Хабарҳо
Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Дмитрий Медведев
Дар шаҳри Москва мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Дмитрий Медведев баргузор шуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт ва амсоли инҳоро баррасӣ намуданд.
Ба масоили ҳамгироӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳамоҳангсозӣ ва таҳияи механизмҳои ба танзим даровардани равандҳои муҳоҷират таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҷонибҳо аҳамияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодиро дар таҳким ва тақвияти минбаъдаи муносибатҳои мутақобила таъкид доштанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 271