logo

фарҳанг

УСТОД АЙНӢ ВА БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Бобоҷон Ғафуров аз толеъбаландонест, ки аз айёми тифлӣ ахтари саъд ба сараш нурафшон будааст. Вай чун ба дунё омад, дар оғӯши пурмеҳри модари бомаърифату хирадманд ва шоираву суханшиносаш Розия Озод ба воя расид. Он шамъи донишу хирад, ки бо мадади модар дар дили кӯчакаш нурафшон гашта буд, ҳаргиз хомӯш нагашт ва тамоми умр фурӯзон боқӣ монд. Азму иродаи қавӣ ва муҳаббат ба илму дониш буд, ки сокинони Тоҷикистон ӯро дар айёми ҷавониаш чун ходими барҷастаи давлатӣ ва олими номдор эътироф карданд ва дӯст доштанд. Ӯ дар 37 - солагӣ роҳбарии мақоми аввали ҷумҳуриро бар дӯш гирифт ва солҳои зиёд тамоми ҳастиашро ба ободониву шукуфоии Тоҷикистон бахшид. Корҳои ҷамъиятию давлатӣ ва илмиро тавъам пеш мебурд ва ба комёбиҳо сазовор мегашт.


Суннатгароӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги ниёгон Бобоҷон Ғафуровро маҳбуби мардум гардонд ва ӯро мавриди таваҷҷуҳ ва эҳтироми устод Айнӣ қарор дод. Устод Айнӣ эътимоди комил дошт, ки Бобоҷон Ғафуров бо дониши баланд, бо созмондиҳии хирадмандона ва бо истифода аз мақоми баланди хеш дар шинохти таърихии тоҷикон корҳои бузургеро анҷом дода метавонад. Ва ҳидоятҳои падаронааш ӯро дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик беш аз пеш рӯҳбаланду шавқманд менамуд ва зина ба зина қуллаҳои нави илмро фатҳ мекард. Дар 32 -  солагӣ рисолаи номзадӣ дифоъ намуд, дар 42 - солагӣ академики Академияи улуми Тоҷикистон интихоб шуд, дар 43 - солагӣ сазовори унвони доктори илми таърих гардид. 38 сол дошт, ки асари калонҳаҷмаш «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» ба табъ расид ва он сароғози омӯзиши амиқи таърихи тоҷикон гардид. Муаллиф чун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ аввалин нусхаи онро бо нахустин соядаст ба устод Айнӣ тақдим намуд, ки дар он чунин омада: «Ба хубтарин донишманди адабиёт ва таърихи тоҷикон – муаллим ва адиб Садриддин Айнӣ. Ин китоб дар соҳаи таърихи тоҷикон якумин ташаббус аст. Аввалин касе, ки ба навиштани таърихи адабиёт ва таърихи тоҷик сар кардааст. Шумо ҳастед. Аз ин сабаб, бо эҳтироми зиёд ин китобро тақдим мекунам. Бо салом, Ғафуров». 2.05.1947.
Устод Айнӣ аз нашри асари Бобоҷон Ғафуров хеле шод гашт ва соли 1948 ба он тақризи муфассал навишт.
Он аввал дар маҷаллаи «Шарқи Сурх» чоп ва баъдҳо дар ҳаҷми 30 саҳифа дар ҷилди даҳуми «Куллиёт» - и устод ҷой дода шуд. Эродҳои зиёди устод Айниро муаллиф бо мамнуният пазируфт ва дар нашрҳои минбаъда онҳо ислоҳ гардиданд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо пешниҳоди Бобоҷон Ғафуров устод Айнӣ ба кори бузурге иқдом намуд ва бо маҳорати олии суханварӣ ва таърихнигорӣ қаҳрамониҳои фарзандони тоҷикро аз қаъри таърих берун овард ва ҳамрадифи қаҳрамонони ҷанги зидди фашизм гардонд.
Ҳамин тариқ, соли 1944 ду шоҳасари устод: «Исёни Муқаннаъ» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ба дасти хонандагон расид. Инчунин, бо маслиҳати устод Айнӣ ва бо роҳнамоии Бобоҷон Ғафуров мусиқии классикии «Шашмақом» бо 252 оҳангу таронааш ба адвор (нота) гирифта шуд, ки он як корномаи фарҳангӣ маҳсуб мешавад.
Бобоҷон Ғафуров тамоми имконияти    дастрасро ба кор бурд, то устод Айнӣ дар баробари мақоми баланди адабӣ ба мартабаи баланди ҷамъиятӣ низ сазовор гардад. Ва, ҳамин буд, ки устод Айнӣ соли 1949 вакили халқ дар парлумони Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб мешавад ва худи ҳамон сол шӯрои илмии донишгоҳи Ленинград (ҳоло Санкт - Петербург) ӯро бо унвони ифтихории доктори улуми филологӣ сарфароз мегардонад.
Соли 1947 Бобоҷон Ғафуров ҳангоми мулоқот бо Сталин барои бо ордени Ленин мукофотонидани устод Айнӣ, ки пас аз соле 70 - сола мешуд, иҷозат мепурсад. Сталин бо қаноатмандӣ розӣ мешавад. Чун соли 1951 Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис ёфт, бо пешниҳоди Бобоҷон Ғафуров устод Айнӣ нахустин президенти он интихоб гардид. Ин иқдоми хирадмандона ва дурандешона ҳадафи дигаре ҳам дошт. Бобоҷон Ғафуров мехост, ки устодро дар Душанбе муқимӣ гардонад ва ӯ чун падари маънавии миллат дар ҳамин ҷо маъвои охираташро дарёбад.
Бобоҷон Ғафуров дар 47 - солагӣ сарвари Институти ховаршиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ таъйин гардид ва то охири умр ин вазифаро бар дӯш дошт. Аз Осиёи Марказӣ ӯ ягона шахсе буд, ки академики ин муассисаи олии илмӣ интихоб шуда буд. Бобоҷон Ғафуров дар он солҳо низ тарғибу таҳқиқи осори устод Айниро фаромӯш накард. Бо ҳидояти ӯ шарқшинос ва забоншиноси маъруф Анна Розенфелд «Ёддоштҳо» - и устод Айниро аз сари нав дар сатҳи баланди бадеӣ ва илмӣ ба забони русӣ тарҷума намуд ва он соли 1960 мунташир гардид.
Бобоҷон Ғафуров «Ёддоштҳо» - ро на танҳо асари адабӣ, балки ёдгории бузурги таърихӣ меҳисобид ва устод Айниро дар радифи Байҳақиву Наршахӣ, Мирхонду Носири Хусрав мегузошт.
Мегӯянд, ки Бобоҷон Ғафуров боре дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ҳузури устод Мирзо Турсунзода чунин арзи муддао кардааст: «Бо амри сарнавишт солҳои зиёдест, ки ман аз Тоҷикистон дур афтодаам. Оё маро дар охири умр дар як гӯшаи домони худ ҷой медода бошад?».
Тобистони соли 1977 бемории сахте пайкари устодро фаро гирифт ва ӯ бо хирадмандии азалӣ оқибати онро равшан дарк мекард. Вай табобатгоҳҳои дараҷаи аввалро сарфи назар намуда, ба Ватан омад ва дар бемористони Душанбе бистарӣ гашт. Мехост хумори чандсолаи дурӣ аз Ватан шикаста шавад ва дидори ёрону дӯстонро ба серӣ бубинад.
Ҳатто дар рӯзҳои сахти беморӣ аз нав ба ёди устод Айнӣ афтод. Камол Айнӣ нақл мекард, ки бо хоҳиши ӯ тасвири мақбараи устод Айниро дар рӯ ба рӯяш ҷой дода буданд. Азбаски табибон омадурафти аёдаткунандагонашро ниҳоят маҳдуд карда буданд, Бобоҷон Ғафуров дар танҳоӣ соатҳои дароз ба симои устод Айнӣ нигариста, ба андешаи амиқ фурӯ мерафт ва гӯё хаёлан бо ӯ суҳбат менамуд.
Бобоҷон Ғафуров 12 июли 1977 дар бемористон чашм аз олам пӯшид ва рӯзи 14 июл дар боғи устод Айнӣ, дар паҳлуи муаллим ва дӯсти беназираш ба хоби абад рафт.
Раҷабалӣ ҚУДРАТОВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2018    №: 79    Мутолиа карданд: 209

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед