logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Ҳақбердӣ Муҳадбердиев. Ин ном ба кулли донишҷӯёне, ки фанни назарияи иқтисодро омӯхтаанд, на танҳо шинос, балки азиз аст.

Ӯро соли 1969, пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо тавсияи роҳбарияти донишгоҳ ба вазифаи ассистенти кафедраи «Иқтисоди сиёсӣ»   ба кор мегиранд.
Зери роҳбарии профессор Р. Юсуфбеков рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Андӯхти истеҳсолӣ ва роҳҳои афзунгардонии самаранокии он» соли 1987 бомуваффақият дифоъ намуд.
Дар ин даргоҳи илм зиёда аз 20 сол фаъолият намуда, ҳамчун олими сермаҳсул эътироф мегардад. Аз рӯзҳои аввали таъсиси Донишгоҳи технологии Тоҷикистон устодро ба ҳайси мудири кафедраи «Иқтисодиёт ва идора» ба кор даъват менамоянд. Соли 1994 аввал ба сифати ҳамкор ва минбаъд ба сифати дотсенти кафедраи назарияи иқтисоди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  фаъолияти худро оғоз менамояд. Соли 2001 бо ҳаммуаллифии профессор А. Эргашев қисми аввали китоби дарсии назарияи иқтисод бо номи «Микроиқтисод» (дар ҳаҷми 635 саҳифа) ва соли 2004 қисмати дувуми ин китоб бо номи курси назарияи иқтисод қисмати «Макроиқтисод» - ро (дар ҳаҷми 344 саҳифа) аз чоп мебарорад.
Устод Ҳақбердӣ Муҳадбердиев  дар ҳаммуаллифӣ бо устодони кафедра соли 2011 китоби дарсии «Назарияи иқтисод»- ро мутобиқ ба низоми кредитии таҳсилот пешкаши донишҷӯён гардонда,  соли 2013 бо ҳаммуаллифӣ китоби «Назарияи иқтисод»- ро ҳамчун васоити таълимии мусаввар таҳия намуданд.
Устод ҳамчун олими  меҳнатдӯст,  мушфиқ, ғамхор дар байни омӯзгорон ва донишҷӯён соҳиби ҳурмату эҳтироми беандоза мебошад.
Бобокалони ИСОМАТ,
профессор,
Умархон АБДУРАҲМОНОВ,
мудири кафедраи назарияи иқтисоди Донишгоҳи
давлатии тиҷорати Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2018    №: 80    Мутолиа карданд: 258

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед