ки мардум нисбат ба онҳо эътимод дошта, ҳамчун шахси баобру ва ҳимоятгари манфиату ҳуқуқҳои хеш вакил интихоб намояд. Мутаассифона, на ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони онҳо ба нафъи Ватану миллат содиқона ва софдилона хизмат мекунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ озодӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандонро кафолат дод. Вале ин озодиро гурӯҳҳои алоҳида ба таври худ қабул карданд. На ҳама ба қадри ин озодӣ ва тинҷиву амонӣ расид. Тоҷикистон ягона давлати пасошӯравиест, ки  дар қаламрави он ба ҳизби исломӣ - Ҳизби наҳзати исломӣ иҷозати озодона фаъолият кардан дода шуда буд. Ин ҳизб аз солҳои аввали таъсисёбӣ фаъолияти худро танҳо ба хотири ноором гардондани авзои сиёсии ҷомеа равона сохта, ин самти фаъолияташро то имрӯз дигар накардааст. Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Ҳукумати мамлакат шароит фароҳам овард, то роҳбарияти ҳизб иштибоҳи таърихии хешро ислоҳ намуда, баҳри пешрафту шукуфоии Ватани азиз кору фаъолият намоянд. Мутаассифона, онҳо ношукрӣ карда, амалҳои иғвогаронаи худро идома доданд ва имрӯз низ давом дода истодаанд.
Сокинони мамлакат тавассути шабакаҳои телевизионӣ амалҳои ғайриинсонии аъзои ҲНИТ-ро бо чашми сар диданд. Шояд баъзеҳо фикр кунанд, ки ин ҳама барои бадном намудани ҲНИТ роҳандозӣ мешавад. Баръакс, он наворҳое, ки пахш гардиданд, маҳз бо хоҳиш ва талаби мардуми аз дасти аъзои ин ҳизб ҷабрдида пешкаши тамошобин гардидаанд. Агар мақсади роҳбарияти ҲНИТ таҳкими сулҳу субот ва тарбияи дурусти ҷавонон бошад, пас чаро баъд аз намоиши ин наворҳо аъзои гунаҳгори худро даъват карда ҷазо надоданд ва ё аз узвияти ҳизб хориҷ нанамуданд?
Ҳангоми таҳлили таърихи фаъолияти ҲНИТ мушаххас мегардад, ки ҳизби номбурда чандин марҳалаҳои на чандон дури таърихиро паси сар кардааст. Ба гуфтаи худи сарваронаш, замоне ки ҳизбашон таъсис ёфт, ҳанӯз ҳукумати шӯравӣ салтанат дошт. Сарварони ин ҳизб дар ёддоштҳои худ навиштаанд, ки «онҳо тариқи пинҳонӣ фаъолият мекарданд». Замоне ки ҲНИТ ба фаъолият шурӯъ намуд, дар Тоҷикистон, ҳамчун яке аз ҷумҳуриҳои шӯравӣ, арзишҳои динӣ маҳдуд буданд. Барои мисол, нашри адабиёти динӣ маҳдуд, дари масҷид ва мазорҳо баста, рафтан ба ҳаҷ мамнӯъ буд. Бинобар ин, аксарият инсонҳои соҳибфарҳангу равшанфикр роҳи аз ин мушкилот берун рафтанро дар озодии дину мазҳаб медиданд. Бештари фарҳангиёну тараққихоҳони миллӣ озодии миллату давлатро дар эҳёи арзишҳои динии исломӣ медиданд.
Бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби Қуръон ба забони тоҷикӣ бо теъдоди сад ҳазор нусха нашр  гардид, соли 2009-ум 1310 - солагии Имоми Аъзам Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит ҷашн гирифта, шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии кишварҳои исломӣ эълон шуд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ садҳо ҳазор шаҳрвандони мамлакат маносики Ҳаҷро ба ҷо оварда, ҳоҷӣ шуданд ва имрӯз ҳам рафтан ба шаҳрҳои Макка, Мадина ва дигар ҷойҳои муқаддаси мусалмонон ягон мушкилӣ надорад.
Дар баробари ба даст омадани истиқлолият муносибат ба дин ва арзишҳои динӣ ба куллӣ дигар шуд. Ҳукумати ҷумҳурӣ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз ҳама барои қонеъ гардондани талаботи динии шаҳрвандон фаъолият кард. Дари ҳазорон масҷид кушода ва мазору ҷойҳои муқаддас ободу эҳё, адабиёти динӣ фаровон нашр шуданд. Аз ин рӯ, вуҷуд доштани ҳизбе, ки гӯё ба хотири манфиатҳои динии шаҳрвандони Тоҷикистон мубориза мебарад, умуман зарурат надорад. Агар воқеаҳо ва хатарҳои муосири минтақа ва ҷаҳонро ба назар гирем, вуҷуд доштани ҳизби дорои характери динӣ дар замони авҷ гирифтани ифротгароиҳои динӣ - таассубӣ воқеан, ҳам барои Тоҷикистон ва барои минтақа хатари ҷиддӣ дорад, зеро барои гурӯҳҳои пасипардагие, ки мехоҳанд манфиатҳои геополитикии хоҷагони хориҷии худро амалӣ кунанд, беҳтарин ниҳоди расмӣ ҳамин ҳизбҳои сиёсӣ - исломианд. Ҳизбҳои динӣ бошанд, аз эҳсосот ва боварҳову эътиқодоти динии мардум хеле хуб суистифода карда, ононро ба роҳгумӣ мекашанд. Онҳо тавассути ҳизбҳои сиёсӣ - исломӣ инфрасохторҳои мавҷудаи давлатиро барҳам медиҳанд ва ҳар ҳадафу манфиате, ки доранд, барои барҳам додани амнияти минтақа ва давлатҳо бо истифода аз ҳамин созмону ҳаракатҳои сиёсӣ амалӣ мегардонанд. Аз тарафи дигар, кирдору амалҳои хиёнаткоронаи содиркардаи Ҳоҷӣ Ҳалим бори дигар собит сохт, ки намояндагони собиқи ИНОТ ва аъзои ҲНИТ кинаву адоват ва ғаразу хусуматҳои пешинаро ҳанӯз ҳам аз қалб нарондаанд ва аз кирдору амалҳои пешинаашон даст кашиданӣ нестанд.
Бояд тазаккур дод, ки  ҲНИТ чанд сол пеш дар фазои озоди кишвар фаъолияти густурда дошт, вале сарваронаш аз ин имконоти мавҷуда  истифода намуда, таври пинҳонӣ амалҳои ҷиноятии худро пеш мебурдаанд. Ҳодисаҳои чанд вақти охир нишон доданд, ки намояндагони ҲНИТ мехоҳанд, воқеаҳои даҳшатбори солҳои 90-уми асри гузаштаро такрор намоянд. Ин кирдори ноҷавонмардонаи роҳбарияти ҳизбро дида, шаҳрвандоне, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ба ҳизби номбаршуда  бовар доштанд, бо хоҳиши худ аз аъзогии он даст кашиданд. Маҳз иштибоҳи худи роҳбарияти ҳизб сабаб шуд, ки пеш аз қатъи фаъолияти ғайриқонунии ҳизб аз ҷониби сохторҳои дахлдор дар манотиқи алоҳидаи ҷумҳурӣ ин ҳизб худ аз худ  аз фаъолият бозмонад. Шаҳрвандони кишвар пайи ҳам аз узвияти худ дар ин ҳизб даст мекашиданд ва дигар ба роҳбарияти ҲНИТ бовар надоштанд.
ҲНИТ баста шуд ва бояд гуфт, ки ин амал ба тақдири он афроде, ки аъзои ҳизб буданд, мисли дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳеҷ хатаре таҳдид наменамояд, зеро онҳо ҳам як ҷузъи ҷомеаи шаҳрвандии мо буда, дар қатори дигар сокинони кишвар метавонанд орому осуда пайи зиндагии хеш бошанд. Чунки аъзои одии собиқи ҲНИТ ҳеҷ ҷинояте содир накардаанд ва ҳеҷ амали зидди конститутсиониеро анҷом надодаанд. Мутобиқи қонунгузории кишвари ҳуқуқбунёди мо озодии дину эътиқод ва андеша барои тамоми шаҳрвандон таъмин аст ва касе ин ҳуқуқҳои онҳоро поймол карданӣ нест.
С. МАМАДОВ, устоди ДДҲБСТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2018    №: 79    Мутолиа карданд: 545
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед