logo

Хабарҳо

ДАНҒАРА. Кишти чигит ба анҷом расид

Пахтакорони ноҳияи Данғара дар ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда аз иҷрои дурнамои кишти чигит бо сарбаландӣ баромаданд. Онҳо аз рӯзҳои мусоиди офтобӣ самаранок истифода бурда, дар майдони 4 ҳазор гектар замин чигити навъҳои серҳосили «Ирам», «Тоҷикистон», «Чин», «Флеш» ва «Хатлон – 2014» коштанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 350 гектар зиёд мебошад.
Дар ҷамоатҳои деҳоти Исмат Шарифов, Корез, Оқсӯ, Лолазор ва Сангтӯда 281 хоҷагии пахтакор барои дар соли 2018 рӯёндани ҳосили фаровон аз ҳоло заминаи боэътимод гузошта истодаанд.
Бино ба иттилои сарагрономи идораи кишоварзии ноҳия Орзу Неъматов, пахтакорони ноҳия дар мавсими кишту кор аз 200 техникаи гуногуни кишоварзӣ ва 41 адад тухмипошак самаранок истифода бурда, рӯзе дар беш аз 200 гектар чигит коштанд.
Барои гирифтани ҳосили хуб кишоварзон аз усулҳои босамари агротехникӣ истифода мебаранд. Масалан, аз сабаби хеле хушк омадани зимистону баҳори имсола дар 5 ҳазор гектар заминҳои пахтакорию боғдорӣ яхоб монда шуд. Ин тадбир имкон дод, ки кишти чигит пеш аз муҳлат ба анҷом расад. Ҳоло барои сабзиши пурраи чигит ба 1100 гектар замин об монда шудааст.
Кишоварзон мақсад доранд, ки дар соли 2018 истеҳсоли ин ашёи хоми муҳими саноатиро ба 6 ҳазору 600 тонна расонанд.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 229

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед